Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷоми Тоҷикистон бо рақобати дастаҳои лигаҳои якуму дуюм оғоз ёфт


Бозиҳои даври аввали марҳилаи пешакии Ҷоми Тоҷикистон бо ширкати дастаҳои лигаҳои якум ва дуюм натиҷагирӣ шуданд. Бар асоси қуръакашӣ дар марҳилаи пешакӣ 13 дастаи лигаи якум ва як тими лигаи дуюм – «Файзканд»-и Восеъ – ширкат доранд.

Дар ду бозии аввали марҳилаи пешакӣ мизбонон ғолиб шуданд. «Истаравшан»-и шаҳри Истаравшан дар майдони худ бар «Эсхата»-и шаҳри Хуҷанд бо ҳисоби 2:1 ва «Файзканд»-и ноҳияи Восеъ бар дастаи меҳмон - «Зарафшон»-и шаҳри Панҷакент бо ҳисоби 3:2 пирӯз гаштанд.

Дар ду бозӣ меҳмонон ғолиб омаданд. «Ваҳдат»-и шаҳри Ваҳдат «Равшан»-ро дар шаҳри Кӯлоб бо ҳисоби 3:0 мағлуб кард. «Саройкамар»-и ноҳияи Панҷ бар тими мизбон - «Ҳулбук»-и ноҳияи Восеъ - бо натиҷаи техникии 3:0 ғолиб дониста шуд.

Се бозӣ бо натиҷаи мусовӣ ба поён расид. «Исфара»-и шаҳри Исфара бозиро дар майдони худ бо «Парвоз»-и Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд бо ҳисоби 3:3 анҷом дод. Ду бозии дигар миёни дастаҳои «Дӯстӣ» (Ҷайҳун) – «Душанбе-83» (Душанбе) ва «Шоҳин» (Муъминобод) – «Сомон» (Данғара) бо ҳисоби якхелаи 1:1 хотима ёфт.

Бозиҳои ҷавобии марҳилаи пешакии Ҷоми Тоҷикистон рӯзҳои 17-18-уми май баргузор мешаванд. Бар асоси дастури мусобиқот ғолибони ҳафт ҷуфти марҳилаи пешакӣ ба 1/8 финали Ҷоми Тоҷикистон роҳ меёбанд. Дар ин марҳила ба онҳо ҳашт дастаи лигаи олӣ ва «Локомотив-Помир»-и Душанбе мепайванданд. Қуръкашии марҳилаҳои баъдии Ҷоми Тоҷикистон дертар доир хоҳад шуд.

Ба иттилои Лигаи футболи Тоҷикистон, мувофиқи таклифи дастаҳои лигаи якум «Локомотив-Помир», ки таркиби онро аслан бозигарони дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон ташкил медиҳанд, аз марҳилаи пешакӣ озод аст ва ба мубориза аз марҳилаи ҳаштякниҳоӣ шуруъ мекунад.

Ҷоми Тоҷикистон

Марҳилаи пешакӣ. Бозиҳои аввал

«Исфара» (Исфара) – «Парвоз» (Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд) – 3:3

Голҳо: Парвиз Деҳқонов, 11 (1:0). Собирҷон Эргашев, 26 (1:1). Оқил Қаюмзода, 38 (2:1). Хушбахт Назиров, 43 (3:1). Дилмурод Донаев, 58 (3:2). Дилмурод Донаев, 63 (3:3).

Огоҳонида шуданд: Муҳсин Набифонов («Исфара»), Амирбек Ҷумъаев («Парвоз»).

Бозигари беҳтарини дидор: Дилмурод Донаев («Парвоз»).

Сардовар: Хуршед Дадобоев (Хуҷанд).

1 май. Исфара. Варзишгоҳи марказӣ. 300 тамошобин.

«Равшан» (Кӯлоб) – «Ваҳдат» (Ваҳдат) – 0:3

Голҳо: Умед Азизов, 69 (0:1). Амир Меъморӣ, 76 (0:2). Умед Азизов, 78 (0:3).

Бозигари беҳтарини дидор: Умед Азизов («Ваҳдат»).

Сардовар: Сайвалӣ Турдиев (Вахш).

1 май. Кӯлоб. Варзишгоҳи марказӣ. 500 тамошобин.

«Дӯстӣ» (Ҷайҳун) – «Душанбе-83» (Душанбе) – 1:1

Голҳо: Аминҷон Ҳотамов, 1:0 (1:0). Колинс Адухене, 57 (1:1).

Огоҳонида шуданд: Абдурасул Наимов, Фирӯзи Абдулло («Дӯстӣ»), Сарвар Атахонов, Акрамҷон Қурбонов («Душанбе-83»).

Бозигари беҳтарини дидор: Аминҷон Ҳотамов («Дӯстӣ»).

Сардовар: Абдулло Давлатов (Шаҳринав).

1 май. Ҷайҳун. Варзишгоҳи марказӣ. 3500 тамошобин.

«Шоҳин» (Муъминобод) – «Сомон» (Данғара) – 1:1

Голҳо: Муҳсин Мадуллоев, 90+2 (1:0). Мустафо Мухторов, 90+3 – ба дарвозаи худ (1:1).

Огоҳонида шуданд: Мустафо Мухторов, Муродалӣ Аминҷон, Исмоили Рустам («Шоҳин»), Амирҷон Маҷидов («Сомон»).

Бозигари беҳтарини дидор: Маъруф Нуралиев («Шоҳин»).

Сардовар: Хусрави Сиддиқзод (Душанбе).

1 май. Муъминобод. Варзишгоҳи марказӣ. 2100 тамошобин.

«Истаравшан» (Истаравшан) – «Эсхата» (Хуҷанд) – 2:1

Голҳо: Илҳом Баротов, 8 – аз пеналтӣ (1:0). Илҳом Баротов, 40 (2:0). Абдураҳмон Узоқов, 86 (2:1).

Огоҳонида шуданд: Муҳаммадалӣ Азизбоев, Фаридун Деҳқонов, Қурбоналӣ Бобоев, Илҳом Баротов («Истаравшан»), Абдураҳмон Узоқов, Шоҳрух Раҷабматов («Эсхата»).

Бозигари беҳтарини дидор: Илҳом Баротов («Истаравшан»).

Сардовар: Абдурашид Муродов (Турсунзода).

2 май. Истаравшан. Варзишгоҳи марказӣ. 3200 тамошобин.

«Файзканд» (Восеъ) – «Зарафшон» (Панҷакент) – 3:2

Голҳо: Беҳрӯз Юсупов, 2 (1:0). Фирдавс Икромов, 18 (2:0). Комрон Маҳмудов, 27 – аз пеналтӣ (2:1). Суҳайл Тухтаев, 54 (2:2). Идрис Сатторов, 90+3 (3:2).

Огоҳонида шуданд: Исфандиёр Азизов («Файзканд»), Комрон Маҳмудов, Билол Султонов («Зарафшон»).

Бозигари беҳтарини дидор: Фирдавс Икромов («Файзканд»).

Сардовар: Некрӯз Умаров (Бохтар).

2 май. Восеъ. Варзишгоҳи «Султони Кабир». 2000 тамошобин.

«Ҳулбук» (Восеъ) – «Саройкамар» (Панҷ) – 0:3 (натиҷаи техникӣ)

XS
SM
MD
LG