Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистон дар раддабандии нави FIFA ду зина поин рафт


Тоҷикистон дар рейтинг ё раддабандии Федератсиони байналмилалии футбол, ки имрӯз, 17-уми май, дар сомонаи расмии FIFA нашр шудааст, ду зина поён шуд ва дар байни 211 кишвар бо 266 имтиёз дар ҷойи 120-ум қарор гирифтааст.

Олмон дар феҳрасти нави FIFA мисли пешин бо 1544 имтиёз ҷойи аввалро касб намудааст. Бразилия бо 1384 имтиёз ҷойи дувум ва Белгия бо 1346 имтиёз ҷойи севумро ишғол кардаанд.

Тоҷикистон дар байни дастаҳои мунтахаби миллии Осиё, ки ба AFC (Конфедератсиони футболи Осиё) шомиланд, мақоми 23-юмро соҳиб шудааст. Дар Осиё Эрон дар мақоми аввал мебошад (дар ҷаҳон бо 727 имтиёз дар зинаи 36-ум). Австралия дар ҷойи дувум (дар ҷаҳон 40-ум, 700 имтиёз) ва Ҷопон дар ҷойи севум (дар ҷаҳон 60-ум, 528 имтиёз) қарор доранд.

Аз байни кишварҳои пасошӯравӣ зинаҳои баландро дар раддабандии FIFA Украина (30-юм), Русия (66-ум) ва Қирғизистон (75-ум) ба даст овардаанд. Тоҷикистон дар байни кишварҳои Шӯравии собиқ аз Озарбойҷон (126-ум), Туркманистон (128-ум), Литва (133-юм), Латвия (139-ум) ва Молдова (173-юм) пеш аст, вале дар миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ пас аз Қирғизистон (75-ум), Узбекистон (88-ум) ва Қазоқистон (117-ум) ҷойгир шудааст.

Ёдовар мешавем, дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон дар бозии даври охирини марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2019 дар гурӯҳи «F», ки 27-уми марти имсол дар Манила баргузор шуд, аз тими миллии Филиппин бо ҳисоби 1:2 шикаст хӯрд ва аз ҳаққи ширкат дар қисми ниҳоии мусобиқот, ки моҳи январи соли оянда дар Имороти Муттаҳидаи Араб барпо мегардад, маҳрум гашт. Сармураббии тими мунтахаби миллии Тоҷикистон Ҳаким Фузайлов баъди ин бохт аз вазифааш истеъфо дод.

Мақомоти Федератсиони футболи Тоҷикистон бохти тими миллиро мояи таассуф медонанд ва бар инанд, ки ин бохт як паёми ҷиддие барои тағйири ҳайати асосии дастаи мунтахаб ва кашфи бозигарони моҳир аз шумори футболбозони наврасу ҷавон аст.

Бояд тазаккур дод, феҳрасти FIFA аз соли 1993 ба ин сӯ тартиб дода, имтиёзҳо ба кишварҳо аз рӯи натоиҷи дастаи мунтахаби миллиашон дар давраи чаҳор сол дода мешавад. Натиҷаи беҳтарини мунтахаби Тоҷикистон дар тамоми таърихаш дар феҳрасти FIFA ҷойи 106-ум дар моҳи июни соли 2013 ва натиҷаи бадтаринаш ҷойи 180-ум дар соли 2003 мебошад.

XS
SM
MD
LG