Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Муҳсин Муҳаммадиев: "Ҳама чиз дар даври охирин ҳал мешавад"


Дастаи “Истиқлол”, қаҳрамони Тоҷикистон, дар марҳилаи гурӯҳии Ҷоми AFC (Конфедератсиони футболи Осиё)-2018 имрӯз, 1-уми май, бо тими «Аҳал», барандаи ҷоизаи нуқраи мусобиқаи қаҳрамонии Туркманистон, рақобат мекунад. Ин бозии даври панҷуми гурӯҳи “D” дар шаҳри Ишқобод соати 18.00 шуруъ мешавад.

Муҳсин Муҳаммадиев, сармураббии дастаи «Истиқлол», дар нишасти хабарӣ, ки 30-юми апрел дар Ишқобод пеш аз бозӣ муқобили тими мизбон - “Аҳал” – доир шуд, гуфт, ки одатан ба ҳар як бозӣ хеле ҷиддӣ омодагӣ мебинанд. Вай афзуд, дар назди мо дар Ҷоми АФК вазифаи ҷиддӣ гузошта шудааст. Аввалан - аз гурӯҳ баромадан. Мо рақибамонро хуб омӯхтаем ва медонем, ки муқобилаш чигуна бозӣ кунем. «Аҳал» дастаи хуб аст. Бозӣ шавқовар мешавад. Ҳамаи бозигарон, ба ҷуз ҳимоятгар Сиёвуш Асроров, ки ба иллати лат хӯрдан маҷбур аст дар ин бозӣ иштирок накунад, дар ҳолати омодабош қарор доранд. Ҳарчанд то хотимаи марҳилаи гурӯҳӣ ду давр мондааст, фикр мекунам, ки ҳама чиз дар даври охирин 16-уми май, вақте ки мо дар хона муқобили «Алтин Асир» бозӣ мекунем, ҳал мешавад.”

Ба ҳайати “Истиқлол” дар бозӣ муқобили «Олой» 17 бозигар шомил аст:

Дарвозабонҳо – Никола Стошич, Беҳрӯз Хайриев.

Ҳимоятгарон – Артём Барановский, Аҳтам Назаров, Табрези Давлатмир, Ромиш Ҷалилов, Давронҷон Эргашев, Алишер Шарипов.

Нимҳимоятгарон – Фатҳулло Фатҳуллоев, Эҳсони Панҷшанбе, Амирбек Ҷӯрабоев, Нозим Бобоҷонов, Муҳаммадҷон Раҳимов.

Ҳамлагарон – Дилшод Восиев, Николай Зенко, Комрон Турсунов, Шериддин Бобоев.

Сармураббӣ – Муҳсин Муҳаммадиев.

Дар ин нишасти хабарӣ Равшан Муродов, сармураббии тими «Аҳал», гуфт, ки мутаассифона, баъди бохт дар даври гузашта ба «Алтин Асир» онҳо шонси аз гурӯҳ баромаданро аз даст додаанд. Вай афзуд, “вале шумо фикр накунед,ки агар мо шонси аз гурӯҳ баромаданро аз даст дода бошем, мо дилсард шудаем ва таваҷҷуҳамонро ба мусобиқаи қаҳрамонии дохили кишвар равона месозем. Дар бозӣ муқобили “Истиқлол” мекӯшем, ки дарро сахт пӯшида, мухлисонамонро хушҳол намоем.”

Ёдовар мешавем, дастаи “Истиқлол” дар нахустин бозиаш дар марҳилаи гурӯҳии Ҷоми AFC - 2018 бар тими «Аҳал» бо ҳисоби 1:0 ғолиб омада буд. Ин бозӣ 7-уми март дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор барпо гардид. Голи ягона дар дақиқаи 25-уми дидор зада шуд. Баъди зарбаи ҳамлагар Николай Зенко, легионери “Истиқлол” аз Беларус, тӯб ба ҳимоятгари “Аҳал” бархӯрда, ба дарвозаи меҳмонон ворид шуд.

Дар бозии дигари даври панҷум дар гурӯҳи “D” рӯзи 2-юми май “Алтин Асир”-и Туркманистон дар майдони худ бо “Олой”-и Қирғизистон рақобат мекунад.

Баъди натиҷагирии чаҳор даври мусобиқа дар ҷадвали гурӯҳи “D” дастаи “Истиқлол” бо 10 имтиёз дар ҷойи аввал қарор дорад. “Алтин Асир” бо 8 имтиёз дар ҷойи дувум мебошад. “Аҳал” бо 4 имтиёз дар ҷойи севум аст. “Олой” бидуни имтиёз дар зинаи охирин – чаҳорум – ҷойгир шудааст.

Марҳилаи гурӯҳии Ҷоми AFC-2018 дар минтақаи Марказӣ 16-уми май ба поён мерасад. Ба даври баъдии мусобиқа танҳо ғолиби гурӯҳ роҳ меёбад. Пас аз анҷоми марҳилаи гурӯҳӣ бозиҳои ниманиҳоӣ ва ниҳоии байниминтақавӣ баргузор мешаванд. Бозии ниҳоии Ҷоми AFC-2018 рӯзи 27-уми октябри имсол барпо мегардад.

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали гурӯҳи “D”

Ҷ

ДАСТАҲО

Б

Ғ

М

Б

Т

И

1

«Истиқлол» (Тоҷикистон)

4

3

1

0

7-4

10

2

«Алтин Асир» (Туркманистон)

4

2

2

0

9-5

8

3

«Аҳал» (Туркманистон)

4

1

1

2

5-2

4

4

«Олой» (Қирғизистон)

4

0

0

4

5-15

0

Бозиҳои боқимонда:

Даври 5-ум

1 май (сешанбе)

«Аҳал» (Туркманистон) – «Истиқлол» (Тоҷикистон)

2 май (чоршанбе)

«Алтин Асир» (Туркманистон) – «Олой» (Қирғизистон)

Даври 6-ум

16 май (чоршанбе)

«Истиқлол» (Тоҷикистон) – «Алтин Асир» (Туркманистон)

«Олой» (Қирғизистон) – «Аҳал» (Туркманистон)

XS
SM
MD
LG