Се бозии даври ҳафтуми мусобиқаи қаҳрамонии футболи Тоҷикистон миёни дастаҳои лигаи олӣ рӯзи якшанбе, 29-уми апрел, барпо гардид. Дастаҳои «Хуҷанд»-и Хуҷанд, «Кӯктош»-и Рӯдакӣ ва «Хатлон»-и Бохтар бар рақибонашон пирӯз шуданд.
«Хуҷанд» дар майдони худ «Панҷшер»-и Ҷалолиддини Балхиро бо ҳисоби бузурги 4:0 шикаст дод. Ду голи “Хуҷанд”-ро Ҷаҳонгир Эргашев ба самар расонд. Дилшод Бозоров ва Фарҳод Тоҳиров якголӣ заданд.
“Кӯктош” бар дастаи мизбон - «Барқчӣ»-и Ҳисор - бо ҳисоби 3:2 ғолиб омад. Се голи Нодирбек Иброҳимов, Абдурасул Раҳмонов ва Муҳаммадшарифи Саидхоҷа ба “Кӯктош” се имтиёз овард.Аввалин голи «Барқчӣ»-ро дар мусобиқаи имсола Саидмухтор Азимов зад. Голи дувумро Атҳамҷон Абдуллоев ба ҳадаф расонд. Зимнан, ин бохти панҷуми “Барқчӣ” ба шумор меравад.
Дар бозии дигар «Хатлон» дар шаҳри Турсунзода бар «Регар-ТадАЗ» бо ҳисоби 3:1 ғолиб омад. Ҳамлагари “Хатлон” Наврӯз Рустамов, беҳтарин нишонзани мусобиқа, дар дақиқаи 17-ум ҳисобро боз кард. Дар ибтидои нимаи дувум Доробҷон Эргашев, бозигари «Регар-ТадАЗ», ҳисобро баробар намуд. Дар дақиқаи 80-ум Далер Шомуродов, бозигари меҳмонон, аз пеналтӣ ҳисобро афзун кард. Голи севуми “Хатлон”-ро Кароматулло Саидов ба ҳадаф расонд.
Бояд гуфт, ки сардовари ин бозӣ Сайёдҷон Зайниддинов дар дақиқаи 51-ум ду бозигар - Акбар Бобомуродов («Регар-ТадАЗ») ва Наврӯз Рустамовро («Хатлон») - барои таҳқири рақиб аз майдон хориҷ намуд.
Боз як бозии даври ҳафтуми мусобиқаи қаҳрамонии Тоҷикистон миёни ду дастаи Душанбе - «Истиқлол» ва ССКА «Помир» - дар Рӯзи Ғалаба – 9-уми май – баргузор мешавад. Дар ҳамин ҳол дар ҷадвали мусобиқаи лигаи олӣ дастаҳои “Хуҷанд” ва “Истиқлол” бо 13-имтиёзӣ пешсафанд.
Мусобиқаи қаҳрамонии Тоҷикистон. Лигаи олӣ. Даври 7-ум
«Хуҷанд» – «Панҷшер» – 4:0
Голҳо: Дилшод Бозоров, 19 (1:0). Фарҳод Тоҳиров, 58 (2:0). Ҷаҳонгир Эргашев, 73 (3:0). Ҷаҳонгир Эргашев, 77 (4:0).
Беҳтарин бозигари ин дидор: Ҷаҳонгир Эргашев («Хуҷанд»).
Сардовар: Насрулло Кабиров (Норак).
29 апрел. Хуҷанд. Варзишгоҳи «20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон». 1300 тамошобин.
«Барқчӣ» – «Кӯктош» – 2:3
Голҳо: Нодирбек Иброҳимов, 25 (0:1). Саидмухтор Азимов, 38 (1:1). Абдурасул Раҳмонов, 43 (1:2). Атҳамҷон Абдуллоев, 50 (2:2). Муҳаммадшарифи Саидхоҷа, 73 (2:3).
