Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Ба кор ва тағйири чеҳраҳо ниёз дорем" - Як сокини Мавсил


Ироқиҳо дар интихоботи порлумонии рӯзи 12-уми май раъй доданд. Ин нахустин интихоботи порлумонӣ пас аз эълони пирӯзии Ироқ алайҳи гуруҳи тундрави “Давлати исломӣ” буд.

Рафеъ Исмоил, яке аз сокинони шаҳри Мавсил, ки соли гузашта аз дасти ҷангҷӯёни ДИИШ озод шуд, хостори як фасли нав дар зиндагӣ ва ҳаёти сиёсӣ шуд. Ӯ гуфт, “мо ин бор тағйир мехоҳем. Мехоҳем, ҷомеаи мо рушд кунад. Ба эҷоди ҷойҳои корӣ ва тағйири чеҳраҳо ниёз дорем”.

Майк Помпео
Майк Помпео

Майк Помпео, вазири умури хориҷии Амрико, рӯзи шанбе дар баёнияе ироқиҳоро табрик кард ва гуфт, “шаҳрвандон аз гуруҳҳои мухталифи қавмӣ ва мазҳабӣ, аз тамоми 18 вилоят, бо шумули беҷошудагон, садояшонро шунавонданд.”

​Хабаргузориҳо ва расонаҳои маҳаллӣ гузориш доданд, ки иштироки мардум дар саросари Ироқ камранг буд. Марказҳои овоздиҳӣ соати ҳафти субҳ боз ва соати шаши шом баста шуданд.

Ҳайдар Ибодӣ
Ҳайдар Ибодӣ

Бар асоси назарсанҷиҳо, Ҳизби Иттиҳоди Ҳайдар Ибодӣ, нахуствазири Ироқ дар ин интихобот пештоз аст. Ибодӣ талош кардааст, то нуфузи Вашингтону Теҳронро дар ин кишвар дар ду паллаи тарозу баробар нигоҳ дорад. Аммо аз ӯ интқиод мекунанд, ки натавонистаст вазъияти иқтисодии Ироқро беҳбуд бахшад.

Нурӣ Моликӣ, нахуствазири собиқ ва Ҳодӣ Амирӣ, як фармондеҳи шиаи бархӯрдор аз ҳимояти Эрон, ду рақиби асосии Ҳайдар Ибодӣ ҳастанд.

Бар асоси маълумоти расмӣ, наздик ба 22,5 миллион нафар дар Ироқ аз ҳаққи раъйдиҳӣ бархӯрдоранд.

XS
SM
MD
LG