Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Медали нуқраи гуштигири навраси тоҷик дар қаҳрамонии самбои Осиё


Разавӣ Навбаҳоров.
Разавӣ Навбаҳоров.

Разавӣ Навбаҳоров, варзишгари навраси тоҷик, дар мусобиқаи қаҳрамонии Осиё оид ба самбо, ки рӯзҳои 11-13-уми май дар пойтахти Муғулистон -- Улан-Батор баргузор шуд, медали нуқра ба даст овард.

Мусобиқаи қаҳрамонии Осиё оид ба самбои варзишӣ миёни наврасону навҷавонон, мардону занон ва оид ба самбои размӣ байни мардон дар пойтахти Муғулистон, дар маҷмааи варзишии «Буянт-Ухаа», бо ширкати беш аз 500 варзишгар аз 14 кишвар, монанди Афғонистон, Қазоқистон, Кореяи Шимолӣ, Тоҷикистон, Узбекистон, Ҳиндустон, Ҷопон, Чин, Эрон ва ғайра баргузор шуд.

Дар ин бора Маҳмуд Абдуллоев, ноиби аввали президенти Иттиҳоди самбои Осиё ва муовини аввали раиси Федератсияи самбои Тоҷикистон, ки дар ин мусобиқа ба ҳайси довар хидмат намуд, имрӯз, 14-уми май, ба Радиои Озодӣ аз шаҳри Улан-Батор хабар дод. Ӯ гуфт, ки Разавӣ Навбаҳоров танҳо варзишгаре буд Тоҷикистонро дар мусобиқаи имсолаи қаҳрамонии самбои Осиё намояндагӣ кард.

Ба гуфтаи оқои Абдуллоев, Разавӣ дар сабқати наврасон дар вазни 70 килограмм дар даври аввал бар рақибаш Баи Янмаглат аз Чин ғолиб шуд, дар даври дувум Абай Қарабоеви қирғизро мағлуб кард. Вале гуштигири навраси тоҷик дар қувваозмоии ниҳоӣ аз ҳамсоли худ Онгалбой Ҷумъадуллои қазоқ шикаст хӯрд ва барои ҷойи дувум бо медали нуқра сарфароз гашт.

Ёдовар мешавем, варзишгарони тоҷик соли гузашта дар мусобиқаи қаҳрамонии самбои Осиё дар пойтахти Узбекистон – шаҳри Тошканд – 28 медал (5 тилло, 7 нуқра ва 16 биринҷӣ) ба даст оварда буданд. Аз он ҷумла, панҷ медали тиллоро варзишгарони тоҷик дар рақобатҳо оид ба самбои варзишӣ соҳиб шуданд. Дар сабқати мардон Акмалиддин Каримов дар вазни 57 кило, Беҳрӯзи Хоҷазода дар вазни 68 кило ва Мубориз Мунавваров дар вазни 74 кило, инчунин, Сомон Сангов дар вазни 52 кило ва Ҷаҳонгир Авазов дар вазни 65 кило миёни наврасон бо медалҳои тилло сарфароз гаштанд.

Бояд гуфт, ки самбо барои аввалин бор ба барномаи Бозиҳои осиёӣ дохил шудааст. Бо тасмими Федератсияи байналмилалии самбо ширкаткунандагони Бозиҳои XVIII тобистонаи осиёӣ дар мусобиқаи самбои варзишӣ, ки аз 31-уми август то 1-уми сентябр дар Ҷакартаи Индонезия баргузор мешавад, барои чаҳор маҷмуи медалҳо рақобат мекунанд. Сабқати занон дар ду вазн (48 ва 68 кг) ва сабқати мардон низ дар ду вазн (52 ва 90 кг) сурат мегирад.

– Ба барномаи Бозиҳои осиёӣ дохил шудани самбо моро хеле хушҳол кардааст. Бовар дорам, ки самбо дар ин Бозиҳои бузурги қитъавӣ мавқеи сазоворро касб мекунад ва варзишгарони тоҷик дар ин ришта муваффақ мешаванд”, - иброз дошт зимни суҳбат бо Радиои Озодӣ Маҳмуд Абдуллоев.

Вале ба гуфтаи ӯ мусобиқаи аз ҳама муҳиму бузурги имсола – қаҳрамонии самбои ҷаҳон аст, ки рӯзҳои 9-11-уми ноябр дар пойтахти Руминия шаҳри Бухарест барпо мегардад.

XS
SM
MD
LG