Беҳтарин бозигари ин дидор: Идан Окран («Кӯктош»).
Сардовар: Гулмуроди Саъдулло (Душанбе).
29 апрел. Ҳисор. Варзишгоҳи марказӣ. 800 тамошобин.
«Регар-ТадАЗ» – «Хатлон» – 1:3
Голҳо: Наврӯз Рустамов, 17 (0:1). Доробҷон Эргашев, 46 (1:1). Далер Шомуродов, 80 – аз пеналтӣ (1:2). Кароматулло Саидов, 89 (1:3).
Беҳтарин бозигари ин дидор: Кароматулло Саидов («Хатлон»).
Аз майдон хориҷ шуданд: Акбар Бобомуродов («Регар-ТадАЗ»), 51 – барои таҳқири рақиб, Наврӯз Рустамов («Хатлон»), 51 – барои таҳқири рақиб.
Сардовар: Сайёдҷон Зайниддинов (Душанбе).
29 апрел. Турсунзода. Варзишгоҳи «ТАЛКО-Арена». 1100 тамошобин.
Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқа
Ҷ |
ДАСТАҲО |
Б |
Ғ |
М |
Б |
Т |
И |
1 |
«Хуҷанд» (Хуҷанд) |
6 |
4 |
1 |
1 |
12-6 |
13 |
2 |
«Истиқлол» (Душанбе) |
5 |
4 |
1 |
0 |
8-2 |
13 |
3 |
«Хатлон» (Бохтар) |
7 |
3 |
1 |
3 |
9-9 |
10 |
4 |
«Кӯктош» (Рӯдакӣ) |
6 |
2 |
3 |
1 |
7-7 |
9 |
5 |
ССКА «Помир» (Душанбе) |
6 |
2 |
3 |
1 |
7-8 |
9 |
6 |
«Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) |
7 |
2 |
2 |
3 |
10-9 |
8 |
7 |
«Панҷшер» (Ҷалолиддини Балхӣ) |
7 |
1 |
2 |
4 |
5-11 |
5 |
8 |
«Барқчӣ» (Ҳисор) |
6 |
0 |
1 |
5 |
2-8 |
1 |
Нишонзанҳо: Наврӯз Рустамов («Хатлон») – 5 тӯб, Шериддин Бобоев («Истиқлол»), Ҷаҳонгир Эргашев («Хуҷанд») – 3-тӯбӣ.
Тақвими бозиҳои рӯзҳои наздик:
Бозии даври 2-юм
6 май (якшанбе)
«Истиқлол» – «Барқчӣ»
Бозии даври 6-ум
6 май (якшанбе)
«Кӯктош» – «Хуҷанд»
Бозии даври 7-ум
9 май (чоршанбе)
«Истиқлол» – ССКА «Помир»
Даври 8-ум
12 май (шанбе)
Оғози бозиҳо– соати 17:00
«Кӯктош» – «Барқчӣ»
«Панҷшер» – «Хуҷанд»
13 май (якшанбе)
Оғози бозӣ – соати 17:00
«Хатлон» – «Регар-ТадАЗ»
Рости суханро гуфти. Мумкин хато кунам ба хуни помирихохам даст дорад
Бешакку шубҳа путин навкари шайтон аст. “Русизм” яке аз ғояҳои шайтонист. Ҷанг дар Украина кори дасти шайтон аст. Ва илло, кадом кишвар дар дунёро суроғ доред, ки таърихаш пур аз ҷанг бошад, қатлу куштору вайронкорӣ?! Россия қариб ҳар 5-сол як ҷанги нав дар самти навро оғоз мекунад, фақат дар замони баъдишӯравӣ қатли дастаҷамъии чеченҳо, тоҷикҳо, гурҷистониҳо, сурия, украина…
Первая слова дороже второго 😀😀😀👏👏👏
Тавба!.. Гуё , ки дар Точикистон дар ягон идора пора намегирифта бошанд!!!
Орден шарафро - маьлум, ки ба пора гирифтааст.