Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Ливерпул" рақиби "Реал" дар финали Лигаи қаҳрамонҳо шуд


“Ливерпул” –и Англия ҳарчанд дар бозии ҷавобии ниманиҳоӣ дар меҳмонӣ аз «Рома»-и Италия бо ҳисоби 2:4 мағлуб гашт, аз рӯи натиҷаҳои ду бозӣ бо ҳисоби 7:6 пирӯз шуда, ба финали Лигаи қаҳрамонҳои УЕФА роҳ ёфт. Дар бозии аввал “Ливерпул” дар майдони худ бо ҳисоби 5:2 ғолиб омада буд.

Бозии ҷавобӣ миёни дастаҳои “Рома” ва “Ливерпул дуюми май дар Рим баргузор шуд, Садио Мане, бозигари меҳмонон, дар дақиқаи нӯҳум ҳисобро боз кард. Вале баъди шаш дақиқа тӯб ба пойи бозигари "Ливерпул" Ҷеймс Милнер бархӯрда, вориди дарвоза шуд ва ҳисоб баробар гардид. Дар дақиқаи 25-ум боз "Ливерпул" ба пеш баромад. Тӯбро Жоржино Вейналдум ба ҳадаф расонд.

Дар нимаи дувуми дидор, дар дақиқаи 52-юм, бозигари "Рома" Эдин Ҷеко ҳисобро баробар намуд. Дар замони боқимондаи бозӣ мизбонон боз ду гол заданд. Ҳарду голро Раҷа Наингголан дар дақиқаҳои 86-ум ва 90+4 (аз пеналтӣ) ба самар расонд.

Ҳамин тариқ, аз рӯи натоиҷи ду бозӣ “Ливерпул” бо раҳбарии Юрген Клопп ба финал баромад. Рақибаш дар бозии ниҳоӣ, ки 26-уми май дар Киев баргузор мешавад, «Реал»-и Испания мебошад.

Ёдовар мешавем, «Реал»-и Мадрид, ки бозии ҷавобии ниманиҳоиро рӯзи якуми май дар майдони худ бо дастаи «Бавария»-и Мюнхен бо ҳисоби мусовии 2:2 анҷом дод, аз рӯи натиҷаҳои ду бозӣ бо ҳисоби 4:3 барои севумин бор паиҳам ба финали Лигаи қаҳрамонҳои УЕФА роҳ ёфт. Дар бозии ҷавобӣ ду голи мизбононро Карим Бензема ба самар расонд. Голҳои меҳмононро Ҷошуа Киммих ва Хамес Родригес заданд.

Ба ин тартиб, «Реал» бори севум паиҳам ба финали Лигаи қаҳрамонҳо баромад. Аз ин пеш тимҳои итолиёвии «Милан» (1993-1995) ва «Ювентус» (1996-1998) cеборӣ паиҳам дар финали Лигаи қаҳрамонҳо ширкат кардаанд.

“Реал” 12 бор барандаи Ҷоми Лигаи қаҳрамонҳо гардидааст, аз он ҷумла дар панҷ соли охир се бор (солҳои 2013, 2016 ва 2017) дар ин мусобиқот ғолиб шудааст.

Лигаи қаҳрамонҳо

1/2 финал

Бозиҳои ҷавобӣ

“Реал” (Мадрид, Испания) – “Бавария” (Мюнхен, Олмон) - 2:2 (1:1, 1:1)

1 май, Мадрид, варзишгоҳи «Сантяго Бернабеу»

Голҳо: Киммих, 3 (0:1), Бензема, 11 (1:1), Бензема, 46 (2:1), Хамес, 63 (2:2)

“Реал”: Навас, Васкес, Варан, Рамос, Марсело, Модрич, Ковачич (Каземиро, 73), Кроос, Асенсио (Начо, 88), Бензема (Бэйл, 72), Роналду.

“Бавария”: Улрайх, Киммих, Зюле, Хуммелс, Алаба, Алкантара, Мюллер, Толиссо (Вагнер, 75), Хамес (Мартинес, 84), Рибери, Левандовски.

Огоҳонида шуданд: Модрич (62), Васкес (65), Варан (88), Каземиро (89).

Бозии аввал: 2:1

Рома” (Италия) – “Ливерпул” (Англия) - 4:2 (1:2, 3:0)

2 май, Рим, варзишгоҳи «Стадио Олимпико»

Голҳо: Мане, 9, (0:1), Милнер, 15 ба дарвозаи худ (1:1), Вейналдум, 25 (1:2), Ҷеко, 52 (2:2), Наингголан 86 (3:2), Наингголан, 90 – аз пеналтӣ (4:2)

Рома: Алиссон, Флоренси, Манолас, Фасио, Коларов, де Росси (Гоналон, 69), Наингголан, Пеллегрини (Ундер, 53), Шик, Ҷеко, Эл-Шаарави (Антонуччи, 75).

“Ливерпул”: Кариус, Александер - Арнолд (Клайн, 90), Ловрен, ван Дейк, Робертсон, Вейналдум, Хендерсон, Милнер, Салах, Фирмино (Соланке, 87), Мане (Клаван, 83).

Огоҳонида шуданд: Ловрен (44), Флоренси (77), Манолас (84), Робертсон (84), Соланке (90).

Бозии аввал: 2:5

XS
SM
MD
LG