Дар натиҷаи як садама дар ноҳияи Фархори вилояти Хатлон се нафар ҷон бохта, ду нафари дигар маҷруҳ шуданд. Ҳамаи онҳо савори як мошин ба тарафи Душанбе ҳаракат доштаанд.
Ҳодиса бегоҳи 20-уми апрел рух дод.
Манобеи Радиои Озодӣ гуфтанд, ки ронанда Амиршоҳ Ёров дар ҷои ҳодиса, Ҷамила Шарифова ва Низорамоҳ Мӯсоева пас аз интиқол ёфтан ба бемористон фавтидаанд. Мадина Акобирова ва Олимҷон Мамедов дар бемористон таҳти назорати пизишкон ҳастанд.
Дар бемористони ноҳияи Фархор гуфтанд, ки “Олим Мамедов аз сараш ҷароҳати сахт бардошта, дар ҳолати беҳушӣ қарор дорад. Аз Душанбе ва Кӯлоб мутахассис даъват кардем, бояд ҷарроҳӣ шавад. Пойи Мадина Акобирова шикастааст.”
Мақомоти умури дохилии ноҳияи Фархор гуфтанд, ки ҳодисаро таҳқиқ доранд. Онҳо дар бораи ин садама ҷузъиёти бештар надоданд. Аммо баъзе аз шоҳидон мегӯянд, гӯё ронандаи дигар ки боис ба ин садама шудааст, аз ҷои ҳодиса фирор кардааст.
Ҳар сол дар Тоҷикистон садҳо садамаи нақлиётӣ сабт мешавад, ки бар асари онҳо даҳҳо нафар ҷони худро аз даст медиҳанд. Мақомот мегӯянд, асосан суръати баланд ва нақзи қоидаҳои ҳаракат дар роҳҳо боис ба садамаҳо шудааст.