Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Комроншоҳ ва Саидҷалол – ғолибони Бозиҳои варзишии Тоҷикистон


Дар мусобиқаи гуштии ҷудо аз рӯи барномаи Бозиҳои варзишии Тоҷикистон, ки рӯзҳои 5-6-уми май дар шаҳри Гулистони вилояти Суғд доир шуд, варзишгарон дар ҳайати дастаҳои мунтахаби вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшон (ВМКБ), вилоятҳои Суғд, Хатлон (ду даста), шаҳри Душанбе, шаҳру навоҳии тобеи марказ (ШНТМ) ва минтақаи Рашт ширкат карданд.

Мусобиқа оид ба ҷудо дар 7 вазн сурат гирифт. Дар ин мусобиқа паҳлавонони маъруфи тоҷик Комроншоҳи Устопириён (90 кг) ва Саидҷалол Саидов (100 кг), инчунин гуштигирони ҷавону моҳир Суҳроб Боқиев (60 кг), Ёқубҷон Боқиев (66 кг), Мирзоҷамил Рамазонов (73 кг), Акмал Муродов (81 кг) ва Шакармамад Мирмамадов (+100 кг) ғолибони Бозиҳои варзишии Тоҷикистон шуда, бо медалҳои тилло сарфароз гаштанд.

Ғолибону ҷоизадорони Бозиҳои варзишии Тоҷикистон-2018 дар намуди ҷудо:

Вазни 60 кг
1. Боқиев Суҳроб, Хатлон-1
2. Суфиев Меҳрзод, Суғд
3. Абдуллоев Иброҳим, Душанбе
3. Аламов Сомон, ШНТМ

Вазни 66 кг
1. Боқиев Ёқубҷон, ВМКБ
2. Хайрандеш Муродзода, Хатлон-2
3. Ҳусейнзода Муҳаммадраҷаб, Суғд
3. Додов Парвиз, Душанбе

Вазни 73 кг
1. Рамазонов Мирзоҷамил, Хатлон-1
2. Шамоили Ҷаҳонгир, Хатлон-2
3. Саидов Расул, Душанбе
3. Шайхов Сайёд, ВМКБ

Вазни 81 кг
1. Муродов Акмал, Хатлон-1
2. Ҳакимов Кароматулло, Душанбе
3. Ҳикматуллоев Сабруллоҳ, ШНТМ
3. Маҷидов Ҷаҳонгир, Хатлон-2

Вазни 90 кг
1. Устопириён Комроншоҳ, Суғд
2. Раҳмонов Ҳоҷимашраб, Душанбе
3. Боқиев Умар, Хатлон-1
3. Розиқов Бахтовар, Рашт

Вазни 100 кг
1. Саидов Саидҷалол, Душанбе
2. Насимов Фирдавс, Хатлон-2
3. Сафаров Абдулло, Рашт
3. Шайхов Фарёд, ВМКБ

Вазни +100 кг
1. Мирмамадов Шакармамад, ВМКБ
2. Умедов Фаридун, Суғд
3. Раҳмонов Абубакр, Душанбе
3. Шерхонов Носир, Хатлон-1

Ба барномаи Бозиҳои варзишии Тоҷикистон, ки аз 7-уми апрел то 6-уми майи имсол идома кард, 11 намуд - баскетбол, бокс, вазнабардорӣ, варзиши сабук, волейбол, гуштии миллӣ, гуштии озод, гуштии юнониву румӣ, самбо, таэквондо (ВТФ) ва ҷудо - дохил буд. Мусобиқот аз рӯи барномаи бозиҳо дар вилояти Суғд, шаҳрҳои Душанбе, Бохтар, Кӯлоб, Турсунзода, Истаравшан ва ноҳияҳои Рашту Ашт баргузор шуд.

Бозиҳои варзишии Тоҷикистон, ки бо ибтикори Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши кишвар дар чор сол як маротиба гузаронида мешавад, барои дарёфти чеҳраҳои нав ва ба ҳайати дастаҳои мунтахаби ҷумҳурӣ ҷалб намудани онҳо мусоидат менамояд.

Ин бозиҳо як давраи омодагии варзишгарони тоҷик ба Бозиҳои XVIII осиёӣ, ки аз 18-уми август то 2-юми сентябри имсол дар шаҳрҳои Ҷакарта ва Палембанги Индонезия доир мегардад, ба шумор мерафт.

XS
SM
MD
LG