Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Голи Дилшод ба дарвозаи “Олой” ба “Истиқлол” пирӯзӣ овард


Дилшод Восиев

Дастаи “Истиқлол”-и Душанбе, қаҳрамони Тоҷикистон, дар бозии марҳилаи гурӯҳии Ҷоми AFC (Конфедератсиони футболи Осиё)-2018 бар тими «Олой»-и Ӯш, қаҳрамони Қирғизистон, бо ҳисоби 3:2 ғалаба кард. Ин бозии даври чоруми гурӯҳи “D” имрӯз, 25-уми апрел, дар варзишгоҳи ба номи Аҳматбек Суюмбоеви шаҳри Ӯш баргузор шуд.

Ин бозии пуршиддату шавқовар бо ҳисоби 3:2 ба нафъи “Истиқлол” хотима ёфт.

Дар ин бозӣ ҳисобро Фатҳулло Фатҳуллоев, нимҳимоятгари “Истиқлол”, дар дақиқаи 7-ум боз кард. Ӯ тӯбро аз ҷаримаи 11-метрӣ ё пеналтӣ ба ҳадаф расонд. Улуғбек Рисқулов, ҳамлагари “Олой”, дар дақиқаи 38-ум ҳисобро баробар намуд. Голи дувуми “Истиқлол”-ро ҳимоятгар Ромиш Ҷалилов дар дақиқаи 45-ум зад. Нимаи аввали дидор бо пирӯзии меҳмонон бо ҳисоби 2:1 ба поён расид.

Дар нимаи дувуми дидор ҳарду даста якголӣ заданд. Нимҳимоятгари мизбонон Алиа Силла дар дақиқаи 76-уми бозӣ аз пеналтӣ ҳисобро баробар кард - 2:2. Голи севум ва ҳалкунандаи “Истиқлол”-ро ҳамлагар Дилшод Восиев дар дақиқаи охирини бозӣ ба самар расонд. Ҳамин тариқ, ин бозии пуршиддату шавқовар бо ҳисоби 3:2 ба нафъи “Истиқлол” хотима ёфт.

Ҷоми AFC-2018. Гурӯҳи «D»

Даври 4-ум

«Олой» - «Истиқлол» - 2:3

Голҳо: Фатҳулло Фатҳуллоев, 7 аз пеналтӣ (0:1). Улуғбек Рисқулов, 38 (1:1). Ромиш Ҷалилов, 45+1 (1:2). Алия Силла, 78 аз пеналтӣ (2:2). Дилшод Восиев, 90+2 (2:3).

«Олой» (Ӯш, Қирғизистон): Абдуазиз Маҳкамов, Улуғбек Рисқулов, Илёс Олимов, Нурсултон Атамурзаев, Алдиарбек Қобилбеков (Абдурашид Саидраҳманов, 76), Одилҷон Абдураҳмонов, Алиа Силла, Акрамҷон Умаров, Шӯҳрат Раҳмонов, Коҷо Ҷоел, Шоҳмурод Мансуров.

«Истиқлол» (Душанбе, Тоҷикистон): Никола Стошич, Артём Барановский, Сиёвуш Асроров, Аҳтам Назаров, Ромиш Ҷалилов (Муҳаммадҷон Раҳимов, 70, Давронҷон Эргашев, Амирбек Ҷӯрабоев, Фатҳулло Фатҳуллоев, Эҳсони Панҷшанбе, Нозим Бобоҷонов (Комрон Турсунов, 84), Николай Зенко (Дилшод Восиев, 75).

Огоҳонида шуданд: Дилшод Восиев, 81 («Истиқлол»), Абдуазиз Маҳкамов, 90 (“Олой”).

Бозигари беҳтарини дидор: Ромиш Ҷалилов («Истиқлол»).

Сардовар: Юсуке Араки (Ҷопон).

Нозири бозӣ: Муҳаммад Ҳамад Ал-Совил (Арабистони Саудӣ).

Комиссари бозӣ: Талал Ал-Сувайлмин (Урдун).

