Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Гуштигирони тоҷик аз роҳхатҳои олимпӣ бенасиб монданд


Варзишгарони тоҷик дар мусобиқаи қаҳрамонии Осиё оид ба гуштии гуштии юнониву румӣ ва гуштии озод миёни наврасон, ки рӯзҳои 10-13-уми май дар шаҳри Тошканд баргузор шуд, соҳиби чор медал гардиданд.

Нахуст дар пойтахти Узбекистон варзишгарони навраси тоҷик дар намуди гуштии юнониву румӣ қувваозмоӣ карда, се медал ба даст оварданд. Фирӯз Мирзораҷабов дар вазни 51 кило, ки ба рақобатҳо аз даври чорякниҳоӣ шуруъ кард, бар варзишгари туркман Тоҳир Шодиев ғолиб омад. Ӯ дар даври ниманиҳоӣ бар Лайшрам Мейтей аз Ҳиндустон пирӯз шуда, ба финал баромад. Вале Мирзораҷабов дар қувваозмоии ниҳоӣ аз варзишгари Ҷопон Ватару Сасакӣ ноком шуд ва барои мақоми дувум бо медали нуқра сарфароз гашт.

Намояндаи дигари Тоҷикистон Ҳабибҷон Зуҳуров низ дар вазни 71 кило бо медали нуқра мукофотонида шуд. Ӯ низ қувваозмоиро аз даври чорякниҳоӣ оғоз карда, нахуст бар варзишгари ҳинд Дипак Дипак, баъдан бар гуштигири Эрон Масъуд Алӣ Акбар Ғафӣ ғолиб омад ва ба финал баромад. Вале Зуҳуров дар қувваозмоии ниҳоӣ аз варзишгари Ҷопон Шу Ямада мағлуб гашт.

Варзишгари дигари тоҷик Асламҷон Азизов дар вазни 48 кило баъди ду пирӯзӣ бар рақибонаш аз Узбекистон ва Ҷопон ба даври ниманиҳоӣ роҳ ёфт. Вале ӯ дар нимфинал аз гуштигири Эрон Амирризо Деҳбозоргӣ шикаст хӯрд. Азизов барои ҷойи севум Арслонбек Зокирбоеви туркманро шикаст дод ва бо медали биринҷӣ сарфароз гашт.

Сипас варзишгарони тоҷик дар мусобиқаи қаҳрамонии Осиё оид ба гуштии озод миёни наврасон дар шаҳри Тошканд рақобат карданд. Аз байни ҳашт нафар танҳо Раҳмонҷон Маҳмадбеков соҳиби медал гардид. Ӯ дар вазни 110 кило медали биринҷӣ гирифт. Паҳлавони тоҷик нахуст аз варзишгари ҳинд Кумар Анирудҳ шикаст хӯрд, вале баъдан варзишгари Сурия Умар Саремро мағлуб кард. Маҳмадбеков дар қувваозмоӣ барои ҷойи севум бар варзишгари Қазоқистон Ислом Тоҳиров пирӯз шуд.

Ба иттилои сомонаи расмии Кумитаи миллии олимпии Узбекистон дар мусобиқаи қаҳрамонии Осиё дар Тошканд наздики 400 варзишгар аз 21 кишвар ширкат дошт. Варзишгарон, инчунин дар се самт – гуштии озод, гуштии юнониву румӣ, гуштии занона – аз рӯи панҷ дараҷаи вазнҳо, ки ба барномаи Бозиҳои олимпии наврасон дохил аст, барои роҳхатҳо мубориза бурданд. Вале гуштигирони тоҷик дар ин мусобиқа аз роҳхатҳо ба Бозиҳои тобистонаи олимпии наврасон, ки моҳи октябри имсол дар шаҳри Буэнос-Айреси Аргентина баргузор мешавад, бенасиб монданд.

XS
SM
MD
LG