Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қуръакашии қаҳрамонии Осиё рақибони мунтахаби Тоҷикистонро маълум мекунад


Конфедератсиони футболи Осиё (AFC) таркиби сабадҳои қуръакашии марҳилаи ниҳоии мусобиқаи қаҳрамонии Осиё-2018 миёни дастаҳои мунтахаби то 19-соларо эълон кард. Қуръакашӣ 18-уми май дар меҳмонхонаи "Fairmont"-и шаҳри Ҷакартаи Индонезия соати 15:00 ба вақти маҳаллӣ (соати 12:00 – ба вақти Душанбе) доир мешавад.

Ба иттилои дафтари матбуоти Федератсиони футболи Тоҷикистон, мунтахаби ҷавонони кишвар дар мавриди қуръакашӣ ҳамроҳи дастаҳои Ироқ, Кореяи Ҷанубӣ ва Имороти Муттаҳидаи Араб ба сабади дувум дохил шудааст. Мунтахаби Тоҷикистон бо ин дастаҳо дар як гурӯҳ бозӣ нахоҳад кард.

Ба сабади якум Индонезия (ҳамчун мизбони мусобиқа мустақиман ба гурӯҳи «А» шомил гаштааст), Ҷопон, Арабистони Саудӣ ва Ветнам ворид шудаанд. Аз сабади севум метавонанд Австралия, Қатар, Чин ё Тайланд рақиби мунтахаби Тоҷикистон шаванд. Ба сабади чорум Кореяи Шимолӣ, Урдун, Малайзия ва Тайбэйи Чин дохиланд.

Мусобиқаи қаҳрамонии Осиё миёни дастаҳои мунтахаби то 19-сола аз 18-уми октябр то 4-уми ноябри имсол дар шаҳрҳои Ҷакарта, Бекаси, Сикаранг, Сибинонг ва Бандунги Индонезия бо ширкати 16 даста доир хоҳад шуд.

Дар ҷараёни қуръакашӣ дастаҳо ба чаҳор гурӯҳ тақсим мешаванд, ки ҳар як гурӯҳ аз чаҳор даста таркиб меёбад. Аз рӯи натиҷагирии сабқати гурӯҳӣ аз ҳар гурӯҳ ду дастаи беҳтарин ба чорякфинал мебароянд ва минбаъд мусобиқа аз рӯи системи олимпӣ сурат мегирад, яъне дастаи мағлубшуда аз ҳаққи идомаи мубориза маҳрум мешавад.

Бояд гуфт, ки чаҳор дастаи беҳтарини мусобиқаи қаҳрамонии Осиё-2018 ба мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон-2019 (U-20), ки дар Полша доир хоҳад шуд, роҳхат мегирад.

Зимнан, дар тамоми таърихи худ мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон барои бори чаҳорум аст, ки ба марҳилаи ниҳоии қаҳрамонии Осиё роҳ ёфтааст. Аз ин пеш футболбозони навраси тоҷик солҳои 2006, 2008 ва 2016 дар марҳилаи ниҳоии қаҳрамонии Осиё иштирок кардаанд. Беҳтарин дастоварди мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон роҳ ёфтан ба даври чорякниҳоии қаҳрамонии Осиё дар соли 2016 дар Баҳрайн мебошад.

Таркиби сабадҳо ҳангоми қуръакашии мусобиқаи қаҳрамонии Осиё-2018:

Сабади 1: Индонезия, Ҷопон, Арабистони Саудӣ, Ветнам.

Сабади 2: Ироқ, Тоҷикистон, Кореяи Ҷанубӣ, Имороти Муттаҳидаи Араб.

Сабади 3: Австралия, Қатар, Чин, Тайланд.

Сабади 4: Кореяи Шимолӣ, Урдун, Малайзия, Тайбэйи Чин.

XS
SM
MD
LG