Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

“Хуҷанд” ва “Истиқлол” аз рақибонашон хеле пеш рафтанд


Дастаҳои “Хуҷанд”-и шаҳри Хуҷанд ва “Истиқлол”-и Душанбе, ки дар бозиҳои мавқуфгузоштаи лигаи олии футболи Тоҷикистон пирӯз шуданд, мавқеи пешсафиашонро дар ҷадвали мусобиқа мустаҳкам карданд.

“Истиқлол” дар бозии мавқуфгузоштаи даври дуюм дар майдони худ «Барқчӣ»-и Ҳисорро бо ҳисоби 2:1 шикаст дод. Голҳои Фатҳулло Фатҳуллоев ва Шериддин Бобоев ба душанбегиҳо се имтиёз оварданд. Як голи “Барқчӣ”-ро Ваҳдат Ханонов ба ҳадаф расонд.

«Хуҷанд» дар бозии мавқуфгузоштаи даври шашум дар меҳмонӣ бар «Кӯктош»-и ноҳияи Рӯдакӣ бо ҳисоби 3:1 ғолиб омад. Се голи меҳмононро Бахтиёр Чориев, Ҷаҳонгир Эргашев ва Хуршед Бекназаров заданд. Ягона голи мизбононро Шоҳназар Назаров ба самар расонд.

Ба иттилои Лигаи футболи Тоҷикистон, ин аввалин бозии дастаи нави лигаи олӣ - «Кӯктош» - дар мусобиқаи имсола дар ноҳияи Рӯдакӣ ба шумор мерафт. Ин бозиро дар варзишгоҳи “Нефтяник” 5000 мухлис тамошо кард, ки ин дар мусобиқаи имсола шумораи рекордист.

Баъди ин пирӯзиҳо «Хуҷанд» ва «Истиқлол» 16-имтиёзӣ гирифтаанд. Бо дарназардошти таносуби беҳтари тӯбҳо “Хуҷанд” дар мақоми аввал ва “Истиқлол” дар мақоми дуюм қарор доранд. Вале қаҳрамони феълии Тоҷикистон як бозӣ камтар кардааст. «Хатлон» бо 10 имтиёз мақоми сеюмро касб намудааст.

Рӯзи чоршанбе, 9-уми май, «Истиқлол» бозии мавқуфгузоштаи даври ҳафтумро муқобили ССКА «Помир» дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор баргузор мекунад. Бозӣ соати 18:00 шуруъ мешавад.

Мусобиқаи қаҳрамонии Тоҷикистон. Лигаи олӣ

Бозии мавқуфгузоштаи даври 2-юм

«Истиқлол» – «Барқчӣ» – 2:1

Голҳо: Фатҳулло Фатҳуллоев, 29 (1:0). Шериддин Бобоев, 55 (2:0). Ваҳдат Ханонов, 64 (2:1).

Огоҳонида шуданд: Эҳсони Панҷшанбе Табрези Давлатмир («Истиқлол»), Манучеҳр Сафаров, Саидмухтор Азимов («Барқчӣ»).

Бозигари беҳтарини дидор: Фатҳулло Фатҳуллоев («Истиқлол»).

Сардовар: Хусрави Сиддиқзод (Душанбе).

6 май. Ҳисор. Варзишгоҳи марказӣ. 300 тамошбин.

Бозии мавқуфгузоштаи даври 6-ум

«Кӯктош» – «Хуҷанд» – 1:3

Голҳо: Бахтиёр Чориев, 6 (0:1). Шоҳназар Назаров, 28 (1:1). Ҷаҳонгир Эргашев, 32 (1:2). Хуршед Бекназаров, 50 (1:3).

Огоҳонида шуданд: Принс Артур («Кӯктош»), Ҷаҳонгир Эргашев («Хуҷанд»).

Бозигари беҳтарини дидор: Шоҳназар Назаров («Кӯктош»).

Сардовар: Некрӯз Умаров (Бохтар).

6 май. Рӯдакӣ. Варзишгоҳи «Нефтяник». 5000 тамошобин.

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқа

Ҷ

ДАСТАҲО

Б

Ғ

М

Б

Т

И

1

«Хуҷанд» (Хуҷанд)

7

5

1

1

15-7

16

2

«Истиқлол» (Душанбе)

6

5

1

0

10-3

16

3

«Хатлон» (Бохтар)

7

3

1

3

9-9

10

4

ССКА «Помир» (Душанбе)

6

2

3

1

7-8

9

5

«Кӯктош» (Рӯдакӣ)

7

2

3

2

8-10

9

6

«Регар-ТадАЗ» (Турсунзода)

7

2

2

3

10-9

8

7

«Панҷшер» (Ҷалолиддини Балхӣ)

7

1

2

4

5-11

5

8

«Барқчӣ» (Ҳисор)

7

0

1

6

3-10

1

Нишонзанҳо: Наврӯз Рустамов («Хатлон»), Ҷаҳонгир Эргашев («Хуҷанд») – 5-тӯбӣ.

Бозиҳои наздиктарин:

Даври 7-ум

9 май (чоршанбе)

Оғози бозӣсоати 18:00

«Истиқлол» – ССКА «Помир»

Даври 8-ум

12 май (шанбе)

Оғози бозиҳосоати 17:00

«Кӯктош» – «Барқчӣ»

«Панҷшер» – «Хуҷанд»

13 май (якшанбе)

Оғози бозӣ соати 17:00

«Хатлон» – «Регар-ТадАЗ»

XS
SM
MD
LG