Пайвандҳои дастрасӣ

Роҳи самбочиёни тоҷик ба мусобиқоти байналмилалӣ боз шуд


Давлатмурод Наҳтуллозода, раиси нави Федератсияи самбои Тоҷикистон.

Федератсияи байналмилалии самбо (FIAS) узвияти Федератсияи самбои Тоҷикистонро пас аз пардохти қарзи сесолааш ба маблағи 900 доллари ИМА аз нав барқарор намуд. Ҳамакнун ба варзишгарони тоҷик иҷоза дода шуд, ки дар ҳамагуна мусобиқоти байналмилалӣ оид ба самбо иштирок намоянд.

Дар ин бора ба Радиои Озодӣ рӯзи 24-уми апрел аз Федератсияи самбои Тоҷикистон хабар доданд. Ба иттилои ин манбаъ, Давлатмурод Наҳтуллозода, мудири кулли Корхонаи воҳиди давлатии “Ташкили фурӯши амволи давлатӣ”-и Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон, ки чанд рӯз пеш раиси нави Федератсияи самбои Тоҷикистон интихоб шуд, пеш аз ҳама, масъалаи пардохти қарзҳои ҳаққи узвиятро ҳал кардааст, то ин ки варзишгарони тоҷик тавонанд дар ҳамаи мусобиқоти муҳими имсола ширкат варзанд.

Самбо аз замони Шӯравӣ то имрӯз дар Тоҷикистон яке аз намудҳои маъмули варзиш ба шумор меравад. Варзишгарони тоҷик дар ин намуд ба дастовардҳои бузург муваффақ шудаанд.

Варзишгарони тоҷик ба ҷуз мусобиқоти мухталифи байналмилалӣ, имсол дар мусобиқаи қаҳрамонии Осиё, ки рӯзҳои 11-13-уми май дар пойтахти Муғулистон - Улан-Батор – барпо мегардад, иштирок мекунанд. Мусобиқаи аз ҳама муҳиму бузурги имсола – қаҳрамонии самбои ҷаҳон аст, ки рӯзҳои 9-11-уми ноябр дар пойтахти Руминия – Бухарест – барпо мегардад.

Бояд гуфт, ки самбо барои аввалин бор ба барномаи Бозиҳои осиёӣ дохил шудааст. Бо тасмими Федератсияи байналмилалии самбо ширкаткунандагони Бозиҳои XVIII тобистонаи осиёӣ дар мусобиқаи самбои варзишӣ, ки аз 31-уми август то 1-уми сентябр дар Ҷакартаи Индонезия баргузор мешавад, барои чаҳор маҷмуи медалҳо рақобат мекунанд. Сабқати занон дар ду вазн (48 ва 68 кг) ва сабқати мардон низ дар ду вазн (52 ва 90 кг) сурат мегирад.

– Ба барномаи Бозиҳои осиёӣ дохил шудани самбо маро хеле хушҳол кард. Бовар дорам, ки самбо дар ин Бозиҳои бузурги қитъавӣ мавқеи сазоворро касб мекунад”, - иброз дошт ба Радиои Озодӣ мураббии маъруф Исмат Абдуллоев, яке аз поягузорони самбо дар Тоҷикистон.

Зимнан, самбо аз замони Шӯравӣ то имрӯз дар Тоҷикистон яке аз намудҳои маъмули варзиш ба шумор меравад. Варзишгарони тоҷик дар ин намуд ба дастовардҳои бузург муваффақ шудаанд. Ду паҳлавони тоҷик – Саидмуъмин Раҳимов ва Беҳрӯзи Хоҷазода - ба унвони қаҳрамони ҷаҳон даст ёфтаанд.

Дарвоқеъ, ба Беҳрӯзи Хоҷазода пас аз 42 соли пирӯзии Саидмуъмин Раҳимов дар мусобиқоти қаҳрамонии самбои ҷаҳон дар вазни зери 100 килограмм дар Мински Беларус муяссар шуд, ки медали тиллоро ба даст орад. Ӯ моҳи ноябри соли гузашта дар мусобиқаи қаҳрамонии самбои ҷаҳон дар шаҳри Сочии Русия дар вазни зери 74 килограмм мақоми аввалро касб намуд.

Шарҳҳоро бинед (3)

Ин баҳс баста шудааст.

Назари хонандагон

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG