Дастаи «Алтин Асир», қаҳрамони чаҳоркаратаи Туркманистон, барои бозии даври охирини марҳилаи гурӯҳии Ҷоми AFC (Конфедератсияи футболи Осиё)-2018 муқобили тими “Истиқлол”, қаҳрамони шашкаратаи Тоҷикистон, рӯзи 14-уми май ба Душанбе омад.
Ба ҳайати “Алтин Асир” таҳти раҳбарии сармураббӣ Язгулӣ Хоҷагелдиев дар бозӣ муқобили “Истиқлол” 18 футболбоз дохил аст:
Дарвозабонҳо – Маммет Оразмуҳаммедов, Нургелдӣ Остонов.
Ҳимоятгарон – Сардор Аннаоразов, Зафар Бобоҷонов, Оқмурод Ҷумъаназаров, Қурбонгелдӣ Ботиров, Сердал Гелдиев, Мекан Ашуров.
Нимҳимоятгарон – Шуҳрат Суюнов, Умедҷон Остонов, Фурқат Турсунов, Бекмурод Боев, Расул Хоҷаев, Аннасаҳет Аннасаҳедов.
Ҳамлагарон – Мурод Яхшиев, Олтинмурод Аннадурдиев, Салим Нурмуродов, Михаил Титов.
Баъди ба Душанбе расидан аввалин тамрини футболбозони туркман шоми душанбеи 14-уми май дар майдони эҳтиётии Варзишгоҳи марказии пойтахти Тоҷикистон доир шуд. Бегоҳи имрӯз, 15-уми май, меҳмонон дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор тамрин мекунанд.
Бозии даври шашуми мусобиқаи гурӯҳии Ҷоми AFC-2018 миёни дастаҳои «Истиқлол» (Тоҷикистон) - «Алтин Асир» (Туркманистон) рӯзи чоршанбе, 16-уми май, дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор соати 18:00 шуруъ мешавад. Ин бозиро довари ФИФА Умар Муборак Ал-Яъқубӣ аз Умон ҳакамӣ мекунад.
Баъди натиҷагирии даври панҷуми мусобиқа дар ҷадвали гурӯҳи “D” дастаи “Истиқлол”-и Тоҷикистон бо 13 имтиёз дар ҷои аввал қарор дорад. “Алтин Асир”-и Туркманистон бо 11 имтиёз дар ҷои дувум мебошад. “Аҳал”-и Туркманистон бо 4 имтиёз дар ҷои севум аст. “Олой”-и Қирғизистон бидуни имтиёз дар зинаи охирин – чаҳорум – ҷойгир шудааст.
Муҳсин Муҳаммадиев, сармураббии дастаи «Истиқлол», дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, “дар назди мо дар Ҷоми АФК вазифаи ҷиддӣ гузошта шудааст. Аввалан - аз гурӯҳ баромадан. Тақдири роҳхати ягона ба даври баъдии мусобиқа рӯзи 16-уми май дар бозии хонагии мо муқобили рақиби аслиамон - «Алтин Асир» - ҳал хоҳад шуд.”
Бояд гуфт, ки барои роҳ ёфтан ба даври баъдии мусобиқа “Истиқлол”-ро дар бозии охирин бо қаҳрамони Туркманистон натиҷаи мусовӣ низ қаноатманд мекунад. Вале ба “Алтин Асир” барои аз гурӯҳ баромадан дар бозӣ муқобили қаҳрамони Тоҷикистон танҳо ғалаба зарур аст.
Марҳилаи гурӯҳии Ҷоми AFC-2018 дар минтақаи Марказӣ 16-уми май ба поён мерасад. Ба даври баъдии мусобиқа танҳо ғолиби гурӯҳ роҳ меёбад. Пас аз анҷоми марҳилаи гурӯҳӣ бозиҳои ниманиҳоӣ ва ниҳоии байниминтақавӣ баргузор мешаванд. Бозии ниҳоии Ҷоми AFC-2018 рӯзи 27-уми октябри имсол барпо мегардад.
Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали гурӯҳи “D”
Ҷ |
ДАСТАҲО |
Б |
Ғ |
М |
Б |
Т |
И |
1 |
«Истиқлол» (Тоҷикистон) |
5 |
4 |
1 |
0 |
8-4 |
13 |
2 |
«Алтин Асир» (Туркманистон) |
5 |
3 |
2 |
0 |
14-5 |
11 |
3 |
«Аҳал» (Туркманистон) |
5 |
1 |
1 |
3 |
5-3 |
4 |
4 |
«Олой» (Қирғизистон) |
5 |
0 |
0 |
5 |
5-20 |
0 |
Бозиҳои боқимонда:
Даври 6-ум
16 май (чоршанбе)
«Истиқлол» (Тоҷикистон) – «Алтин Асир» (Туркманистон)
«Олой» (Қирғизистон) – «Аҳал» (Туркманистон)
Оставьте в покое этот народ! Дайте им жить спокойно и мирно.
Пешво иктисоди оиларо дар назар дорад, вагарна зиёда 9% рушди иктисоди дар ягон мамлакати тараккикардаи дунё дар соли 2021 мушохида нашудаст. Бо ин хисоботхои дуруг ва рушди бемисли иктисод мо кайхо бояд Сигапурро мегузаштем, вале аз чи бошад ки точики бечора холо хам дар фикри орду равган ...
Дар Ватан одамон мурдаистодан , дар хукумат мачлис .... Как буд то дар Бадахшон 4 то пашша мурда бошад (((( Инкадар куштор , инкадар хуни мардуми бегунохро ки чавоб мегуфта бошад ?!
Ҳаққи ҳалоли халқи тоҷикро сӣ сол шуд, ки мехӯрам, аҳ сер намешавам, ба ман фарқе надорад, кӣ дар куҷо чӣ кор мекунад, муҳим ҳаққи худро талаб накунад, талаб ҳам кунад, артиши сархӯр дар ихтиёрам, фармон медиҳам якдигарро мехӯранд, аммо ман бо тӯдаи пайвандонам ҳаққи ҳамаро якҷо мехӯрем. Ҳар фарди ин миллат кушта шавад, ба нафси ман ҳаққи нав илова мешавад, аз сулҳу ваҳдат фақат худам истифода мебарам, аз сарқонун фақат худам истифода мебарам, аз ҳама шароите маъишӣ фақат худам истифода мебарам, дар беҳтарин шароит, дар беҳтарин хона, дар беҳтарин “кругозор” зиндагӣ мекунам. Халқро садқаи ҳаққу ҳуқуқ кунад, як подаи гов, шуморо чиву серию пурӣ чӣ?! Ба умри ман баракат диҳед!
Чаро ин хабархо дар телевизион пахш нашуд? Чои русти дорад магар? Хайрон мешавам баъзе яку якбора чунин ходисахоро хонда