Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Гуштигирони тоҷик дар Тошканд ду медал гирифтанд


Акс аз бойгонӣ.
Акс аз бойгонӣ.

Варзишгарони тоҷик дар мусобиқаи қаҳрамонии Осиё оид ба гуштии юнониву румӣ миёни наврасон, ки рӯзи 10-уми май дар шаҳри Тошканд шуруъ шуд, соҳиби ду медал гардиданд.

Дар рӯзи аввали ин мусобиқа дар пойтахти Узбекистон варзишгарони наврас дар 5 вазн – 44 кг, 48 кг, 51 кг, 55 кг ва 60 кг барои медалҳо мубориза бурданд. Варзишгарони тоҷик Аслам Азизов, Фирӯз Мирзораҷабов, Давлаталӣ Файзов ва Алиҷон Ҷӯраев бо роҳбарии сармураббӣ Олим Аланазаров дар чор вазн қувваозмоӣ карданд.

Фирӯз Мирзораҷабов, ки бар асоси қуръакашӣ, ба рақобатҳо дар вазни 51 кило аз даври чорякниҳоӣ шуруъ кард, нахуст бар варзишгари туркман Тоҳир Шодиев ғолиб омад. Ӯ дар даври ниманиҳоӣ бар Лайшрам Мейтей аз Ҳиндустон пирӯз шуда, ба финал баромад. Вале Фирӯз дар қувваозмоии ниҳоӣ аз варзишгари Ҷопон Ватару Сасакӣ ноком шуд ва барои мақоми дуюм бо медали нуқра сарфароз гашт.

Варзишгари дигари тоҷик Асламҷон Азизов дар вазни 48 кило баъди ду пирӯзӣ бар рақибонаш аз Узбекистон ва Ҷопон ба нимфинал баромад. Вале ӯ дар қувваозмоии ниманиҳоӣ аз гуштигири Эрон Амирризо Деҳбозоргӣ, ки баъдан ба унвони қаҳрамонӣ даст ёфт, шикаст хӯрд. Азизов барои ҷойи сеюм Арсланбек Зокирбоеви туркманро шикаст дод ва бо медали биринҷӣ сарфароз гашт.

Вале ду гуштигири навраси тоҷик - Давлаталӣ Файзов (55 кг) ва Алиҷон Ҷӯраев (60 кг) - аз медалҳои мусобиқаи қаҳрамонии Осиё бенасиб монданд.

Дар мусобиқаи қаҳрамонии Осиё оид ба гуштии юнониву румӣ миёни наврасон дар шаҳри Тошканд имрӯз, 11-уми май, гуштигирон дар вазнҳои 65 кг, 71 кг, 80 кг, 92 кг ва 110 кг вориди рақобат мешаванд. Тоҷикистонро ду нафар - Шаҳрзод Очилов (65 кг) ва Ҳабибҷон Зуҳуров (71 кг) - намояндагӣ мекунанд.

Дар шаҳри Тошканд рӯзҳои 12-13-уми май мусобиқаи қаҳрамонии Осиё миёни наврасон оид ба гуштии озод баргузор мешавад. Ба ҳайати дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон таҳти раҳбарии сармураббӣ Абдурозиқ Олимов нӯҳ варзишгар дохил аст: Шаҳбоз Саидов (48 кг), Расулҷон Иноятов (51 кг), Ҷамшед Қодиров (55 кг), Мустафо Аҳмадов (60 кг), Хайрулло Кулулов (65 кг), Саидасан Ашрафхонов (71 кг), Абубакр Шукуров (80 кг), Исмоил Раҷабов (92 кг) ва Раҳмонҷон Маҳмадбеков (110 кг).

Ба иттилои сомонаи расмии Кумитаи миллии олимпии Узбекистон дар мусобиқаи қаҳрамонии Осиё дар Тошканд наздики 400 варзишгар аз 21 кишвар: Чин, Ҳиндустон, Эрон, Урдун, Ҷопон, Қазоқистон, Қирғизистон, Кореяи Ҷанубӣ, Арабистони Саудӣ, Муғулистон, Покистон, Сингапур, Сурия, Тайланд, Тоҷикистон, Туркманистон, Тайван, Умон, Узбекистан ва ғайра ширкат дорад.

Варзишгарон дар се самт – гуштии озод, гуштии юнониву румӣ, гуштии занона – аз рӯи панҷ дараҷаи вазнҳо, ки ба барномаи Бозиҳои олимпии наврасон дохил аст, барои роҳхатҳо мубориза мебаранд. Ширкаткунандагони мусобиқот ба ҷуз 30 маҷмуи медалҳо, умуман, барои дарёфти ҳамагӣ 15 роҳхат талош мекунанд.

XS
SM
MD
LG