Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Истиқлол" ғолиби давраи аввали қаҳрамонии Тоҷикистон шуд


Бозии ниҳоии давраи аввали мусобиқаи қаҳрамонии футболи Тоҷикистон миёни дастаҳои “Истиқлол”-и Душанбе ва ССКА “Помир”-и Душанбе бо ҳисоби мусовии 3:3 ба поён расид. Ин бозӣ рӯзи 9-уми май дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор баргузор шуд.

Дар ҷараёни бозӣ се бор ҳисоб ба нафъи ССКА «Помир» буд. Голҳои бошгоҳи марказии варзишии артиши Вазорати мудофиаи Тоҷикистонро Шодибек Ғаффоров, Муҳсинҷон Абдуғаффоров ва Абдухалил Боронов ба ҳадаф расонданд. Вале бозигарони “Истиқлол” ҳар дафъа ҳисобро баробар мекарданд. Ду голи Дилшод Восиев ва як голи Комрон Турсунов “Истиқлол”-ро аз бохт наҷот дод.

Бояд гуфт, ки «Истиқлол» бозиро бо даҳ нафар ба охир расонд. Дар дақиқаи 68-ум ҳимоятгар Давронҷон Эргашев барои рақибашро бо оринҷ задан корти сурх гирифт. Зимнан, ин корти дуюми сурхи Эргашев дар мавсими имсола мебошад. Пештар ҳимоятгари «Истиқлол» дар бозии даври панҷум муқобили «Хуҷанд» (1:0) аз майдон хориҷ шуда, аз ширкат дар ду бозӣ маҳрум шуда буд.

Ба ин тартиб, давраи аввали мусобиқаи қаҳрамонии футболи Тоҷикистон миёни дастаҳои лигаи олӣ ба поён расид. «Истиқлол» бо 17 имтиёз пешсафи ягона гардид. «Хуҷанд» бо 16 имтиёз дар зинаи дуюм қарор дорад. Дастаи «Хатлон»-и Бохтар, ки 10 имтиёз гирифтааст, мақоми сеюмро касб намудааст.

Бозиҳои даври ҳаштуми мусобиқаи қаҳрамонии футболи Тоҷикистон миёни дастаҳои лигаи олӣ рӯзҳои 12-ум ва 13-уми май баргузор мешаванд. Рӯзи шанбе, 12-уми май, «Кӯктош» дар майдони худ бо «Барқчӣ» рақобат мекунад. Дар варзишгоҳи ба номи Уктам Маматови ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ «Панҷшер» бо «Хуҷанд» рӯбарӯ мешавад. Рӯзи якшанбе, 13-уми май, «Хатлон» бо дастаи меҳмон - «Регар-ТадАЗ» - бозӣ мекунад. Ҳамаи бозиҳо соати 17:00 шуруъ мешавад.

Мусобиқаи қаҳрамонии Тоҷикистон. Лигаи олӣ. Бозии мавқуфгузоштаи даври 7-ум

«Истиқлол» – ССКА «Помир» – 3:3

Голҳо: Шодибек Ғаффоров, 24 (0:1). Дилшод Восиев, 64 (1:1). Муҳсинҷон Абдуғаффоров, 77 (1:2). Комрон Турсунов, 83 (2:2). Абдухалил Боронов, 86 (2:3). Дилшод Восиев, 90+4 (3:3).

«Истиқлол» (Душанбе): Никола Стошич, Сиёвуш Асроров, Давронҷон Эргашев, Табрези Давлатмир (Дилшод Восиев, 46), Алишер Шарипов (Комрон Турсунов, 38), Аҳтам Назаров, Амирбек Ҷӯрабоев, Эҳсони Панҷшанбе, Фатҳулло Фатҳуллоев, Нозим Бобоҷонов, Шериддин Бобоев (Николай Зенко, 46).

ССКА «Помир» (Душанбе): Алиакбар Аҳақӣ, Шамсиддин Қосимов (Фуруғ Қодиров, 90+4), Комрони Мирзохон, Зоир Ҷӯрабоев, Расул Пайзов, Парвиз Қашқаров, Комрони Мирзонаҷот, Шодибек Ғаффоров, Суҳроб Ҷалилов, Абдухалил Боронов (Самадҷон Шарифов, 90+3), Муҳсинҷон Абдуғаффоров (Муҳаммад Алипур, 82).

Огоҳонида шуданд: Эҳсони Панҷшанбе («Истиқлол»), Муҳсинҷон Абдуғаффоров, Шодибек Ғаффоров, Абдухалил Боронов (ССКА «Помир»).

Аз майдон хориҷ шуд: Давронҷон Эргашев («Истиқлол»), 68 – барои рақибашро бо оринҷ задан.

Бозигари беҳтарини дидор: Дилшод Восиев («Истиқлол»).

Сардовар: Сайвалӣ Турдиев (Вахш).

9 май. Ҳисор. Варзишгоҳи марказӣ. 300 тамошобин.

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқа

Ҷ

ДАСТАҲО

Б

Ғ

М

Б

Т

И

1

«Истиқлол» (Душанбе)

7

5

2

0

13-6

17

2

«Хуҷанд» (Хуҷанд)

7

5

1

1

15-7

16

3

«Хатлон» (Бохтар)

7

3

1

3

9-9

10

4

ССКА «Помир» (Душанбе)

7

2

4

1

10-11

10

5

«Кӯктош» (Рӯдакӣ)

7

2

3

2

8-10

9

6

«Регар-ТадАЗ» (Турсунзода)

7

2

2

3

10-9

8

7

«Панҷшер» (Ҷалолиддини Балхӣ)

7

1

2

4

5-11

5

8

«Барқчӣ» (Ҳисор)

7

0

1

6

3-10

1

Нишонзанҳо: Наврӯз Рустамов («Хатлон»), Ҷаҳонгир Эргашев («Хуҷанд») – 5-тӯбӣ.

Даври 8-ум

12 май (шанбе)

«Кӯктош» – «Барқчӣ»

«Панҷшер» – «Хуҷанд»

13 май (якшанбе)

«Хатлон» – «Регар-ТадАЗ»

Оғози бозиҳо соати 17:00

XS
SM
MD
LG