Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бозгашти гуштигирони тоҷик аз Бейрут бо ҳафт медал


Паҳлавони тоҷик Ҷаҳонгир Маҷидов.
Паҳлавони тоҷик Ҷаҳонгир Маҷидов.

Варзишгарони тоҷик дар мусобиқаи қаҳрамонии Осиё оид ба ҷудо миёни наврасон ва ҷавонон, ки рӯзҳои 10-13-уми май дар пойтахти Лубнон - шаҳри Бейрут - баргузор шуд, ҳафт медал (се нишони нуқра ва чор нишони биринҷӣ) ба даст оварданд.

Гуштигирони тоҷик дар Бейрут нахуст дар мусобиқаи қаҳрамонии Осиё оид ба ҷудо миёни наврасон, ки бо ширкати наздики 180 варзишгар аз 20 кишвар барпо гардид, рақобат карданд. Ба ҳайати дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон нӯҳ варзишгар шомил буд, ки дар шаш вазн қувваозмоӣ намуданд. Аз байни онҳо чаҳор нафар бо як медали нуқра ва се медали биринҷӣ мукофотонида шуданд.

Медали нуқраро Сулаймони Ҷамшед дар вазни то 60 кило ба даст овард. Фарорун Мирзошоев дар вазни то 55 кило, Ғаниҷон Ғаниев дар вазни то 73 кило ва Эмомризо Қурбонов дар вазни то 90 кило бо медалҳои биринҷӣ сарфароз гаштанд.

Дар мусобиқаи наврасон дар ҳисоби умумидастаӣ мунтахаби Қазоқистон бо касби 15 медал (6 тилло, 5 нуқра ва 4 биринҷӣ) ғолиб шуд. Мунтахаби Кореяи Ҷанубӣ бо касби 13 медал (4-2-7) ҷойи дувум ва мунтахаби Узбекистон бо касби 12 медал (3-6-3) ҷойи севумро ишғол карданд. Дастаи Тоҷикистон бо касби 4 медал (1 нуқра ва 3 биринҷӣ) ҷойи ҳафтумро соҳибӣ намуд.

Сипас гуштигирони тоҷик дар мусобиқаи ҷавонон, ки бо иштироки ҳудуди 200 варзишгар аз 22 кишвар сурат гирифт, ширкат варзиданд. Тоҷикистонро дар рақобатҳо миёни ҷавонон 11 нафар (10 писару 1 духтар) намояндагӣ карда, дар се вазн ду медали нуқра ва як медали биринҷӣ гирифтанд.

Хайёмиддин Ҷабборов дар вазни то 73 кило, Ҷаҳонгир Маҷидов дар вазни то 81 кило медалҳои нуқра ва Давлаталӣ Назаралиев дар вазни то 55 кило медали биринҷӣ ба даст оварданд.

Дар мусобиқаи ҷавонон дар ҳисоби умумидастаӣ мунтахаби Узбекистон бо касби 12 медал (5 тилло, 2 нуқра ва 5 биринҷӣ) мақоми аввалро азони худ кард. Мунтахаби Кореяи Ҷанубӣ бо касби 10 медал (4-2-4) дар ҷойи дувум ва мунтахаби Қазоқистон бо касби 15 медал (3-6-6) дар ҷойи севум қарор гирифтанд. Дастаи Тоҷикистон бо касби 3 медал (2 нуқра ва 1 биринҷӣ) ҷойи ҳафтумро соҳиб шуд.

Ёдовар мешавем, варзишгарони тоҷик соли гузашта дар мусобиқаи қаҳрамонии ҷудои Осиё миёни наврасон ва ҷавонон дар пойтахти Қирғизистон – шаҳри Бишкек – ҳафт медал (се тилло, як нуқра ва се биринҷӣ) гирифта буданд.

Раҳматуллобек Фарҳодов дар рақобатҳо миёни ҷавонон дар вазни зери 81 кило бо медали тилло сарфароз гашт. Ду медали дигари тиллоро Разиаллоҳ Лоиқов дар вазни зери 66 кило ва Ҷаҳонгир Маҷидов дар вазни зери 81 кило дар рақобатҳо миёни наврасон ба даст оварданд.

Ба ин тартиб, гуштигирони ҷавони тоҷик дар мусобиқаи имсолаи қаҳрамонии Осиё низ ҳафт медал гирифтанд, вале онҳо ин дафъа аз мусобиқаи қитъавӣ бе медали тилло баргаштанд.

XS
SM
MD
LG