Мусобиқаи байналмилалии “Tajikistan Open” оид ба теннис миёни наврасони то 18-сола, ки бо ширкати варзишгарони 15 кишвар дар шаҳри Душанбе доир шуд, бо пирӯзии теннисбозони Узбекистон ва Русия ба поён расид.
Дар даври ниҳоии рақобатҳои инфиродӣ байни писарон Марк Трякшин аз Узбекистан бар ҳамватани худ Беҳзод Расоматов бо натиҷаҳои 6:3, 7:5 пирӯз шуд. Дар рақобатҳои инфиродӣ миёни духтарон низ теннисбози узбекистонӣ Севил Юлдошева ғолиб омад. Ӯ дар қувваозмоии ниҳоӣ Лилия Асановаи русиягиро бо натиҷаҳои 6:1, 7:6 шикаст дод.
Дар рақобатҳои ҷуфтӣ миёни духтарон варзишгарон аз Русия Алёна Кубанова/София Шаронова бар Таниша Кашяр (Ҳиндустон)/ Севил Юлдошева (Узбекистан) бо натиҷаҳои 7:6, 7:6 пирӯз гаштанд.
Дар рақобатҳои ҷуфтӣ миёни писарон мақоми аввалро теннисбозони русиягӣ Никита Ланин/Денис Илюхин, ки дар финал бар ҳамсолони худ аз Полша Михал Варгоски/Пшемислав Залубски бо натиҷаҳои 6:3, 7:6 ғолиб шуданд, касб намуданд.
Ҳоло дар шаҳри Душанбе, дар майдони тенниси КВД “Роҳи оҳани Тоҷикистон”, мусобиқаи байналмилалӣ оид ба теннис - Ҷоми Федератсия (“Fed Cup”) - ҷараён дорад.
Ба тасдиқи коршиносон, аз нигоҳи куллӣ барои ба пояҳои баланди байналмилалӣ расидани теннисбозони тоҷик ҳанӯз роҳ дарозу сангин аст. Масъалаи аслӣ ҳамоно камбуди маблағ боқӣ мемонад, ҳарчанд
таваҷҷуҳи ҳукумати Тоҷикистон ба ин навъи варзиш бештар шудааст.
Сол то сол дар Тоҷикистон хоҳишмандони бозии теннис зиёд мешаванд, аммо мушкили дигари муҳим камбуди майдонҳои машқ боқӣ мемонад. Ба назари мутахассисон маъмулан як гурӯҳи тарбиявии теннис бояд аз 4-5 варзишгар иборат бошад, аммо камбуди майдонҳои тамрин онҳоро водор мекунад, ки ба гурӯҳи тамринӣ то 20 шогирдро қабул кунанд.
Зимнан, ҳоло дар кӯчаи Карамови шаҳри Душанбе Маҷмааи универсалии варзишӣ бунёд меёбад, ки дорои толорҳо ва майдонҳои гуногуни варзишӣ мебошад. Аз ҷумла, ҳафт майдони омӯзишии теннис ҳар яке 150 ҷойи нишаст ва қасри теннис 3 ҳазор ҷойи нишаст доранд. Майдону майдончаҳои теннис ҳам барои омӯзиши ин намуди олимпӣ ба хоҳишмандон ва ҳам барои мусобиқаҳои маҳаллию байналмилалӣ пешбинӣ шудаанд.