25 апрел. Ӯш. Варзишгоҳи ба номи Аҳматбек Суюмбоев. 3800 тамошогар.

Дар бозии дигари гурӯҳи “D” ду бошгоҳи Туркманистон - “Алтин Асир” ва “Аҳал” – бо ҳам рақобат мекунанд. Ин бозӣ имрӯз, 25-уми апрел, соати 17:30 оғоз меёбад.

Ёдовар мешавем, “Истиқлол” дар бозии даври севуми марҳилаи гурӯҳии Ҷоми AFC-2018 рӯзи 11-уми апрел дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор бар тими «Олой» бо ҳисоби 1:0 пирӯз шуда буд. Тӯбро аз пеналтӣ Фатҳулло Фатҳуллоевдар дақиқаи 48-ум ба ҳадаф расонд.

Дар ҳамин ҳол дар ҷадвали гурӯҳи “D” дастаи “Истиқлол” бо 10 имтиёз дар ҷойи аввал қарор дорад. “Алтин Асир” бо 5 имтиёз дар ҷойи дувум мебошад. “Аҳал” бо 4 имтиёз дар ҷойи севум аст. “Олой” бидуни имтиёз дар зинаи охирин – чаҳорум – ҷойгир шудааст.

Марҳилаи гурӯҳии Ҷоми AFC-2018 дар минтақаи Марказӣ 16-уми май ба поён мерасад. Ба даври баъдии мусобиқа танҳо ғолиби гурӯҳ роҳ меёбад. Пас аз анҷоми марҳилаи гурӯҳӣ бозиҳои ниманиҳоӣ ва ниҳоии байниминтақавӣ баргузор мешаванд. Бозии ниҳоии Ҷоми AFC-2018 рӯзи 27-уми октябри имсол барпо мегардад.

Ҷоми AFC-2018

Гурӯҳи «D». Минтақаи Марказӣ

Даври 1-ум, 7-уми март (чоршанбе)

«ИСТИҚЛОЛ» (ТОҶИКИСТОН) – “Аҳал” (Туркманистон) – 1:0

«Олой» (Қирғизистон) – “Алтин Асир” (Туркманистон) -3:6

Даври 2-юм, 13-уми март (сешанбе)

“Аҳал” (Туркманистон) - «Олой» (Қирғизистон) – 5:0

14-уми март (чоршанбе)

“Алтин Асир” (Туркманистон) – «ИСТИҚЛОЛ» (ТОҶИКИСТОН) – 2:2

Даври 3-юм, 11-уми апрел (чоршанбе)

«ИСТИҚЛОЛ» (ТОҶИКИСТОН) – «Олой» (Қирғизистон) – 1:0

“Аҳал” (Туркманистон) – “Алтин Асир” (Туркманистон) – 0:0

Даври 4-ум, 25-уми апрел (чоршанбе)

«Олой» (Қирғизистон) – «ИСТИҚЛОЛ» (ТОҶИКИСТОН) – 2:3

“Алтин Асир” (Туркманистон) – “Аҳал” (Туркманистон)

Даври 5-ум, 2-юми май (чоршанбе)

“Аҳал” (Туркманистон) – «ИСТИҚЛОЛ» (ТОҶИКИСТОН)

“Алтин Асир” (Туркманистон) – «Олой» (Қирғизистон)

Даври 6-ум, 16-уми май (чоршанбе)

«ИСТИҚЛОЛ» (ТОҶИКИСТОН) – “Алтин Асир” (Туркманистон)

«Олой» (Қирғизистон) – “Аҳал” (Туркманистон)

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали гурӯҳи “D”

Ҷ

ДАСТАҲО

Б

Ғ

М

Б

Т

И

1

"Истиқлол" (Тоҷикистон)

4

3

1

0

7-4

10

2

"Алтин Асир" (Туркманистон)

3

1

2

0

8-5

5

3

"Аҳал" (Туркманистон)

3

1

1

1

5-1

4

4

"Олой" (Қирғизистон)

4

0

0

4

5-15

0

Шарҳҳоро бинед (3)

Ин баҳс баста шудааст.

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG