Пайвандҳои дастрасӣ

"Наврӯз" дар қаҳрамонии футболи ҷаҳон шашум шуд


Дастаи "Наврӯз"-и ноҳияи Шаҳринав дар мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон оид ба футбол миёни бачаҳои ятим “Оянда аз ту вобаста аст”, ки дар шаҳри Маскави Русия баргузор шуд, мақоми шашумро касб намуд. Дар ин бора ба Радиои Озодӣ 18-уми май аз дафтари матбуоти Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар доданд.

Ба қавли ин манбаъ, дастаи “Наврӯз”, ки дар ин мусобиқа хонаи бачагони Шаҳринавро намояндагӣ кард, бар асоси қуръакашӣ дар гурӯҳи «D» рақобат намуд. Футболбозони навраси тоҷик дар нахустин бозиашон аз дастаи Непал бо ҳисоби 1:3 мағлуб шуданд.

Сипас онҳо бозиро ба дастаи Кения бо ҳисоби 0:1 бохтанд. Вале баъдан Кения аз мусобиқа хориҷ гардид, зеро ошкор шуд, ки дар ҳайати он наврасони синашон бузургтар бозӣ карданд. Бинобар ин, «Наврӯз» бар дастаи Кения ғолиб дониста шуд ва ба даври чорякфиналӣ роҳ ёфт. Вале наврасони тоҷик дар ин марҳила аз дастаи Покистон бо ҳисоби 0:2 шикаст хӯрданд.

Дар бозиҳои тасаллобахш дастаи Тоҷикистон аз рӯи силсилаи пеналтӣ бар тими Русия (6:5) ғолиб омад, вале баъдан бозиро ба дастаи Бразилия бо ҳисоби 0:1 бохт. Дар натиҷа “Наврӯз” дар мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон миёни бачаҳои ятим “Оянда аз ту вобаста аст” мақоми шашумро соҳиб гашт.

Ин мусобиқаро бунёди бритониёии «Street child United» якҷоя бо ширкати «МегаФон» ташкил намуд. «Бо вуҷуди он ки дастаи мо ба қатори ҷоизадорон дохил нашуд, дар байни шаш дастаи беҳтарин ҷойгир шудан ҳам барои мо натиҷаи хуб аст. Ман аз бозии бачаҳо қаноатмандам”, - гуфт мураббии дастаи “Наврӯз”-и Шаҳринав Ҳамза Пиров.

Ба гуфтаи ӯ ширкат дар ин мусобиқаи байналмилалӣ ба бачаҳои ятим имконият дод, ки бо ҳамсолонашон аз кишварҳои мухталифи ҷаҳон робита намуда, дӯстони нав пайдо кунанд.

Ин лоиҳа ҳамасола дар Тоҷикистон ба ятимони хонаҳои бачагон имкон медиҳад маҳорати худро нишон бидиҳанд ва дарк намоянд, ки дар ҳақиқат оянда аз худи онҳо вобаста аст.

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG