Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мунтахаби наврасони футболи Тоҷикистон дар Сербия дувум шуд


Дастаи мунтахаби наврасони футболи Тоҷикистон (U-16) таҳти раҳбарии сармураббӣ Зайниддин Раҳимов дар мусобиқаи байналмилалӣ, ки аз 9-ум то 13-уми май дар Сербия баргузор шуд, мақоми дувумро касб намуд.

Ба иттилои дафтари матбуоти Федератсияи футболи Тоҷикистон, дар ин мусобиқа, ки дар тамрингоҳи мунтахаби Сербия, дар шаҳрчаи Стара-Пазоваи наздики Белград, барпо гардид, дастаҳои мунтахаби наврасони Сербия, Тоҷикистон, Урдун ва Ҳиндустон иштирок карданд.

Футболбозони навраси тоҷик нахустин бозиашонро дар ин мусобиқа муқобили ҳамсолони худ аз Сербия бо ҳисоби мусовии 1:1 анҷом доданд. Баъдан тими Урдунро бо ҳисоби 2:1 мағлуб карданд. Вале дар бозии охирин мунтахаби Тоҷикистон аз дастаи Ҳиндустон бо ҳисоби 2:4 шикаст хӯрд.

Ба ин тартиб, мунтахаби Ҳиндустон бо 7 имтиёз ғолиби ин мусобиқа гардид. Дастаи Тоҷикистон бо 4 имтиёз ҷойи дувумро соҳиб шуд. Тими мизбон - Сербия – бо 3 имтиёз дар ҷойи севум қарор гирифт. Дастаи Урдун бо 1 имтиёз зинаи чаҳорумро ишғол кард.

Бозигари мунтахаби Тоҷикистон Рустам Соиров, ки се гол задааст, беҳтарин ҳамлагар эътироф гардида, бо ҷоизаи хотиравӣ сарфароз шуд.

Мусобиқаи байналмилалӣ дар Сербия миёни дастаҳои мунтахаби то 16-сола

Даври 1-ум

Тоҷикистон – Сербия – 1:1

Голи Тоҷикистон: Ислом Зоиров.

Ҳиндустон – Урдун – 2:1

Даври 2-юм

Тоҷикистон – Урдун – 2:1

Голҳои Тоҷикистон: Рустам Соиров (ду гол).

Сербия – Ҳиндустон– 0:0

Даври 3-юм

Ҳиндустон – Тоҷикистон – 4:2

Голҳои Тоҷикистон: Рустам Соиров, Эмомалӣ Аҳмадхон.

Сербия – Урдун – 2:2

Ҷадвали ҷамъбастии мусобиқа

Ҷ

ДАСТАҲО

Б

Ғ

М

Б

Т

И

1

Ҳиндустон (U-16)

3

2

1

0

6-3

7

2

Тоҷикистон (U-16)

3

1

1

1

5-6

4

3

Сербия (U-16)

3

0

3

0

3-3

3

4

Урдун (U-16)

3

0

1

2

4-6

1

Зайниддин Раҳимов, сармураббии дастаи мунтахаби наврасони футболи Тоҷикистон (U-16), зимни суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки ширкат дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Сербия барои футболбозони навраси тоҷик як марҳилаи омодагӣ ба мусобиқаи қаҳрамонии Осиё-2018 маҳсуб мешуд.

Зимнан, мусобиқаи қаҳрамонии Осиё-2018 миёни бозигарони то 16-сола аз 20-уми сентябр то 7-уми октябр дар Малайзия бо ширкати 16 даста барпо мегардад. Бар асоси қуръакашӣ футболбозони навраси тоҷик дар гурӯҳи “А” бо тимҳои мунтахаби наврасони Малайзия (20-уми сентябр), Ҷопон (23-юми сентябр) ва Тайланд (26-уми сентябр) рақобат мекунанд.

XS
SM
MD
LG