Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ду медали гуштигирони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии Осиё дар Бейрут


Варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали мусобиқаи қаҳрамонии Осиё оид ба ҷудо миёни наврасон, ки 10-уми май дар шаҳри Бейрути Лубнон баргузор шуд, ду медал ба даст оварданд.

Сулаймони Ҷамшед дар вазни то 60 кило медали нуқра ва Фарорун Мирзошоев дар вазни то 55 кило бо медали биринҷӣ мукофотонида шуданд. Варзишгари дигари тоҷик Умед Асматуллобеков дар вазни то 55 кило ҷои панҷумро гирифт. Вале Саидашраф Лоиқов дар вазни то 60 кило ва Абдуллоҳ Неъматов дар вазни то 66 кило дар даврҳои муқаддамотӣ шикаст хӯрданд.

Дар мусобиқаи қаҳрамонии Осиё оид ба ҷудо миёни наврасон дар Бейрут наздики 180 варзишгар аз 20 кишвар иштирок дорад. Ба ҳайати дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон даҳ варзишгар шомил аст. Имрӯз, 11-уми май, дар пойтахти Лубнон боз панҷ варзишгари навраси тоҷик дар се вазн -73 кг, -81 кг ва -90 кг - барои медалҳо талош мекунад:

Вазни -73 кг
Ғаниҷон Ғаниев
Фатҳиддини Саидмуъмин
Вазни -81 кг
Фаридун Холиқов
Расулҷон Бачабеков
Вазни -90 кг
Эмомризо Қурбонов

Баъди анҷоми мусобиқаи наврасон дар шаҳри Бейрут рӯзҳои 12-13-уми май паҳлавонони ҷавон барои медалҳои қаҳрамонии ҷудои Осиё мубориза мебаранд. Дар мусобиқаи ҷавонон ширкати ҳудуди 200 варзишгар аз 22 кишвар дар назар аст. Тоҷикистонро 11 нафар (10 писару 1 духтар) намояндагӣ мекунад:

Писарон

Вазни -55 кг
Давлаталӣ Назаралиев
Вазни -60 кг
Муҳаммадризо Қувватов
Далер Қурбонҷонов
Вазни -66 кг
Ҷамолиддин Абдуллоев
Разиаллоҳ Лоиқов
Вазни -73 кг
Хайёмиддин Ҷабборов
Муҳаммадкарим Сарахонов
Вазни -81 кг
Ҷаҳонгир Маҷидов
Вазни -90 кг
Муҳаммадуллоҳ Лоиқов
Вазни +100 кг
Хуршед Маҷидов

Духтарон


Вазни -57 кг
Шоҳида Қаландарова

XS
SM
MD
LG