Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нокомии ду паҳлавони тоҷик дар Ҷоми Осиё дар Алматӣ


Ду варзишгари тоҷик – Ҷамолиддин Абдуллоев ва Сиёвуш Ғаффоров - дар Ҷоми Осиё оид ба ҷудо миёни ҷавонони солҳои таваллудашон 1998-1999 ба хотираи президенти фахрии Федератсияи ҷудои Қазоқистон Бекет Махмутов, ки дар шаҳри Алматӣ имрӯз, 21-уми апрел, оғоз ёфт, ноком шуданд.

Ба иттилои вебсайти Федератсиони байналмилалии ҷудо (IJF), дар ин мусобиқаи байналмилалӣ ҳудуди 200 варзишгар (писарону духтарон) аз панҷ кишвар – Кореяи Ҷанубӣ, Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон ва Узбекистон ширкат доранд.

Ғолибони мусобиқа дар се вазн (-55 кг, -60 кг ва -66 кг) байни писарон ва дар чор вазн (-44 кг, -48 кг, -52 кг ва -57 кг) миёни духтарон шоми шанбе, 21-уми апрел, маълум мешаванд.

Ғолибони мусобиқа дар панҷ вазн (-73 кг, -81 кг, -90 кг, -100кг ва +100 кг) байни писарон ва дар чор вазн (-63 кг, -70 кг, -78 кг ва+78 кг) миёни духтарон шоми якшанбе, 22-юми апрел, муайян хоҳанд шуд.

Тоҷикистонро дар Ҷоми Осиё оид ба ҷудо миёни ҷавонон дар Алматӣ ду варзишгар – Ҷамолиддин Абдуллоев ва Сиёвуш Ғаффоров намояндагӣ карданд. Ҳарду дар рӯзи аввали мусобиқа, ки имрӯз, 21-уми апрел, доир шуд, рақобат намуданд.

Ҷамолиддин Абдуллоев дар вазни зери 66 килограмм дар нахустин қувваозмоияш Ишхан Сардарянро аз Қазоқистон шикаст дод, вале дар даври дувум аз намояндаи дигари Қизоқистон Саят Сейткалиев мағлуб шуд.

Сиёвуш Ғаффоров бошад, дар вазни зери 60 килограмм,ки дар даври аввал озод буд, дар даври дувум қувваозмоиро ба рақибаш Ерхан Габбассов (Қазоқистон) бохт. Ҳамин тариқ, ҳарду паҳлавони ҷавони тоҷик аз идомаи мубориза барои медал маҳрум гаштанд.

Ёдовар мешавем, Ҷамолиддин Абдуллоев моҳи августи соли гузашта дар мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон оид ба ҷудо миёни наврасони то 18-сола, ки дар пойтахти Чили -- шаҳри Сантяго – баргузор шуда буд, медали биринҷӣ ба даст овардааст. Ӯ дар вазни зери 66 кило пас аз се пирӯзӣ бар рақибонаш аз Ҳонконг, Бразилия ва Молдова дар қувваозмоии чаҳорумаш аз Марк Ҳристов (Булғористон) мағлуб шуд. Ҷамолиддин дар мубориза барои медали биринҷӣ аввал бар Иван Кукита (Аргентина), сипас бар Байрам Кандемир (Туркия) дастболо гардид ва мақоми севумро соҳибӣ кард.

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG