Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Варзишгарони тоҷик ба Ҷопон мераванд


Варзишгарони тоҷик дар мусобиқаи қаҳрамонии Осиё оид ба каратэ WKF миёни наврасон ва ҷавонони то 21-сола , ки рӯзҳои 11-13-уми май дар ҷазираи Окинаваи Ҷопон баргузор мешавад, ширкат меварзанд.

Дар мусобиқаи наврасон Тоҷикистонро се варзишгар - Муҳаммад Тешаев дар вазни 55 кг Абдуваҳҳоб Шаропов дар вазни 61 кг ва Алишер Қаюмов дар вазни 76 кг - намояндагӣ мекунанд. Дар мусобиқаи ҷавонони то 21-сола ду варзишгари тоҷик - Ҳоҷиқурбон Маҳмадов (60 кг) ва Ҷавоҳир Ҳайдаров (84 кг) рақобат хоҳанд кард. Дар ин бора Муҳаммад Бодаков, сармураббии дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба каратэ, рӯзи 8-уми май ба Радиои Озодӣ хабар дод.

Варзишгарони тоҷик дар ин ришта дар мусобиқоти ҷаҳониву қитъавӣ ва байналмилалӣ ба натиҷаҳои баланд ноил шудаанд.

Ба қавли Бодаков, ин навъи каратэ ба барномаи Бозиҳои олимпӣ ва осиёӣ дохил аст. Бинобар ин, дар доираи мусобиқоти қаҳрамонии Осиё ширкаткунандагон барои дарёфти роҳхатҳо ба Бозиҳои III тобистонаи олимпии наврасон дар Аргентина мубориза мебаранд. Инчунин онҳо барои роҳ ёфтан ба Олимпиадаи соли 2020 дар Токио имтиёзҳои рейтингӣ мегиранд.

“Барои варзишгарони мо мусобиқаи асосӣ дар риштаи каратэ аз рӯи барномаи Бозиҳои XVIII осиёӣ мебошад, ки аз 18-уми август то 2-юми сентябр дар Индонезия барпо мегардад. Инчунин варзишгарони мо дар мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон оид ба каратэ WKF, ки аз 6-ум то 11-уми ноябри имсол дар Испания доир мешавад, ширкат хоҳанд кард”, - гуфт Муҳаммад Бодаков.

Каратэ-до дар Тоҷикистон, бахусус миёни наврасону ҷавонон маъруфият пайдо кардааст. Ин ҳунари размии ҷопонӣ, ки маънояш муҳориба бо дастони холист, дар Тоҷикистон пас аз таъсиси Федератсияи каратэ-до соли 1992 ривоҷ ёфтааст. Аз ҳамон сол Федератсияи миллӣ узви Федератсияи ҷаҳонии каратэ (WKF) ва узви Федератсияи каратэи Осиё (AKF) мебошад. Дар айни ҳол, дар Тоҷикистон беш аз 3000 нафар наврасону ҷавонон ба ин намуди варзиш мунтазам машғуланд.

Варзишгарони тоҷик дар ин ришта дар мусобиқоти ҷаҳониву қитъавӣ ва байналмилалӣ ба натиҷаҳои баланд ноил шудаанд. Чунончи, 7 нафар дар мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон дар равияи “шотокан” ва 4 нафар дар равияи “шиторю” ба унвони қаҳрамонӣ даст ёфтаанд.

Ёдовар мешавем, Ҳоҷиқурбон Маҳмадов, варзишгари тоҷик, соли гузашта дар мусобиқаи қаҳрамонии Осиё оид ба каратэ-до миёни навҷавонон дар пойтахти Қазоқистон - шаҳри Остона – медали нуқра ба даст оварда буд. Ӯ дар рақобатҳо дар навъи кумитэ дар вазни зери 55 кило баъди ду пирӯзӣ бар Артём Пак (Қирғизистон) ва Каушак Аравинд (Ҳиндустон), дар даври ниманиҳоӣ Масаки Ямаокаи ҷопониро шикаст дод. Вале Ҳоҷиқурбон дар қувваозмоии ниҳоӣ аз Мукти Ваҳу (Индонезия) мағлуб гашт.

Шарҳҳоро бинед (2)

Корбарони азиз! Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!
Ин баҳс баста шудааст.

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG