Дастаи мунтахаби наврасони футболи Тоҷикистон дар доираи омодагӣ ба марҳилаи ниҳоии қаҳрамонии Осиё-2018 миёни бозигарони то 16-сола дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Сербия ширкат хоҳад кард.
Ба иттилои дафтари матбуоти Федератсияи футболи Тоҷикистон, дар ин мусобиқа, ки дар тамрингоҳи мунтахаби Сербия, дар шаҳрчаи Стара-Пазоваи наздики Белград барпо мегардад, тимҳои мунтахаби наврасони Сербия, Тоҷикистон, Урдун ва Ҳиндустон иштирок мекунанд.
Футболбозони навраси тоҷик нахустин бозиашонро дар ин мусобиқа рӯзи 9-уми май муқобили ҳамсолони худ аз Сербия анҷом медиҳанд. Шогирдони Зайниддин Раҳимов 11-уми май бо тими Урдун ва 13-уми май бо дастаи Ҳиндустон вориди рақобат мешаванд.
Мусобиқаи байналмилалӣ дар Сербия
Даври 1-ум
9 май (чоршанбе)
19:00 – Ҳиндустон – Урдун
22:00 – Тоҷикистон – Сербия
Даври 2-юм
11 май (ҷумъа)
19:00 – Тоҷикистон – Урдун
22:00 – Сербия – Ҳиндустон
Даври 3-юм
13 май (якшанбе)
19:00 – Ҳиндустоня – Тоҷикистон
22:00 – Сербия – Урдун
Эзоҳ: замони оғози бозиҳо – ба вақти Душанбе.
Мусобиқаи қаҳрамонии Осиё-2018 миёни бозигарони то 16-сола аз 20-уми сентябр то 7-уми октябр дар Малайзия бо ширкати 16 даста барпо мегардад. Бар асоси қуръакашӣ футболбозони навраси тоҷик дар гурӯҳи “А” бо тимҳои мунтахаби наврасони Малайзия, Ҷопон ва Тайланд рақобат мекунанд.
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон нахустин бозиашро рӯзи 20-уми сентябр дар Варзишгоҳи миллии Куала-Лумпур бо ҳамсолони худ аз Малайзия анҷом медиҳад. Дар даври дувуми мусобиқа 23-юми сентябр бо тими Ҷопон вориди рақобат мешавад. Бозии даври севумро дар марҳилаи гурӯҳӣ дастаи Тоҷикистон 26-уми сентябр бо тими Тайланд баргузор мекунад.
Дастаҳо ба чаҳор гурӯҳ тақсим шудаанд, ки ҳар як гурӯҳ аз чаҳор даста иборат аст. Аз рӯи натиҷагирии сабқати гурӯҳӣ аз ҳар гурӯҳ ду дастаи беҳтарин ба чорякфинал мебароянд ва минбаъд мусобиқа аз рӯи системи олимпӣ сурат мегирад, яъне дастаи мағлубшуда аз ҳаққи идомаи мубориза маҳрум мешавад.
Дар мавриди роҳ ёфтан ба чорякфинали қаҳрамонии Осиё-2018 мунтахаби наврасони Тоҷикистон бо яке аз дастаҳои гурӯҳи «В» (Кореяи Шимолӣ, Умон, Яман ва Урдун) бозӣ мекунад.
Бояд гуфт, ки чаҳор дастаи беҳтарини мусобиқаи қаҳрамонии Осиё-2018 ба мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон-2019 (U-17), ки дар Перу доир хоҳад шуд, роҳхат мегирад.
Зимнан, дар тамоми таърихи худ мунтахаби наврасони Тоҷикистон барои бори севум аст, ки ба марҳилаи ниҳоии қаҳрамонии Осиё роҳ ёфтааст. Аз ин пеш футболбозони навраси тоҷик солҳои 2006 ва 2010 дар марҳилаи ниҳоии қаҳрамонии Осиё иштирок кардаанд. Мунтахаби наврасони Тоҷикистон соли 2006 дар қаҳрамонии Осиё дар Сингапур бо медалҳои биринҷӣ мукофотонида шуд ва соҳиби роҳхат ба қаҳрамонии ҷаҳон-2007 гардид.
Таркиби гурӯҳҳои мусобиқаи қаҳрамонии Осиё-2018 миёни дастаҳои мунтахаби наврасон (U-16):
Гурӯҳи «А»: Малайзия, Ҷопон, Тайланд, Тоҷикистон.
Гурӯҳи «В»: Кореяи Шимолӣ, Умон, Яман, Урдун.
Гурӯҳи «С»: Эрон, Ветнам, Ҳиндустон, Индонезия.
Гурӯҳи «D»: Ироқ, Кореяи Ҷанубӣ, Австралия, Афғонистон.
