Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Муҳсин Муҳаммадиев: "Танҳо барои ғалаба бозӣ мекунем"


Бозии даври охирини мусобиқаи гурӯҳии Ҷоми AFC (Конфедератсияи футболи Осиё)-2018 миёни дастаҳои «Истиқлол»-и Тоҷикистон ва «Алтин Асир»-и Туркманистон рӯзи чоршанбе, 16-уми май, дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор соати 18:00 шуруъ мешавад. Ин бозиро довари ФИФА Умар Муборак Ал-Яъқубӣ аз Умон ҳакамӣ мекунад.

Пеш аз ин бозии ҳалкунанда, дар нишасти хабарӣ, ки имрӯз, 15-уми май, дар шаҳри Душанбе баргузор шуд, Муҳсин Муҳаммадиев, сармураббии «Истиқлол», гуфт, “дар даври дувум, вақте ки мо дар сафар бозиро бо «Алтин Асир» бо ҳисоби мусовӣ (2:2) анҷом додем, ман гуфтам, ки ҳама чиз дар даври охирин дар Душанбе ҳал мешавад. Ин пешгӯии ман рост баромад. Мо ба бозӣ бо «Алтин Асир» хеле омодагии ҷиддӣ дидем. Барои аз гурӯҳ баромадан як қадам мондааст, як қадами муҳим ва душвор. Мо тамоми кӯшишамонро барои аз гурӯҳ баромадан сафарбар мекунем.

Аз ҳама муҳим ин аст, ки пеш аз бозӣ бо «Алтин Асир» ҳамаи бачаҳо дар ҳолати омодабош қарор доранд ва ба рақобат бо хоҳиши зиёд тайёрӣ мебинанд. «Алтин Асир» ҳарифи анъанавии мост. Онҳо дастаи моро хуб медонанд, мо низ онҳоро хуб медонем. Ба он нигоҳ накарда ки моро мусовӣ қаноатманд мекунад, мо дар ин бора фикр ҳам намекунем. Танҳо барои ғалаба бозӣ мекунем.”

Дар нишасти хабарӣ Язгулӣ Хоҷагелдиев, сармураббии «Алтин Асир», изҳор намуд, ки дастааш дар бозӣ муқобили “Истиқлол” барои бохти порсола интиқом мегирад. Ӯ афзуд, “мо хушҳолем, ки шонси аз гурӯҳ баромаданро то даври охирин нигоҳ доштем/ Ба бозӣ муқобили “Истиқлол” ба таври муқаррарӣ омодагӣ мебинем. Дар бозии хонагӣ бо “Истиқлол”, ки моҳи март бо ҳисоби 2:2 хотима ёфт, бачаҳои мо таҷрибаи кофии бозӣ касб карданд. Ҳоло бачаҳо дар ҳолати хуб қарор доранд ва ба бозии вазнин муқобили “Истиқлол” омода мешаванд. Чунин меҳисобам, ки ҳарду даста ҳамдигарро хуб медонанд. Бозии фардоина ғолиби гурӯҳро муайян мекунад.”

Баъди натиҷагирии даври панҷуми мусобиқа дар ҷадвали гурӯҳи “D” дастаи “Истиқлол” бо 13 имтиёз дар ҷои аввал қарор дорад. “Алтин Асир” бо 11 имтиёз дар ҷои дувум мебошад. “Аҳал”-и Туркманистон бо 4 имтиёз дар ҷои севум аст. “Олой”-и Қирғизистон бидуни имтиёз дар зинаи охирин – чаҳорум – ҷойгир шудааст.

Бояд гуфт, ки барои роҳ ёфтан ба даври баъдии мусобиқа “Истиқлол”-ро дар бозии охирин бо қаҳрамони Туркманистон натиҷаи мусовӣ низ қаноатманд мекунад. Вале ба “Алтин Асир” барои аз гурӯҳ баромадан дар бозӣ муқобили қаҳрамони Тоҷикистон танҳо ғалаба зарур аст.

Марҳилаи гурӯҳии Ҷоми AFC-2018 дар минтақаи Марказӣ 16-уми май ба поён мерасад. Ба даври баъдии мусобиқа танҳо ғолиби гурӯҳ роҳ меёбад. Пас аз анҷоми марҳилаи гурӯҳӣ бозиҳои ниманиҳоӣ ва ниҳоии байниминтақавӣ баргузор мешаванд. Бозии ниҳоии Ҷоми AFC-2018 рӯзи 27-уми октябри имсол барпо мегардад.

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали гурӯҳи “D”

Ҷ

ДАСТАҲО

Б

Ғ

М

Б

Т

И

1

«Истиқлол» (Тоҷикистон)

5

4

1

0

8-4

13

2

«Алтин Асир» (Туркманистон)

5

3

2

0

14-5

11

3

«Аҳал» (Туркманистон)

5

1

1

3

5-3

4

4

«Олой» (Қирғизистон)

5

0

0

5

5-20

0

Бозиҳои боқимонда:

Даври 6-ум

16 май (чоршанбе)

«Истиқлол» (Тоҷикистон) – «Алтин Асир» (Туркманистон)

«Олой» (Қирғизистон) – «Аҳал» (Туркманистон)

XS
SM
MD
LG