Тими «Реал»-и Мадрид, ки бозии ҷавобии ниманиҳоиро рӯзи 1-уми май дар майдони худ бо дастаи «Бавария»-и Мюнхен бо ҳисоби мусовии 2:2 анҷом дод, аз рӯи натиҷаҳои ду бозӣ барои севумин бор паиҳам ба финали Лигаи қаҳрамонҳои УЕФА баромад.
Дар бозии ҷавобӣ ду голи мизбононро Карим Бензема ба самар расонд. Голҳои меҳмононро Ҷошуа Киммих ва Хамес Родригес заданд.
Ба ин тартиб, «Реал» бо раҳбарии Зинедин Зидан барои бори ҳафтум ба финали Лигаи қаҳрамонҳо роҳ ёфт. Ӯ аз рӯи ин нишондод рекорд гузошт. Тимҳои итолиёвии «Милан» ва «Ювентус» шашборӣ дар финали Лигаи қаҳрамонҳо ширкат кардаанд.
“Реал” 12 бор барандаи Ҷоми Лигаи қаҳрамонҳо гардидааст, аз он ҷумла дар панҷ соли ахир се бор ( солҳои 2013, 2016 ва 2017) дар ин мусобиқот ғолиб шудааст.
Дар бозии ниҳоии мавсими имсола «Реал» бо ғолиби ҷуфти «Рома»-и Италия ва «Ливерпул»-и Англия рақобат мекунад. Дар бозии аввал “Ливерпул” дар майдони худ бо ҳисоби 5:2 пирӯз шудааст. Бозии ҷавобӣ имрӯз, 2-юми май, дар Рим доир мешавад.
Лигаи қаҳрамонҳо
1/2 финал
Бозии ҷавобӣ
“Реал” (Мадрид, Испания) – “Бавария” (Мюнхен, Олмон) - 2:2 (1:1, 1:1)
Сана ва макони баргузорӣ:
1 май, Мадрид, варзишгоҳи «Сантяго Бернабеу»
Голҳо: Киммих, 3 (0:1), Бензема, 11 (1:1), Бензема, 46 (2:1), Хамес, 63 (2:2)
“Реал”- Мадрид:
Навас, Васкес, Варан, Рамос, Марсело, Модрич, Ковачич (Каземиро, 73), Кроос, Асенсио (Начо, 88), Бензема (Бэйл, 72), Роналду.
“Бавария”- Мюнхен: Улрайх, Киммих, Зюле, Хуммелс, Алаба, Алкантара, Мюллер, Толиссо (Вагнер, 75), Хамес (Мартинес, 84), Рибери, Левандовски.
Огоҳонида шуданд:
Модрич (62), Васкес (65), Варан (88), Каземиро (89).
Бозии аввал: 2:1
Тухфа ба Нури бахшида ба 25 солагии истикрори сулх.
Радиои Озоди, хамин мавзухои кухна чи лозим? Мардум Сталин кист намедонанд, шумо репрессияхои сталиниро мекобед. Шахсан барои ман хокимияти совети на бад аст на хуб. Ягон бадбини надорам ман. Ба гузашта салавот. Гузаштагои нохак катл шуда чояшон чаннату рузашон шод бод. Мо танхо дуо мекунем халос. Дигар хеч чиз аз дастамон намеояд. Падари бобоям ва падари бибиям хардуяшонро шабона аз хона бурда, беному нишон гум шудаанд. Лекин худоразматии бобоям як чевон дошт, даруни чевон як ситора ва сурати сталин буд. Хурд будам, пурсида будам: бобо ин портрет барои чи дар чевон аст, магар сталин падаратонро катл накардааст??? Русхо душмани мо не??? Бобоям гуфта буданд: падарамро русхо не, точикони бахилу бесаводу бехунар, бо тухмату дуруг зери панчара кардаанд. Агар рус душман мебуд, ин хамаи фарзандони манро як кадам ба донишгохои совети рох намедод. Ба гузашта салавод, чони бобо. Аз паи оянда шаву, аз буззу бехунару бесаводони кутохакл дуртар гард гуфта бадаанд.
Хукумат эьтимоди худро дар байни мардум тамоман аз даст додааст ва мехоханд барои нигох доштанти хукумати оилави аз тарсу шиканча истифода кунад. Офтобро костюми президент пушонидан гайриимкон хам
Ахсан ба Икболи Лохури! Бисёр мехохам дар мавзухои дигар хам шарххо бо истифода эчодиёти Мухаммадикболи Лохури бинависи ва дигарон аз он бахра баранд. Аз ОЗОДИ хам хохиш дорам дар бораи Мухаммадикболи Лохури барномаеро пешкаш намояд.
Коммунистони Кремл халқи тоҷикро 70-сол мағзшӯӣ карданд, ки дин бад аст, дин афюни халқ аст, дин фалон асту фалон аст, нурӣ дар як шаб хост ин халқи 70-соларо ба низоми исломӣ мутобиқ кунад, он ҳам бо зӯри силоҳ хок бар. Сангаку ғайри сангак, ки ба гуфтаи худашон “нону намаки коммунизм”-ро хӯрда буданд, ба хашм омаданд, онҳо ҳам бо силоҳ муқобилият карданд. Елтсину Каримов ба оташ равған рехтанд, КГБ-и коммунистӣ ҷангро мудирият кард, 300-ҳазор нафар, аз ҷумла занону кӯдакон кушта шуданд, садҳо ҳазор гуреза, шаҳру деҳот хунолӯд, 100-миллиард сомонӣ зарари моддӣ, иқтисод касоду мақомот фалаҷ, мотам андар мотам. Имрӯз ҳам кабирӣ мехоҳад низоми “исломӣ”-ро, ки решааш аз теҳрон об мехӯрад, ба сари халқи тоҷик таҳмил диҳад. Ин шабу рӯз бубинед, ки халқи эрон (низоми “исломӣ”) чӣ ҳолу аҳвол доранд?!