Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Тошканд музокироти президентҳои Туркия ва Узбекистон ҷараён дорад


акс аз вебсайти http://president.uz
акс аз вебсайти http://president.uz

Дар шаҳри Тошканд субҳи 30 апрел музокироти президентҳои Узбекистон ва Туркия – Шавкат Мирзиёев ва Раҷаб Таиб Эрдуғон шурӯъ шуд. Раҳбари Туркия шоми 29 апрел барои анҷоми як сафари давлатӣ вориди Тошканд шуд. Ин нахустин сафари Эрдуғон ба Тошканд баъди сари қудрат омадани Мирзиёев дар Узбекистон аст. Сомонаи президенти Узбекистон менависад, ки мулоқоти расмии ду президент дар қароргоҳи Кӯксарой баргузор шуда, қабл аз музокироти густардаи ҳайатҳо ду президент танҳо ба танҳо сӯҳбат карданд. Масоили марбут ба ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ, сармоягузорӣ ва фарҳангӣ дар меҳвари гуфтугӯҳо қарор доранд. Вазорати умури хориҷии Узбекистон баррасии масоили минтақавиро аз ҳадафҳои дигари нишаст номбар кард.

Дар ҷараёни сафаре, ки то 1 май идома мекунад, қарор аст Эрдуғон дар парлумони Узбекистон суханронӣ ва бо Мирзиёев дар форуми соҳибкорони ду кишвар иштирок кунад. Радиои Озодлик, бахши узбекии Радиои Озодӣ, дар остонаи ин сафар аз қавли соҳибкорони турк навишта буд, ки мақомоти Узбекистон барои тавсеаи муҳити сармоягузории кишвар монеаҳои сунъӣ эҷод мекунанд.

Шоми 29 апрел, дар остонаи парвоз ба Тошканд, Эрдуғон дар як нишасти мухтасари матбуотӣ изҳори умед кард, ки ду кишвар метавонанд имкониятҳои аздастдодаи ҳамкориро барқарор кунанд. Эрдуғон гуфтааст, ки қарор аст дар маросими ифтитоҳи марказҳои таҳқиқотии ба номи имом Ал-Бухорӣ ва имом Матуридӣ иштирок кунад. Рӯзи 1 май сафари ӯ ба Бухоро ҳам дар назар гирифта шудааст.

Эрдуғонро дар сафар ба Тошканд ҳамсараш ҳамроҳӣ мекунад.

XS
SM
MD
LG