Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Хуҷанд" ва "Истиқлол" дар мусобиқаи лигаи олӣ пешсафанд


Марҳилаи дувуми мусобиқаи қаҳрамонии футболи Тоҷикистон миёни дастаҳои лигаи олӣ бо се бозии даври ҳаштум, ки рӯзҳои 12-13-уми май баргузор шуд, оғоз ёфт.

Дастаи “Кӯктош”-и ноҳияи Рӯдакӣ дар майдони худ “Барқчӣ”-и Ҳисорро бо ҳисоби 1:0 мағлуб кард. Голи легионери узбекистонӣ Муҳиддин Одилов ба мизбонон се имтиёз овард.

Бозӣ миёни “Панҷшер”-и ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ ва дастаи меҳмон - “Хуҷанд”-и шаҳри Хуҷанд – бо ҳисоби мусовии 0:0 хотима ёфт.

Дар бозии дигар “Хатлон”-и Бохтар бар “Регар-ТадАЗ”-и Турсунзода бо ҳисоби 2:0 пирӯз шуд. Ҳарду голро нимҳимоятгар Кароматулло Саидов ба самар расонд.

Ба ин тартиб, ҳоло дар ҷадвали мусобиқа «Хуҷанд» ва «Истиқлол» бо 17-имтиёзӣ пешсафанд. “Истиқлол” як бозӣ камтар кардааст. Дастаи «Хатлон», ки 13 имтиёз гирифтааст, дар ҷойи севум қарор дорад.

Бозиҳои даври нӯҳуми мусобиқа рӯзҳои 19-21-уми май баргузор мешаванд. Дар ин давр “Хуҷанд” бо “Кӯктош”, “Барқчӣ” бо “Хатлон”, “Регар-ТадАЗ” бо ССКА “Помир” ва “Истиқлол” бо “Панҷшер” бозӣ мекунанд.

Мусобиқаи қаҳрамонии Тоҷикистон. Лигаи олӣ. Даври 8-ум

«Кӯктош» – «Барқчӣ» – 1:0

Гол: Муҳиддин Одилов, 11.

12 май. Рӯдакӣ. Варзишгоҳи «Нефтяник». 4500 тамошобин.

«Панҷшер» – «Хуҷанд» – 0:0

12 май. Ҷалолиддини Балхӣ. Варзишгоҳи ба номи Уктам Маматов. 3000 тамошобин.

«Хатлон» – «Регар-ТадАЗ» – 2:0

Голҳо: Кароматулло Саидов, 6 (1:0). Кароматулло Саидов, 58 (2:0).

13 май. Кӯлоб. Варзишгоҳи марказӣ. 1000 тамошобин.

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқа

Ҷ

ДАСТАҲО

Б

Ғ

М

Б

Т

И

1

«Хуҷанд» (Хуҷанд)

8

5

2

1

15-7

17

2

«Истиқлол» (Душанбе)

7

5

2

0

13-6

17

3

«Хатлон» (Бохтар)

8

4

1

3

11-9

13

4

«Кӯктош» (Рӯдакӣ)

8

3

3

2

9-10

12

5

ССКА «Помир» (Душанбе)

7

2

4

1

10-11

10

6

«Регар-ТадАЗ» (Турсунзода)

8

2

2

4

10-11

8

7

«Панҷшер» (Ҷалолиддини Балхӣ)

8

1

3

4

5-11

6

8

«Барқчӣ» (Ҳисор)

8

0

1

7

3-11

1

Нишонзанҳо: Наврӯз Рустамов («Хатлон»), Ҷаҳонгир Эргашев («Хуҷанд») – 5-тӯбӣ.

Даври 9-ум:

19 май (шанбе)

«Хуҷанд» – «Кӯктош»

«Барқчӣ» – «Хатлон»

20 май (якшанбе)

«Регар-ТадАЗ» – ССКА «Помир»

21 май (душанбе)

«Истиқлол» – «Панҷшер»

Оғози бозиҳо соати 17:00

XS
SM
MD
LG