Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Медали биринҷии паҳлавони тоҷик дар Владивосток


Субҳон Юсуфов, паҳлавони тоҷик, дар мусобиқаи байналмилалии дараҷаи "А" оид ба самбо «Ёдбуди Юрий Потапов», ки рӯзҳои 28-29 апрел дар шаҳри Владивостоки Русия баргузор шуд, медали биринҷӣ ба даст овард.

Ӯ дар рақобатҳо дар вазни то 68 кило дар аввалин қувваозмоияш бар Никита Сологявов аз Русия пирӯз шуд. Вале дар даври дувум аз Евгений Сухомлинови русиягӣ мағлуб гашт. Cубҳон Юсуфов барои ба даст овардани медали биринҷӣ бар гуштигирони русиягӣ Никита Иванов, Максим Гаврилов ва қаҳрамони ҷаҳон дар соли 2017 Владимир Баликов дастболо шуд. Дар ин вазн Никита Клетскови русиягӣ, ки дар қувваозмоии ниҳоӣ бар ҳаватани худ Евгений Сухомлинов ғолиб омад, соҳиби медали тилло гардид.

Дар ин мусобиқаи байналмилалӣ Тоҷикистонро боз як гуштигир – Салмон Исмоилов – дар вазни то 57 кило намояндагӣ кард. Ӯ, кидар даври аввал озод буд, дар даври дувум аз паҳлавони русиягӣ Николай Мучин мағлуб шуд. Салмон барои гирифтани мақоми севум аз гуштигири қазоқ Амонбек Кулкаев шикаст хӯрд ва дар натиҷа мақоми 9-умро ишғол кард.

Дар ин бора ба Радиои Озодӣ Маҳмуд Абдуллоев, сардовари ин мусобиқаи байналмилалӣ, рӯзи 30-юми апрел хабар дод. Ӯ гуфт, ки ин мусобиқа сар аз соли 1998 барои бори 21-ум баргузор шуд.

“Дар мусобиқаи XXI байналмилалӣ барои гиромидошти хотираи Юрий Потапов, аввалин президенти Федератсияи самбо ва ҷудои Приморе ва ноиби президенти Федератсияи умумирусиягии самбо, беш аз 150 варзишгар (мардону занон) аз 15 кишвари Аврупову Осиё ширкат дошт. Мусобиқа ҳам миёни мардон ва ҳам миёни занон аз рӯи нӯҳ дараҷаи вазнҳо сурат гирифт. Дар сабқати мардон дар ҳамаи вазнҳо варзишгарони Русия ғолиб шуданд. Дар сабқати занон дар ҳашт вазн русиягиҳо ҷойҳои аввалро касб намуданд ва танҳо дар як вазн - зери 80 кило - Светлана Тимошенко аз Беларус пирӯз гардид”, - иброз дошт Маҳмуд Абдуллоев.

Ба қавли сардовар, ширкаткунандагони мусобиқаи мазкур мувофиқи ҷойҳои ишғолкардаашон соҳиби имтиёзҳо ҷиҳати дарёфти роҳхатҳо ба Бозиҳои II аврупоӣ гардиданд, ки соли оянда дар Мински Беларус баргузор мешаванд.

Бояд гуфт, ки аз ин пеш дар мусобиқаи байналмилалии дараҷаи «А» оид ба самбо «Ёдбуди Юрий Потапов» паҳлавонони тоҷик Акмалиддин Каримов дар вазни то 57 кило (соли 2014), Ардашер Исмоилов дар вазни то 52 кило (соли 2015) ва Муҳаммадризо Қурбонзода дар вазни зери 100 кило (соли 2017) медалҳои биринҷӣ ба даст оварда буданд.

Ёдовар мешавем, Федератсияи байналмилалии самбо (FIAS) узвияти Федератсияи самбои Тоҷикистонро пас аз пардохти қарзи сесолааш ба маблағи 900 доллари ИМА аз нав барқарор намуд. Ҳамакнун ба варзишгарони тоҷик иҷоза дода шуд, ки дар ҳамагуна мусобиқоти байналмилалӣ оид ба самбо иштирок намоянд.

Варзишгарони тоҷик ба ҷуз мусобиқоти мухталифи байналмилалӣ, имсол дар мусобиқаи қаҳрамонии Осиё, ки рӯзҳои 11-13-уми май дар пойтахти Муғулистон - Улан-Батор – барпо мегардад, иштирок мекунанд. Мусобиқаи аз ҳама муҳиму бузурги имсола – қаҳрамонии самбои ҷаҳон аст, ки рӯзҳои 9-11-уми ноябр дар пойтахти Руминия – Бухарест – барпо мегардад.

Бояд гуфт, ки самбо барои аввалин бор ба барномаи Бозиҳои осиёӣ дохил шудааст. Бо тасмими Федератсияи байналмилалии самбо ширкаткунандагони Бозиҳои XVIII тобистонаи осиёӣ дар мусобиқаи самбои варзишӣ, ки аз 31-уми август то 1-уми сентябр дар Ҷакартаи Индонезия баргузор мешавад, барои чаҳор маҷмуи медалҳо рақобат мекунанд. Сабқати занон дар ду вазн (48 ва 68 кг) ва сабқати мардон низ дар ду вазн (52 ва 90 кг) сурат мегирад.

XS
SM
MD
LG