Дастаи “Истиқлол”-и Душанбе, қаҳрамони Тоҷикистон, дар марҳилаи гурӯҳии Ҷоми AFC (Конфедератсиони футболи Осиё)-2018 имрӯз, 25-уми апрел, бо тими «Олой»-и Ӯш, қаҳрамони Қирғизистон, рақобат мекунад. Ин бозии даври чоруми гурӯҳи “D” дар варзишгоҳи ба номи Аҳматбек Суюмбоеви шаҳри Ӯш соати 13.00 ба вақти Душанбе шуруъ мешавад.
Муҳсин Муҳаммадиев, сармураббии дастаи «Истиқлол», дар нишасти хабарӣ, ки 24-уми апрел дар Ӯш пеш аз бозӣ муқобили тими мизбон - “Олой” – доир шуд, гуфт, ки ба ин бозӣ хеле ҷиддӣ омодагӣ дидаанд. Вай афзуд, “ҳамаи бозигарон дар ҳолати омодабош қарор доранд. Ягона проблема ин аст, ки ман намедонам чаро бозӣ ин қадар барвақт сар мешавад, мумкин буд, бозӣ каме дертар оғоз ёбад. Ин аз ҳама замони номувофиқ барои футболбозон аст. Вале бовар дорам, моро бозии шавқовар интизор аст. Мо ба ин мусобиқа хеле ҷиддӣ менигарем. Мақсади мо аз гурӯҳ баромадан аст. Мо ба «Олой» эҳтироми зиёд дорем. Ин дастаи хуб аст.”
Ба ҳайати “Истиқлол” дар бозӣ муқобили «Олой» 18 бозигар шомил аст:
Дарвозабонҳо – Никола Стошич, Беҳрӯз Хайриев.
Ҳимоятгарон – Сиёвуш Асроров, Артём Барановский, Аҳтам Назаров, Табрези Давлатмир, Ромиш Ҷалилов, Давронҷон Эргашев, Алишер Шарипов.
Нимҳимоятгарон – Фатҳулло Фатҳуллоев, Эҳсони Панҷшанбе, Амирбек Ҷӯрабоев, Сергей Тихоновский, Нозим Бобоҷонов, Муҳаммадҷон Раҳимов.
Ҳамлагарон – Дилшод Восиев, Николай Зенко, Комрон Турсунов.
Ёдовар мешавем, “Истиқлол” дар бозии даври севуми марҳилаи гурӯҳии Ҷоми AFC -2018 бар тими «Олой» бо ҳисоби 1:0 пирӯз шудааст. Ин бозӣ 11-уми апрел дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор барпо гардида буд. Тӯбро аз пеналтӣ Фатҳулло Фатҳуллоев дар дақиқаи 48-ум ба ҳадаф расонд.
Дар бозии дигари гурӯҳи “D” 25-уми апрел ду бошгоҳи Туркманистон - “Алтин Асир” ва “Аҳал” – бо ҳам рақобат мекунанд. Ин бозӣ имрӯз соати 17:30 оғоз меёбад.
Ҳоло дар ҷадвали гурӯҳи “D” дастаи “Истиқлол” бо 7 имтиёз дар ҷойи аввал қарор дорад. “Алтин Асир” бо 5 имтиёз дар ҷойи дувум мебошад. “Аҳал” бо 4 имтиёз дар ҷойи севум аст. “Олой” бидуни имтиёз дар зинаи охирин – чаҳорум – ҷойгир шудааст.
Марҳилаи гурӯҳии Ҷоми AFC-2018 дар минтақаи Марказӣ 16-уми май ба поён мерасад. Ба даври баъдии мусобиқа танҳо ғолиби гурӯҳ роҳ меёбад. Пас аз анҷоми марҳилаи гурӯҳӣ бозиҳои ниманиҳоӣ ва ниҳоии байниминтақавӣ баргузор мешаванд. Бозии ниҳоии Ҷоми AFC-2018 рӯзи 27-уми октябри имсол барпо мегардад.
Ҷоми AFC-2018
Гурӯҳи «D». Минтақаи Марказӣ
Даври 1-ум, 7-уми март (чоршанбе)
«ИСТИҚЛОЛ» (ТОҶИКИСТОН) – “Аҳал” (Туркманистон) – 1:0
«Олой» (Қирғизистон) – “Алтин Асир” (Туркманистон) -3:6
Даври 2-юм, 13-уми март (сешанбе)
“Аҳал” (Туркманистон) - «Олой» (Қирғизистон) – 5:0
14-уми март (чоршанбе)
“Алтин Асир” (Туркманистон) – «ИСТИҚЛОЛ» (ТОҶИКИСТОН) – 2:2
Даври 3-юм, 11-уми апрел (чоршанбе)
«ИСТИҚЛОЛ» (ТОҶИКИСТОН) – «Олой» (Қирғизистон) – 1:0
“Аҳал” (Туркманистон) – “Алтин Асир” (Туркманистон) – 0:0
Даври 4-ум, 25-уми апрел (чоршанбе)
«Олой» (Қирғизистон) – «ИСТИҚЛОЛ» (ТОҶИКИСТОН)
“Алтин Асир” (Туркманистон) – “Аҳал” (Туркманистон)
Даври 5-ум, 2-юми май (чоршанбе)
“Аҳал” (Туркманистон) – «ИСТИҚЛОЛ» (ТОҶИКИСТОН)
“Алтин Асир” (Туркманистон) – «Олой» (Қирғизистон)
Даври 6-ум, 16-уми май (чоршанбе)
«ИСТИҚЛОЛ» (ТОҶИКИСТОН) – “Алтин Асир” (Туркманистон)
«Олой» (Қирғизистон) – “Аҳал” (Туркманистон)
Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали гурӯҳи “D”
Ҷ |
ДАСТАҲО |
Б |
Ғ |
М |
Б |
Т |
И |
1 |
«Истиқлол» (Тоҷикистон) |
3 |
2 |
1 |
0 |
4-2 |
7 |
2 |
«Алтин Асир» (Туркманистон) |
3 |
1 |
2 |
0 |
8-5 |
5 |
3 |
«Аҳал» (Туркманистон) |
3 |
1 |
1 |
1 |
5-1 |
4 |
4 |
«Олой» (Қирғизистон) |
3 |
0 |
0 |
3 |
3-12 |
0 |