Дастаи мунтахаби наврасони футболи Тоҷикистон дар марҳилаи ниҳоии мусобиқаи қаҳрамонии Осиё-2018 миёни бозигарони то 16-сола нахустин бозиашро рӯзи 20-уми сентябр дар Варзишгоҳи миллии Куала-Лумпур бо ҳамсолони худ аз Малайзия анҷом медиҳад.
Бар асоси қуръакашӣ футболбозони навраси тоҷик дар гурӯҳи “А” бо тимҳои мунтахаби наврасони Малайзия, Ҷопон ва Тайланд рақобат мекунад. Мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар даври дувуми мусобиқа 23-юми сентябр бо тими Ҷопон вориди рақобат мешавад. Бозии даври севумро дар марҳилаи гурӯҳӣ дастаи Тоҷикистон 26-уми сентябр бо тими Тайланд баргузор мекунад.
Мусобиқаи қаҳрамонии Осиё-2018 миёни бозигарони то 16-сола аз 20-уми сентябр то 7-уми октябр дар Малайзия бо ширкати 16 даста барпо мегардад. Дар ҷараёни қуръакашӣ чаҳор гурӯҳ ташкил ёфт, ки ҳар як гурӯҳ аз чаҳор даста иборат аст. Аз рӯи натиҷагирии сабқати гурӯҳӣ аз ҳар гурӯҳ ду дастаи беҳтарин ба чорякфинал мебароянд ва минбаъд мусобиқа аз рӯи системи олимпӣ сурат мегирад, яъне дастаи мағлубшуда аз ҳаққи идомаи мубориза маҳрум мешавад.
Бояд гуфт, ки чаҳор дастаи беҳтарини мусобиқаи қаҳрамонии Осиё-2018 ба мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон-2019 (U-17), ки дар Перу доир хоҳад шуд, роҳхат мегирад.
Зимнан, дар тамоми таърихи худ мунтахаби наврасони Тоҷикистон барои бори севум аст, ки ба марҳилаи ниҳоии қаҳрамонии Осиё роҳ ёфтааст. Аз ин пеш футболбозони навраси тоҷик солҳои 2006 ва 2010 дар марҳилаи ниҳоии қаҳрамонии Осиё иштирок кардаанд. Мунтахаби наврасони Тоҷикистон соли 2006 дар қаҳрамонии Осиё дар Сингапур бо медалҳои биринҷӣ мукофотонида шуд ва соҳиби роҳхат ба қаҳрамонии ҷаҳон-2007 гардид.
Ёдовар мешавем, дастаи мунтахаби наврасони футболи Тоҷикистон (U-16) бо раҳбарии сармураббӣ Зайниддин Раҳимов дар доираи омодагӣ ба марҳилаи ниҳоии мусобиқаи қаҳрамонии футболи Осиё-2018 миёни бозигарони то 16-сола бо тими наврасони Умон (U-16) ду бозии дӯстона анҷом дод. Ҳарду бозӣ дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор доир шуд. Бозии аввал, ки 24-уми апрел барпо гардид, бо пирӯзии футболбозони навраси тоҷик бо ҳисоби 1:0 хотима ёфт. Голи ягонаро Рустам Соиров дар дақиқаи 74-ум ба самар расонд.
Бозии дувуми дӯстона миёни тимҳои мунтахаби наврасони Тоҷикистон ва Умон, ки 27-уми апрел сурат гирифт, бо ҳисоби 3:1 ба нафъи меҳмонон ба поён расид. Ҳисобро дар дақиқаи 38-ум мизбонон кушоданд. Тӯбро Рустам Соиров аз ҷаримаи 11-метрӣ ба ҳадаф расонд. Дар ибтидои нимаи дувуми дидор ҳимоятгари мунтахаби Тоҷикистон Шаҳром Назаров тӯбро ба дарвозаи дастааш зад. Дар замони боқимонда Ал-Набӣ Носир Абдулло Мусабаҳ ба дарвозаи мизбонон ду гол зада, ба мунтахаби Умон бо ҳисоби 3:1 пирӯзӣ овард.
Натоиҷи қуръакашии мусобиқоти қаҳрамонии Осиё-2018 миёни дастаҳои мунтахаби наврасон (U-16):
Гурӯҳи «А»: Малайзия, Ҷопон, Тайланд, Тоҷикистон.
Гурӯҳи «В»: Кореяи Шимолӣ, Умон, Яман, Урдун.
Гурӯҳи «С»: Эрон, Ветнам, Ҳиндустон, Индонезия.
Гурӯҳи «D»: Ироқ, Кореяи Ҷанубӣ, Австралия, Афғонистон.
Дар мавриди роҳ ёфтан ба чорякфинали қаҳрамонии Осиё-2018 мунтахаби наврасони Тоҷикистон бо яке аз дастаҳои гурӯҳи «В» (Кореяи Шимолӣ, Умон, Яман ва Урдун) бозӣ мекунад.
Тақвими бозиҳои гурӯҳи “А”
Даври 1-ум
20 сентябр (панҷшанбе)
16:30 – Малайзия – Тоҷикистон. Варзишгоҳи миллӣ
20:45 – Ҷопон – Тайланд. Варзишгоҳи «UM Arena»
Даври 2-юм
23 сентябр (якшанбе)
16:30 – Тайланд – Малайзия. Варзишгоҳи миллӣ
20:45 – Тоҷикистон – Ҷопон. Варзишгоҳи «UM Arena»
Даври 3-юм
26 сентябр (чоршанбе)
16:30 – Малайзия – Ҷопон. Варзишгоҳи миллӣ
16:30 – Тайланд – Тоҷикистон. Варзишгоҳи «UM Arena»
Чорякфинал
30 сентябр (якшанбе)
16:30 – 1 «А» – 2 «В». Варзишгоҳи миллӣ
20:45 – 1 «В» – 2 «А». Варзишгоҳи «Петалинг-Ҷая»
1 октябр (душанбе)
16:30 – 1 «С» – 2 «D». Варзишгоҳи «UM Arena»
20:45 – 1 «D» – 2 «С». Варзишгоҳи «Петалинг-Ҷая»
Нимфинал
4 октябр (панҷшанбе)
16:30 – Ғолиби 1 «А»/2 «В» – Ғолиби 1 «С»/2 «D». Варзишгоҳи миллӣ
20:45 – Ғолиби 1 «В»/2 «А» – Ғолиби 1 «D»/2 «С». Варзишгоҳи «Петалинг-Ҷая»
Финал
7 октябр (якшанбе)
20:45 – Варзишгоҳи миллӣ