Меҳрона Ғайбуллоева, овозхони 17-солаи тоҷик, дар даври ниманиҳоии озмуни “Ты супер!” дар Русия шикаст хӯрд. Ӯ шоми 12-уми май таронаи “Я искала тебя”-и гуруҳи “A'Studio”-ро иҷро кард, вале натавонист баҳои мусбати доваронро соҳиб шавад. Аз чаҳор аъзои ҳакамон як нафар ба тарафдорӣ аз ӯ тугмаи сабзро пахш кард.
Меҳрона Ғайбуллоева чунин бархӯрди доваронро нодуруст шумурд ва бо яке аз онҳо – Игор Крутой – вориди баҳси лафзӣ ҳам шуд. Дар ҳоле ки Игор Крутой гуфт, Меҳрона натавонист ӯро тасхир созад, овозхони тоҷик гуфт, “ман сазовори пирӯзӣ ҳастам”.
Вадим Такменёв, барандаи барномаи “Ты супер!” дар телевизиони НТВ-и Русия, ба ҷои Меҳрона аз доварон узр пурсид ва ҳамзамон аз мақомоти Тоҷикистон хост, ки мушкили ӯро ҳал кунанд.
Дар озмуни “Ты супер!” ки аз тариқи телевизиони НТВ-и Русия намоиш дода мешавад, ба кӯдакони ятим имкон медиҳанд орзуи худро амалӣ кунанд. Меҳрона Ғайбуллоева нӯҳ сол пеш модарашро аз даст додааст. Ва падараш, ба гуфтаи ӯ, пештар аз ин ҳодиса хонаводаро тарк карда буд.
Ғайбуллоева дар курси аввали Коллеҷи мусиқии ба номи Аҳмад Бобоқулов мехонад. Қаблан ӯ дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфта буд, “агар ҳам ғолибият насиби ман нашуд, ҳеҷ гап нест, чунки аллакай муваффақ шудам. Худро ҳамчун намояндаи Тоҷикистон муаррифӣ карда тавонистам”.