Дастаи мунтахаби наврасони футболи Тоҷикистон бар асоси қуръакашии марҳилаи ниҳоии мусобиқаи қаҳрамонии Осиё-2018 миёни бозигарони то 16-сола, ки рӯзи 26-уми апрел дар қароргоҳи Конфедератсиони футболи Осиё (AFC), дар шаҳри Куала-Лумпур баргзор шуд, дар гурӯҳи “А” бо ҳамсолони худ аз Малайзия, Ҷопон ва Тайланд рақобат мекунад.
Мусобиқаи қаҳрамонии Осиё-2018 миёни бозигарони то 16-сола аз 20-уми сентябр то 7-уми октябр дар Малайзия бо ширкати 16 даста барпо мегардад. Рақибони дастаҳои мунтахаб дар гурӯҳҳо 26-уми апрел маълум шуданд. Дар ҷараёни қуръакашӣ чаҳор гурӯҳ ташкил ёфт, ки ҳар як гурӯҳ аз чаҳор даста иборат аст. Аз рӯи натиҷагирии сабқати гурӯҳӣ аз ҳар гурӯҳ ду дастаи беҳтарин ба чорякфинал мебароянд ва минбаъд мусобиқа аз рӯи системи олимпӣ сурат мегирад, яъне дастаи мағлубшуда аз ҳаққи идомаи мубориза маҳрум мешавад.
Бояд гуфт, ки чаҳор дастаи беҳтарини мусобиқаи қаҳрамонии Осиё-2018 ба мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон-2019 (U-17), ки дар Перу доир хоҳад шуд, роҳхат мегирад.
Зимнан, дар тамоми таърихи худ мунтахаби наврасони Тоҷикистон барои бори севум аст, ки ба марҳилаи ниҳоии қаҳрамонии Осиё роҳ меёбад. Аз ин пеш футболбозони навраси тоҷик солҳои 2006 ва 2010 дар марҳилаи ниҳоии қаҳрамонии Осиё иштирок кардаанд. Мунтахаби наврасони Тоҷикистон соли 2006 дар қаҳрамонии Осиё дар Сингапур бо медалҳои биринҷӣ мукофотонида шуд ва соҳиби роҳхат ба қаҳрамонии ҷаҳон-2007 гардид.
Ёдовар мешавем, дастаи мунтахаби наврасони футболи Тоҷикистон (U-16) бо раҳбарии сармураббӣ Зайниддин Раҳимов дар бозии дӯстона бар тими наврасони Умон (U-16) бо ҳисоби 1:0 ғолиб омад. Голи ягонаро Рустам Соиров дар дақиқаи 74-ум ба самар расонд. Ин бозӣ дар доираи омодагӣ ба марҳилаи ниҳоии мусобиқаи қаҳрамонии футболи Осиё-2018 миёни бозигарони то 16-сола 24-уми апрел дар Варзишгоҳи марказии Ҳисор баргузор шуд.
Ба иттилои дафтари матбуоти Федератсияи футболи Тоҷикистон, бозии дувуми дӯстона миёни тимҳои мунтахаби наврасони Тоҷикистон ва Умон имрӯз, 27-уми апрел, дар Варзишгоҳи марказии Ҳисор соати 18:00 шуруъ мешавад.
Натоиҷи қуръакашии мусобиқоти қаҳрамонии Осиё-2018 миёни дастаҳои мунтахаби наврасон (U-16):
Гурӯҳи «А»: Малайзия, Ҷопон, Тайланд, Тоҷикистон.
Гурӯҳи «В»: Кореяи Шимолӣ, Умон, Яман, Урдун.
Гурӯҳи «С»: Эрон, Ветнам, Ҳиндустон, Индонезия.
Гурӯҳи «D»: Ироқ, Кореяи Ҷанубӣ, Австралия, Афғонистон.