Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Никол Пашинян расман ба мақоми сарвазири Арманистон пешбарӣ шуд


Раҳбари эътирозҳои Арманистон Никол Пашинян
Раҳбари эътирозҳои Арманистон Никол Пашинян

Номзадии раҳбари эътирозгарони Арманистон ва раиси ҷиноҳи порлумонии "Елк" Никол Пашинян расман ба мақоми сарвазирӣ пешниҳод шуд.

Қарор аст, Маҷлиси миллии Арманистон рӯзи 1 май дар як ҷаласаи вижа сарвазири нави ин кишварро интихоб кунад. Баъд аз ислоҳоти ахири конститутсионӣ сарвазири Арманистонро порлумон интихоб мекунад, ки назар ба президент дар умури идорӣ салоҳияти бештар дорад.

Дар Арманистон шахсе сарвазир мешавад, ки 53 вакили порлумон ба ҷонибдории ӯ раъй диҳанд. Ҳизби мухолифи "Елк" дар порлумони Арманистон танҳо 9 намоянда дошта, бештари курсиҳоро Ҳизби ҳокими ҷумҳурихоҳ ишғол кардаанд.

Рӯзи гузашта дар Ереван намоиши густардаи эътирозӣ баргузор шуд. Никол Пашинян қабл аз гирдиҳамоӣ бо раҳбари ҷиноҳи ҳизби ҳоким Ваграм Багдасарян мулоқот кард. Ҷумҳурихоҳони Арманистон баъди эътирозҳои сартосарӣ аз пешниҳоди номзади худ ба мақоми сарвазир худдорӣ карданд. Багдасарян гуфтааст, ки ҳизби ӯ ба интихоби "намояндаи мардумӣ" мухолифат нишон намедиҳад. Пашинян аз тарафдоронаш даъват кард, рӯзи 1 май соати 8-и саҳар, замоне, ки порлумон номзадии нахустивазирро баррасӣ мекунад, ба майдон бароянд.

Эътирозҳои Арманистон беш аз ду ҳафта идома доранд. Дар пайи эътирозҳо сарвазири тозаинтихоб Серж Саргсян, ки ҳашт рӯз баъди тамом шудани муҳлати президентиаш нахуствазир шуд, иҷборан истеъфо дод.

XS
SM
MD
LG