Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

20 медали варзишгарони тоҷик дар Абу-Даби


Варзишгарони тоҷик дар мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон миёни наврасону ҷавонон, бузургсолон ва Фестивал ё Ҷашнвораи ҷаҳонии ҷиу-ҷитсу, ки аз 16-ум то 28-уми апрел дар шаҳри Абу-Дабии Имороти Муттаҳидаи Араб баргузор шуд, ҳамагӣ 20 медал ба даст оварданд.

Ба иттилои Федератсияи ҷиу-ҷитсуи Тоҷикистон, ба ҳайати дастаи мунтахаби кишвар 28 варзишгар дохил буд. Наврасони тоҷик соҳиби 3 медали тилло, 1 нуқра ва 2 биринҷӣ гардиданд. Варзишгарони ҷавони тоҷик бо 4 медали тилло, 5 нуқра ва 4 биринҷӣ мукофотонида шуданд. Дар сабқати бузургсолон Алиҷон Бобомуродов дар вазни 56 килограмм бо медали биринҷӣ сарфароз гашт.

Ёдовар мешавем, соли гузашта дар мусобиқаи қаҳрамони ҷаҳон оид ба ҷиу-ҷитсу миёни ҷавонон Ибодулло Ибодов медали тилло, Саидшо Ҳукматов ва Шамсиддин Абдураҳимов медалҳои нуқра ба даст оварда буданд. Ҳарсе бо ҷоизаҳои президенти Тоҷикистон сарфароз шуданд.

Инчунин варзишгарони тоҷик дар Бозиҳои V осиёӣ дар иншооти сарпӯшида ва ҳунарҳои размӣ, ки моҳи сентябри соли 2017 дар пойтахти Туркманистон - шаҳри Ишқобод – баргузор шуд, дар мусобиқаи ҷиу-ҷитсу соҳиби ду медал гардиданд. Фирдавс Шарифов ва Фирдавс Абдупанобов дар рақобатҳои ҷуфти мардона (Men's Duo Classic), Нигора Юсуфова ва Фирдавс Абдупанобов дар рақобатҳои ҷуфти омехта (Mixed Duo Classic) бо медалҳои биринҷӣ сарфароз гаштанд.

Ҷиу-ҷитсу як навъи муҳорибаи омехта аст, ки ҳам усулҳои гуштиро дорад ва ҳам усулҳои муштзаниву кикбоксингро. Ин навъи варзиш аз Ҷопон бархоста, батадриҷ дар саросари дунё густариш ёфтааст. Федератсияи ҷиу-ҷитсуи Тоҷикистон соли 2011 ташкил шудааст. Ҳоло дар Тоҷикистон ҳудуди 2500 нафар бо ҷиу-ҷитсу машғуланд, ки дар байни онҳо духтарон ҳам ҳастанд.

Ҷиу-ҷитсу ба барномаи Бозиҳои XVIII тобистонаи осиёӣ, ки аз 18-уми август то 2-юми сентябри имсол дар шаҳрҳои Ҷакарта ва Палембанги Индонезия баргузор мешавад, дохил аст. Зӯртарин варзишгарони ин намуд Тоҷикистонро дар Бозиҳои осиёӣ намояндагӣ хоҳанд кард.

XS
SM
MD
LG