Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вазири мухобироти Русия: баъди Telegram эҳтимол Viber баста шавад


Вазири мухобироти Русия Николай Никифиров
Вазири мухобироти Русия Николай Никифиров

Вазири мухобироти Русия Николай Никифоров гуфт, ки паёмрасони Viber эҳтимол ба мисли Telegram масдуд мешавад, агар ин ширкат калиди рамзии паёмҳои корбаронро ба Хадамоти федеролии амният надиҳад.

"Ин суол дар салоҳияти Хадамоти федеролии амният аст. Агар онҳо дар заминаи дастрасӣ ба калиди рамзии паёмҳои корбарон мушкил пайдо кунанд, метавонанд ба додгоҳ муроҷиат кунанд ва айни ҳамон қарореро бигиранд, ки дар робита ба Telegram содир шуд",- навиштааст хабаргузории ТАСС аз қавли вазир.

Ӯ ҳамчунин гуфт, ки маълумот дар бораи истеъфои эҳтимолии раҳбари Роскомнадзор Александр Жаровро шарҳ намедиҳад.

Масдудшавии Telegram дар Русия 16 апрел, бо қарори додгоҳ дар ҳоле оғоз шуд, ки раҳбарияти ин паёмрасон аз додани калидҳои рамзии паёмаҳои корбарон ба Хадамоти амният сарпечӣ карданд. Азбаски Telegram барои фирор аз монеъа сервери ширкаҳои Amazon ва Google-ро истифод кард, Роскомнадзор дастрасӣ ба ин ширкатҳоро ҳам маҳдуд намуд. Дар натиҷа 20 миллион IP-адрес масдуд шуд. Ин дар ҳолест, Telegram фаъолияташро дар Русия идома дод.

XS
SM
MD
LG