Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ду медали муштзанҳои тоҷик дар қаҳрамонии Осиё


Варзишгарони тоҷик дар мусобиқаи қаҳрамонии Осиё оид ба бокс миёни ҷавонон, ки рӯзҳои 21-27 апрел дар пойтахти Тайланд - шаҳри Бангкок – баргузор шуд як медали нуқра ва як медали биринҷӣ ба даст оварданд.

Дар ин мусобиқаи муштзанҳои ҷавони қораи Осиё 184 варзишгар аз 30 кишвар ширкат дошт. Рақобатҳо ҳам миёни писарон ва ҳам миёни духтарон аз рӯи 10 вазн доир шуд. Тоҷикистонро дар ин мусобиқа панҷ муштзан намояндагӣ кард. Ба ду нафари онҳо муяссар шуд, ки соҳиби медал шаванд.

Дар сабқати духтарон Идимоҳ Холова дар рақобатҳо дар вазни 64 килограмм ба финал баромад. Вале ӯ дар қувваозмоии ниҳоӣ аз рақибаш Манижа (Ҳиндустон) мағлуб гашт ва барои ҷои дувум бо медали нуқра мукофотонида шуд. Манижа бо медали тилло сарфароз гашт.

Дар сабқати писарон Муҳаммадалӣ Абдураҳмонов дар вазни 75 килограмм ҷои севумро гирифт ва бо медали биринҷӣ сарфароз гашт. Дар ин вазн Веропан Ҷонгҷоҳои тайландӣ, ки дар қувваозмоии ниҳоӣ бар Нурбек Оралбойи қазоқ пирӯз шуд, ба унвони қаҳрамонӣ даст ёфт ва соҳиби медали тилло гардид.

Дар ҳисоби умумидастаӣ мантахаби Қазоқистон ба касби 18 медал (10 тилло, 4 нуқра ва 4 биринҷӣ) мақоми аввалро азони худ кард. Дастаи мизбон – Тайланд – бо касби 11 медал (4 тилло, 3 нуқра ва 4 биринҷӣ) дувум шуд. Мунтахаби Ҳиндустон бо касби 11 медал (3 тилло, 4 нуқра ва 4 биринҷӣ) мақоми севумро соҳиб гашт.

Мунтахаби Узбекистон бо касби 8 медал (1 тилло, 4 нуқра ва 3 биринҷӣ) дар мақоми чаҳорум қарор гирифт.Дастаи мунтахаби Тоҷикистон бо касби 2 медал (1 нуқра ва 1 биринҷӣ) ҷои ҳаштумро ишғол кард.

Шарҳҳоро бинед (6)

Ин баҳс баста шудааст.

Назари хонандагон

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG