Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Гуштигирони ҷавони тоҷик дар Бейрут рақобат мекунанд


Варзишгарони тоҷик дар мусобиқоти қаҳрамонии Осиё оид ба ҷудо миёни наврасон ва ҷавонон, ки рӯзҳои 10-13-уми май дар шаҳри Бейрути Лубнон баргузор мешавад, ширкат меварзанд.

Дар мусобиқоти наврасон, ки 10-11-уми май дар пойтахти Лубнон доир мегардад, наздики 180 варзишгар аз 20 кишвар иштирок мекунад. Ба ҳайати дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон даҳ варзишгар шомил аст:

Вазни -55 кг
Умед Асматуллобеков
Фарорун Мирзошоев
Вазни -60 кг
Сулаймони Ҷамшед
Саидашраф Лоиқов
Вазни -66 кг
Абдуллоҳ Неъматов
Вазни -73 кг
Ғаниҷон Ғаниев
Фатҳиддини Саидмуъмин
Вазни -81 кг
Фаридун Холиқов
Расулҷон Бачабеков
Вазни -90 кг
Эмомризо Қурбонов

Баъди анҷоми мусобиқаи наврасон дар шаҳри Бейрут рӯзҳои 12-13-уми май паҳлавонони ҷавон барои медалҳои қаҳрамонии Осиё мубориза мебаранд. Дар мусобиқаи имсола ширкати ҳудуди 200 варзишгар аз 22 кишвар дар назар аст. Тоҷикистонро 11 нафар (10 писару 1 духтар) намояндагӣ мекунанд:

Писарон
Вазни -55 кг

Давлаталӣ Назаралиев
Вазни -60 кг
Муҳаммадризо Қувватов
Далер Қурбонҷонов
Вазни -66 кг
Ҷамолиддин Абдуллоев
Разиаллоҳ Лоиқов
Вазни -73 кг
Хайёмиддин Ҷабборов
Муҳаммадкарим Сарахонов
Вазни -81 кг
Ҷаҳонгир Маҷидов
Вазни -90 кг
Муҳаммадуллоҳ Лоиқов
Вазни +100 кг
Хуршед Маҷидов

Духтарон
Вазни -57 кг
Шоҳида Қаландарова

XS
SM
MD
LG