Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бозии "Истиқлол" бо "Алтин Асир" ҳалкунанда мешавад


Дастаи "Алтин Асир", қаҳрамони Туркманистон, дар бозии даври панҷуми марҳилаи гурӯҳии Ҷоми AFC (Конфедератсиони футболи Осиё)-2018 тими "Олой", қаҳрамони Қирғизистонро бо ҳисоби бузурги 5:0 мағлуб кард.

Ин бозии даври панҷуми гурӯҳи “D” рӯзи дуюми май дар варзишгоҳи “Спорт топлуми”-и шаҳри Балканободи Туркманистон баргузор шуд. Бозӣ комилан бо бартарии мизбонон сурат гирифт. Ҳисобро Мекан Аширов дар дақиқаи 7-уми дидор боз кард. Алтимурод Аннадурдиев дар дақиқаи 25-ум ҳисобро афзун намуд. Се голи дигар дар нимаи дувуми бозӣ зада шуд. Мурод Яхшиев дар дақиқаи 60-ум голи севум ва дар дақиқаи 69-ум голи чорумро аз пеналтӣ ба ҳадаф расонд. Голи панҷумро Алтимурод Аннадурдиев дар дақиқаи 90+1 зад.

Ёдовар мешавем, дастаи “Истиқлол”, қаҳрамони Тоҷикистон, дар бозии даври панҷуми марҳилаи гурӯҳии Ҷоми AFC-2018 тими «Аҳал», барандаи ҷоизаи нуқраи мусобиқаи қаҳрамонии Туркманистонро дар меҳмонӣ бо ҳисоби 1:0 шикаст дод. Голи ягонаро нимҳимоятгар Фатҳулло Фатҳуллоев дар дақиқаи 52-юм ба ҳадаф расонд.

Баъди натиҷагирии панҷ даври мусобиқа дар ҷадвали гурӯҳи “D” дастаи “Истиқлол” бо 13 имтиёз дар ҷои аввал қарор дорад. “Алтин Асир” бо 11 имтиёз дар ҷои дувум мебошад. “Аҳал” бо 4 имтиёз дар ҷои севум аст. “Олой” бидуни имтиёз дар зинаи охирин – чаҳорум – ҷойгир шудааст.

Муҳсин Муҳаммадиев, сармураббии дастаи «Истиқлол», дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, “дар назди мо дар Ҷоми АФК вазифаи ҷиддӣ гузошта шудааст. Аввалан - аз гурӯҳ баромадан. Ҳамакнун тақдири роҳхати ягона ба даври баъдии мусобиқа рӯзи 16-уми май, замоне ки мо дар хона муқобили рақиби аслиамон - «Алтин Асир» - бозӣ мекунем, ҳал мешавад.”

Бояд гуфт, ки барои роҳ ёфтан ба даври баъдии мусобиқа “Истиқлол”-ро дар бозии охирин бо қаҳрамони Туркманистон натиҷаи мусовӣ низ қаноатманд мекунад. Вале ба “Алтин Асир” барои аз гурӯҳ баромадан дар бозӣ муқобили қаҳрамони Тоҷикистон танҳо ғалаба зарур аст.

Марҳилаи гурӯҳии Ҷоми AFC-2018 дар минтақаи Марказӣ 16-уми май ба поён мерасад. Ба даври баъдии мусобиқа танҳо ғолиби гурӯҳ роҳ меёбад. Пас аз анҷоми марҳилаи гурӯҳӣ бозиҳои ниманиҳоӣ ва ниҳоии байниминтақавӣ баргузор мешаванд. Бозии ниҳоии Ҷоми AFC-2018 рӯзи 27-уми октябри имсол барпо мегардад.

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали гурӯҳи “D”

Ҷ

ДАСТАҲО

Б

Ғ

М

Б

Т

И

1

«Истиқлол» (Тоҷикистон)

5

4

1

0

8-4

13

2

«Алтин Асир» (Туркманистон)

5

3

2

0

14-5

11

3

«Аҳал» (Туркманистон)

5

1

1

3

5-3

4

4

«Олой» (Қирғизистон)

5

0

0

5

5-20

0

Бозиҳои боқимонда:

Даври 6-ум

16 май (чоршанбе)

«Истиқлол» (Тоҷикистон) – «Алтин Асир» (Туркманистон)

«Олой» (Қирғизистон) – «Аҳал» (Туркманистон)

XS
SM
MD
LG