Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Теннисбозони 36 кишвар дар Душанбе рақобат доранд


Дар мусобиқаи байналмилалии “Tajikistan Open”, ки дар шаҳри Душанбе, дар майдони тенниси КВД “Роҳи оҳани Тоҷикистон” баргузор шудааст, беш аз 210 нафар теннисбозони то 18-сола аз 36 кишвар ширкат доранд.

Мирҳусейн Яҳёев, дабири кулли Федератсияи тенниси Тоҷикистон, рӯзи 8-уми май ба Радиои Озодӣ гуфт, “ин мусобиқа, ки миёни писарону духтарон сурат гирифтааст, то рӯзи 11-уми май идома хоҳад кард. Сипас дар ин майдон аз 12-ум то 18-уми май Ҷоми Федератсия (“Fed Cup”) - мусобиқаи бузурги даставӣ миёни занон – доир мешавад. Ҳар ду мусобиқа ба дараҷаи 5-уми системи мусобиқоти Федератсияи байналмилалии теннис дохил аст. Ҳакамони ин мусобиқот доварони пуртаҷрибаи дараҷаи байналмилалӣ, монанди Дмитрий Савчук аз Узбекистон ва Руслан Чолпонқулов аз Қазоқистон мебошанд.”

Бояд гуфт, ки ҳарду мусобиқа дар Тоҷикистон барои бори дувум доир мешавад. Имсол шумораи ширкаткунандагони мусобиқот нисбат ба соли гузашта хеле зиёд аст.

“Мусобиқаро метавонистем дар мақоми боз ҳам баландтар баргузор намоем, вале ба хотири ширкати бештари теннисбозони тоҷик дараҷаи 5-умро интихоб кардем. Зеро ҳанӯз рейтинги бозигарони мо паст аст. Тадриҷан, дар оянда метавон мусобиқоти мақоми баландтарро баргузор кард”, - иброз дошт Мирҳусейн Яҳёев.

Ба тасдиқи коршиносон, аз нигоҳи куллӣ барои ба пояҳои баланди байналмилалӣ расидани теннисбозони тоҷик ҳанӯз роҳ дарозу сангин аст. Масъалаи аслӣ ҳамоно камбуди маблағ боқӣ мемонад, ҳарчанд
таваҷҷуҳи ҳукумати Тоҷикистон ба ин навъи варзиш бештар шудааст.

Сол то сол дар Тоҷикистон хоҳишмандони бозии теннис зиёд мешаванд, аммо мушкили дигари муҳим камбуди майдонҳои машқ боқӣ мемонад. Ба назари мутахассисон маъмулан як гурӯҳи тарбиявии теннис бояд аз 4-5 варзишгар иборат бошад, аммо камбуди майдонҳои тамрин онҳоро водор мекунад, ки ба гурӯҳи тамринӣ то 20 шогирдро қабул кунанд.

Зимнан, ҳоло дар кӯчаи Карамови шаҳри Душанбе Маҷмааи универсалии варзишӣ бунёд меёбад, ки дорои толорҳо ва майдонҳои гуногуни варзишӣ мебошад. Аз ҷумла, ҳафт майдони омӯзишии теннис ҳар яке 150 ҷойи нишаст ва қасри теннис 3 ҳазор ҷойи нишаст доранд. Майдону майдончаҳои теннис ҳам барои омӯзиши ин намуди олимпӣ ба хоҳишмандон ва ҳам барои мусобиқаҳои маҳаллию байналмилалӣ пешбинӣ шудаанд.

XS
SM
MD
LG