Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Оғози мавсими нави мототсиклронӣ дар Душанбе


Фарҳод Калонов, раиси бошгоҳи мототсиклронҳои Тоҷикистон.
Фарҳод Калонов, раиси бошгоҳи мототсиклронҳои Тоҷикистон.

Мавсими нави мототсиклронӣ дар Душанбе 27-уми апрел оғоз меёбад. Бо қарори раиси шаҳри Душанбе ба бошгоҳи мототсиклронҳои «Ирбис МСС Тоҷикистон» барои баргузор намудани чорабиниии кушодашавии мавсими мототсиклронӣ-2018 иҷозат дода шуд.

Дар ин бора ба Радиои Озодӣ аз Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи раиси шаҳри Душанбе хабар доданд. Ба иттилои ин манбаъ, чорабинии кушодашавии мавсими мототсиклронӣ-2018 дар шаҳри Душанбе рӯзи ҷумъаи 27-уми апрел аз соати 10 то соати 12 барпо мегардад. Макони ҷамъшавӣ ва бақайдгирии ширкаткунандагон Муассисаи давлатии “Наврӯзгоҳи пойтахт” интихоб шудааст.

Ҳаракати қатораи мототсиклронҳо бо роҳбаладии автомашинаҳои Бозрасии давлатии автомобилӣ аз хиёбони Ҳофизи Шерозӣ ба самти кӯчаи Карамов - хиёбони Рӯдакӣ - кӯчаҳои Бухоро, Турсунзода, Шоҳтемур, Дӯстии халқҳо то Боғи Ғалаба ба роҳ монда мешавад.

Шаҳрдорӣ сохторҳои марбутаро вазифадор кардааст, ки барои таъмини тартиботи ҷамъиятӣ, бехатарии ҳаракат дар роҳ, амнияти шаҳрвандон, хизматрасонии «Ёрии таъҷилии тиббӣ» зимни баргузории чорабинӣ тадбирҳои заруриро роҳандозӣ намоянд.

Ёдовар мешавем, байкерҳои тоҷик барои аввалин бор рӯзи чаҳоруми апрели соли 2015 дар Душанбе дар як ҷашни пуршукӯҳ бахшида ба рушди варзиши мототсиклронӣ аз худ дарак дода буданд. Фарҳод Калонов, раиси бошгоҳи мототсиклронҳои Тоҷикистон, дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки ҳадафи аслиашон рушди ин навъи варзиш дар Тоҷикистон аст.

“Мехоҳем мардуми бештар бо мототсикл ошно шаванд ва бубинанд, ки ин аслан ягон чизи хатарнок нест ва мототсиклронҳо ҳам авбош нестанд, балки варзишгаранд. Мо дар бисёр чорабиниҳои шаҳрӣ ширкат мекунем. Мо ҳамеша дар Душанбе дар кушоиши мавсими нави мотосиклронӣ иштирок мекунем ва ин чорабинӣ ба ҳукми анъана даромадааст. Инчунин мо дар мотокроссе, ки ҳамасола Ташкилоти мададгори мудофиаи Тоҷикистон ташкил менамояд, фаълона ширкат меварзем. ”- иброз дошт Фарҳод Калонов.

XS
SM
MD
LG