Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Паҳлавонони тоҷик дар Ҷоми Аврупо дар Оренбург бе медал монданд


Варзишгарони тоҷик дар Ҷоми Аврупо оид ба ҷудо миёни бузургсолон, ки рӯзҳои 12-13-уми май дар шаҳри Оренбурги Русия баргузор шуд, аз медалҳо бенасиб монданд.

Ба иттилои сомонаи расмии Федератсияи байналмилалии ҷудо (IJF), дар ин мусобиқа 279 варзишгар (199 мард ва 80 зан) аз 16 кишвар, аз он ҷумла 11 кишвари Аврупо – Австрия, Арманистон, Беларус, Британия, Молдова, Озарбойҷон, Олмон, Русия, Фаронса, Финляндия, Ҷумҳурии Чех ва панҷ кишвари Осиё - Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Узбекистон ва Эрон иштирок дошт.

Тоҷикистонро дар ин мусобиқаи байналмилалӣ дар сабқати мардон нӯҳ варзишгар намояндагӣ кард: Меҳроҷ Суфиев (60 кг), Наврӯз Каримзод, Муллораҷаб Халифаев (ҳарду дар вазни 66 кг), Садр Боев, Мирзошариф Исматов, Кароматулло Ҳакимов, Ҳамроз Раҷабов (ҳарчор дар вазни 81 кг), Ёқубҷон Назиров (90 кг) ва Саидҷалол Саидов (100 кг).

Аз байни гуштигирони тоҷик ду нафар – Ёқубҷон Назиров ва Саидҷалол Саидов - натиҷаҳои нисбатан хубтар нишон дода, ҷойҳои панҷумро ишғол карданд.

Дар ҳисоби умумидастаӣ мунтахаби Русия бо касби 40 медал (9 тилло, 9 нуқра ва 22 биринҷӣ) ғолиб шуд. Мунтахаби Қазоқистон (1-1-2) мақоми дувум ва мунтахаби Беларус (1-1-1) мақоми севумро ишғол намуданд. Дастаи Тоҷикистон бо ду ҷойи панҷум мақоми нӯҳумро азони худ кард.

Аз кишварҳои Осиё ба ҷуз Қазоқистону Тоҷикистон, мунтахаби Узбекистон бо як медали нуқра, як медали биринҷӣ ва як ҷойи панҷум дар зинаи ҳафтум, Эрон бо як ҷойи панҷум дар зинаи даҳум ва Қирғизистон бо се ҷойи ҳафтум дар зинаи ёздаҳум қарор гирифтанд.

Ёдовар мешавем, соли гузашта дар Ҷоми Аврупо оид ба ҷудо дар шаҳри Оренбурги Русия паҳлавони тоҷик Сӯҳроб Боқиев медали нуқра ба даст оварда буд. Ӯ дар вазни то 60 кило пас аз се пирӯзӣ бар рақибонаш аз Арманистон, Ҳолланд ва Фаронса, дар даври ниманиҳоӣ Обид Ҷебови русиягиро шикаст дод. Сӯҳроб дар қувваозмоии ниҳоӣ аз Яго Абуладзе (Русия) мағлуб шуд ва мақоми дувумро касб кард. Вале ёздаҳ гуштигири дигари тоҷик дар даврҳои муқаддамотӣ шикаст хӯрда, аз медалҳо бенасиб монданд.

XS
SM
MD
LG