Мижгона Самадова, варзишгари нуздаҳсолаи тоҷик, аз мусобиқоти осиёӣ оид ба кикбоксинг дар шаҳри Бишкеки Қирғизистон бо се медали тилло баргашт. Ин донишҷӯи соли аввали Академияи Вазорати умури дохилии Тоҷикистон гуфт, дар рақобатҳо аз бинӣ ва пояш лат хӯрд, аммо то лаҳзаи шикаст додани ҳарифонаш ба дард тан надод.
Моро танҳо намояндагони Академия ва наздикон пешвоз гирифтанд. Дар ҳоле ки бояд масъули идораи варзиш меомад.
"Дар се намуд – "фулл-контакт", "кик-лайт" ва "лайт-конктакт" – вориди рақобат шудам. Ҳарифон аз Куриёву Эрону Тайланд ва кишварҳои дигар буданд. Як ҳарифам аз Эрон хеле нирӯманд буд. Бо вуҷуди онки лат хӯрдам, мағлубаш кардам", - гуфт ӯ рӯзи 13-уми май дар суҳбат бо Радиои Озодӣ.
Мижгона Самадова рӯзи якшанбе ҳамроҳи варзишгарони дигари тоҷик, ки дар маҷмуъ чаҳордаҳ медали тиллоро ба гардан овехтанд, аз Бишкек ба Душанбе омад. Ӯ аз он гила кард, ки ҳангоми истиқболи онҳо касе аз намояндагони Кумитаи ҷавонону варзиш ҳузур надошт.
Ин варзишгари ҷавон гуфт, "моро танҳо намояндагони Академия ва наздикон пешвоз гирифтанд. Дар ҳоле ки бояд масъули идораи варзиш меомад. Мо ба Тоҷикистон дар маҷмуъ чаҳордаҳ медали тилло овардем."
Самадова мегӯяд, аз тарафи ниҳодҳои варзишии Тоҷикистон ҳимоят намебинад ва харҷи сафари охирашро ба мусобиқоти Бишкек низ Академияи Вазорати умури дохилии Тоҷикистон пардохтааст. Ӯ гуфт, "як замон дилам аз чунин бархӯрд сард шуда буд ва гуфтам, варзишро тарк мекунам. Як сол боз дар Академия мехонам ва инҳо хуб дастгирӣ мекунанд. Мехоҳам, ба варзиш идома диҳам."
Ин духтари ҷавони тоҷик соли гузашта дар Бозиҳои панҷуми осиёӣ (Туркманистон) дар вазни 60 кило дар риштаи кикбоксинг аввалин медали тиллоро аз ҳисоби варзишкорони тоҷик ба даст овард. Вай мегӯяд, пас аз бозгашт ба ватан ӯро Рамазон Раҳимзода, вазири умури дохилӣ, ба ҳузур пазируфт ва ба орзуяш, ки таҳсил дар Академия ва бахусус бахши ҳуқуқдонӣ буд, расонд.
Мижгона Самадоваи нуздаҳсола ният дорад, бо тамринҳои зиёд худро ба Олимпиадаи соли 2020 дар Токио омода кунад. Мехоҳад, дар олимпиада дар риштаи бокс нирӯ биозмояд.
"Аз хурдӣ ба варзиш машғул ҳастам. Аввал дар бахши муҳорибаҳои дастӣ будам. Баъд ба бахши таэквандо гузаштам. Ин роҳест, ки дидаву дониста интихоб кардаам. Ҳар варзишгар орзу дорад, дар Олимпиада иштирок карда, соҳиби ҷой шавад. Ман ҳам инчунин. Пас аз олимпиада тасмим мегирем, ки корро ба чӣ шакл идома хоҳем дод", - хулоса кард ӯ.
Мусобиқоти осиёӣ оид ба кикбоксинг аз 8-ум то 12-уми майи имсол дар Чолпон-Атаи Қирғизистон баргузор шуд. Варзишкорони Эрон дар ин мусобиқот бо 26 медали тилло, 23 нуқра ва 10 биринҷӣ аввал шуданд.
Ҷои дувумро бо 24 тило, 16 нуқра ва 18 биринҷӣ Қирғизистон гирифт. Ҷои севумро бо 14 тилло, 6 нуқра ва 4 биринҷӣ Тоҷикистон соҳибӣ кард.