Тақвими бозиҳои гурӯҳи “А”
Даври 1-ум
20 сентябр (панҷшанбе)
16:30 – Малайзия – Тоҷикистон. Варзишгоҳи миллӣ
20:45 – Ҷопон – Тайланд. Варзишгоҳи «UM Arena»
Даври 2-юм
23 сентябр (якшанбе)
16:30 – Тайланд – Малайзия. Варзишгоҳи миллӣ
20:45 – Тоҷикистон – Ҷопон. Варзишгоҳи «UM Arena»
Даври 3-юм
26 сентябр (чоршанбе)
16:30 – Малайзия – Ҷопон. Варзишгоҳи миллӣ
16:30 – Тайланд – Тоҷикистон. Варзишгоҳи «UM Arena»
Чорякфинал
30 сентябр (якшанбе)
16:30 – 1 «А» – 2 «В». Варзишгоҳи миллӣ
20:45 – 1 «В» – 2 «А». Варзишгоҳи «Петалинг-Ҷая»
1 октябр (душанбе)
16:30 – 1 «С» – 2 «D». Варзишгоҳи «UM Arena»
20:45 – 1 «D» – 2 «С». Варзишгоҳи «Петалинг-Ҷая»
Нимфинал
4 октябр (панҷшанбе)
16:30 – Ғолиби 1 «А»/2 «В» – Ғолиби 1 «С»/2 «D». Варзишгоҳи миллӣ
20:45 – Ғолиби 1 «В»/2 «А» – Ғолиби 1 «D»/2 «С». Варзишгоҳи «Петалинг-Ҷая»
Финал
7 октябр (якшанбе)
20:45 – Варзишгоҳи милл
Ичрои дастури пешвои исмоилиёни ҷаҳон Имоми Замон Шохзода Карим барои хар як пайраваш амри вокеи мебошад. Тамоми Исмоилихои чахон, ки дар давлатхои гуногун Чамоати худро доранд аз чумлаи, Хиндустон, Покистон, Африкои шимоли ва Канадаю Аврупо нихоят тахаммулпазир ва созандаю эчодкор мебошанд. Мардуми Бадахшон бояд намунаи ибрати хамаи Исмоилихо Чахон ва ифтихори Точикистон бошанд. Хатто ман имони комил дорам, ки Имоми Замон аз ин амалхои пайравонаш дар Бадахшон сахт гамгин аст. Шумо ба фитнаю дасисаи игвогарон аз беруни кишвар ва як гурухи АВБОШОН дар байни Чамоат дар дохил, ки душманони миллати Точик хастанд, дода нашавед. Зинда бод вахдати Точик. Тинчи, сулху осоишта ва саломати ба хар як хонадони Точик. Сабрро пеша кунетон ва дар доираи Конунхои Чумхурии Точикистон кор ва зиндаги кунетон.
Офарин Оқои Оғохон, раҳмати беандоза ба Шумо барои ин суханҳои некатон. Воқеан Ҳакимед! Зинда бошед, тансиҳат бошед! Ҳамин тазоҳуротчиёнро ором кунед, мо дар ин вазъияти душвор дар дунё аз чунин тазоҳуротҳо безорем. Ба мо имкону шароити меҳнат, заҳмат кардан зарур, на пақ пақу "озодии баён"
Зеварбону ман 24-сол дар Тоҷикистон будам. Ҳар як фарди тоҷикистониро аз зери заррабин гузарондам. Ҳеч кас дар фикри зиндагӣ кардан нест, ҳама дар фикри зинда мондананд. Магар президент ҳамин шабу рӯз зиндагӣ мекунад ё зинда мемонад? Агар зиндагӣ мекунад, пас чаро муҳофизи бешумор атрофаш, мошинҳои зиреҳпӯши олмонӣ бо суръати ҳавопаймо дар кӯчаҳои шаҳру навоҳие ки сулҳу ваҳдаташро худ асос гузоштааст, чаро? Маълум аст, ки талоши зинда мондан дорад. Танҳо касоне, ки нишони озодӣ дар онҳо дида мешавад ва мехоҳанд ба ҷойи зинда мондан зиндагӣ кунанд, сокинони шарафманди Бадахшон, хоссатан шаҳри Хоруғ мебошанд. Бедормарде, ки хоби “мардак”-еро халалдор кардааст, Бадахшон аст! Ҷавҳар Дудаев: “Свобода вещь слишком дорогая чтобы попытаться ее достичь дешевой ценой”.
Зихи Зеварбону, дар хакикат зевари миллати точик хасти! Мурочиат ба мардуми шарифи Кулоб! Эй чавонони кулоби, бояд Шумо имруз хаминро донед, ки аз кафои ки меравед? Аз кафои золим бар мукобили мазлум е баръакс? Имруз ягона куввае ки метавонад аз мардуми мазлуми Балахшон дифоъ кунад, ин пеш аз хама шумоед. Ё дар таърих хамчун кахрамони миллат хохед монд ва ё русиёхи таърих хохед гашт. Пас имруз интихоб ба Шумост! Агар хохед, ки кахрамони ин миллат бошед, пас таъчилан ба дифоъ мардуми мазлум ва чафокашидаи Балахшон бархезел ва бо бовари гуфта метавон, ки бокимонда миллат аз кафои Шумо хохад хест ва аз хаку хукуки хеш дифоъ хохад кард.
Шарху тавзехоти асосиро чаро ба нашр намедихед... аз сахар чоп нашудааст