Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раиси Шӯрои олимпии Осиё ба Душанбе омад


Раиси Шӯрои олимпии Осиё ва президенти Ассотсиатсияи кумитаҳои миллии олимпӣ шайх Аҳмад ал-Фаҳд ал-Сабоҳ, ки бо сафари расмӣ ба Душанбе омадааст, рӯзи 1-уми май бо сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода мулоқот кард.

Дар ҷараёни ин мулоқот масоили ҳамкориҳои Тоҷикистон бо Шӯрои олимпии Осиё ва Ассотсиатсияи кумитаҳои миллии олимпӣ ҷиҳати рушди варзиш ва ҳаракати олимпӣ дар кишвар баррасӣ шуд.

Дар доираи барномаҳои Ҳамбастагии олимпӣ 14 варзишгари тоҷик ҷиҳати омодагӣ барои дарёфти роҳхатҳои олимпӣ ба Олимпиадаи соли 2020 дар Токио ҳар моҳ ба маблағи аз 200 то 900 доллари амрикоӣ стипендия мегирад.

Зикр гардид, ки соли 2017 дар шаҳри Душанбе 75 майдончаи варзишӣ мавриди истифода қарор гирифт ва соли равон боз сохтмони беш аз 90 майдончаи варзишӣ дар пойтахти кишвар дар назар аст. Аз он ҷумла бо маблағгузории Шӯрои олимпии Осиё феълан дар маҳаллаи Шафақ майдончаи варзишӣ бунёд меёбад, ки рӯзҳои наздик ба истифода дода мешавад.

Ҳамчунин дар доираи барномаҳои Ҳамбастагии олимпӣ чордаҳ варзишгари тоҷик ҷиҳати омодагӣ барои дарёфти роҳхатҳои олимпӣ ба Олимпиадаи соли 2020 дар Токио ҳар моҳ ба маблағи аз 200 то 900 доллари амрикоӣ стипендия мегирад. Инчунин ҳар сол мураббиёну маъмурони соҳаи варзиш дар давраҳои бозомӯзӣ дараҷаи касбиашонро такмил медиҳанд.

Ҷонибҳо барои баргузории ҳамоиши минтақавии Шӯрои олимпии Осиё соли оянда дар Тоҷикистон ба мувофиқа расиданд.

Шайх Аҳмад, инчунин бо мақомоти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон мулоқот намуда, аз осорхонаи “Шарафи олимпӣ” дидан кард ва бо шароити кории кормандони кумита ва федератсияҳои варзишӣ ошно шуд.

Дарвоқеъ, шайх Аҳмад ал-Фаҳад ал-Сабоҳ се сол пеш, 15-уми июни соли 2015, ҳамроҳи президенти Кумитаи байналмилалии олимпӣ Томас Бах бо як сафари корӣ ба Душанбе омада буд. Меҳмононро президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, ки раиси Кумитаи миллии олимпӣ мебошад, ба ҳузур пазируфта буд.

Томас Бах ва шайх Аҳмад дар доираи сафари дурӯзаи худ ба Тоҷикистон, инчунин, ба қароргоҳи Кумитаи миллии олимпӣ ташриф оварда, бо кормандони соҳа, варзишгарону мураббиёни маъруф мулоқот анҷом доданд.

Шарҳи ҳол

Шайх Аҳмад ал-Фаҳд ал-Сабоҳ 12-уми августи соли 1963 дар шаҳри Бейрути Лубнон таваллуд шудааст. Донишгоҳи Кувайтро бо ихтисоси сиёсатшиносӣ ва Академияи ҳарбии Кувайтро хатм кардааст. Ба ғайр аз забони модариаш арабӣ, ба забони англисӣ озодона гап мезанад. Фаъолияти кориаш соли 2000-ум ба ҳайси раиси Раёсати ҷавонон ва варзиши Кувайт шурӯъ шудааст. Баъдан ӯ дар вазифаҳои вазири иттилоот, вазири энергетика, раиси Ташкилоти мамлакатҳои нафт хориҷкунандаи ОПЕК кор кардааст. Аз соли 2006 то 2009 раиси амнияти миллии Кувайт буд.

Ӯ аз моҳи сентябри соли 1991 то ҳоло раиси Шӯрои олимпии Осиё ва аз апрели соли 2012 президенти Ассотсиатсияи кумитаҳои миллии олимпӣ мебошад. 25-уми майи соли 2012 раиси комиссияи Ҳамбастагии олимпии Кумитаи байналмилалии олимпӣ таъин шудааст. Вай, инчунин президенти фахрии як қатор бошгоҳҳои Осиё мебошад. 30-юми апрели соли 2015 узви кумитаи иҷроияи ФИФА (Федератсияи байналмилалии футбол) интихоб шудааст.

XS
SM
MD
LG