Мусобиқаи лигаи аввали футболи Тоҷикистон бо ширкати 14 даста шуруъ шуд. Бозиҳои даври аввал рӯзҳои 14-15-уми апрел баргузор шуданд.
Ба иттилои дафтари матбуоти Федератсияи футболи Тоҷикистон, имсол дар лигаи аввал дастаҳои «Истаравшан» (Истаравшан), «Локомотив-Помир» (Душанбе), «Зарбдор» (Исфара), «Саройкамар» (Панҷ), «Равшан» (Кӯлоб), «Дӯстӣ» (Ҷайҳун), «Зарафшон» (Панҷакент), «Ҳулбук» (Восеъ), «Парвоз» (Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд), «Шоҳин» (Муъминобод), «Сомон» (Данғара), «Эсхата» (Хуҷанд), «Душанбе-83» (Душанбе) ва «Ваҳдат» (Ваҳдат) ширкат доранд.
Мусобиқаи имсола аз ду давра иборат аст. Ҳар як даста 26 бозӣ анҷом медиҳад. Дастае, ки аз рӯи натиҷагирии мавсим ҷойи аввалро мегирад, соҳиби роҳхат ба лигаи олӣ дар мавсими соли 2019 мешавад. Дастае, ки ҷойи дувумро ишғол мекунад, бо тиме, ки дар мусобиқаи лигаи олӣ-2018 дар ҷойи пешазохирин қарор мегирад, барои ҳаққи ширкат дар мусобиқаи қаҳрамонии Тоҷикистон дар мавсими соли 2019 мубориза мебарад.
Ёдовар мешавем, мусобиқаи соли гузаштаи лигаи аввали футболи Тоҷикистон бо пирӯзии дастаи "Кӯктош" анҷом ёфта буд. Футболбозони ноҳияи Рӯдакӣ феълан дар мусобиқаи қаҳрамонии Тоҷикистон миёни дастаҳои лигаи олӣ ширкат доранд.
Дар ҳафт бозии даври аввали мусобиқои лигаи аввали футболи Тоҷикистон ҳамагӣ 18 тӯб зада шуд, ки ба ҳар як бозӣ 2,6 тӯб рост меояд. Дар чор бозӣ мизбонон, дар ду бозӣ меҳмонон пирӯзӣ ба даст оварданд. Як бозӣ бо ҳисоби мусовӣ хотима ёфт.
Мусобиқаи лигаи аввали футболи Тоҷикистон. Даври 1-ум
«Исфара» – «Эсхата» – 1:2
Голҳо: Абдумалик Шодиев, 11 (0:1). Иброҳим Раҳматов, 45 (0:2). Оқилҷон Қаюмзода, 77 (1:2).
Садовар: Мурод Қурбонов (Хуҷанд).
14 апрел. Исфара. Варзишгоҳи марказӣ. 1200 тамошобин.
«Равшан» – «Шоҳин» – 3:1
Голҳо: Саидалӣ Сафаралӣ, 26 (1:0). Далер Чолов, 38 – аз пеналтӣ (2:0). Далер Чолов, 45 (3:0). Муродалии Алиҷон, 67 (3:1).
Сардовар: Некрӯз Умаров (Бохтар).
14 апрел. Кӯлоб. Варзишгоҳи марказӣ. 600 тамошобин.
«Истаравшан» – «Ваҳдат» – 2:0
Голҳо: Илҳом Баротов, 21 (1:0). Муҳаммадалӣ Азизбоев, 83 – аз пеналтӣ (2:0).
Сардовар: Хуршед Дадобоев (Хуҷанд).
15 апрел. Истаравшан. Варзишгоҳи марказӣ. 3000 тамошобин.
«Локомотив-Помир» – «Душанбе-83» – 2:2
Голҳо: Рустам Соиров, 9 (1:0). Рустам Соиров, 14 (2:0). Агие Канкам, 33 (2:1). Идрис Амину, 48 (2:2).
Сардовар: Абдулло Давлатов (Шаҳринав).
15 апрел. Душанбе. Варзишгоҳи «Авиатор». 100 тамошобин.
«Саройкамар» – «Сомон» – 3:0
Голҳо: Соҳибҷон Ваҳҳобов, 28 (1:0). Соҳибҷон Ваҳҳобов, 50 (2:0). Соҳибҷон Ваҳҳобов, 57 (3:0).
Сардовар: Сайвалӣ Турдиев (Вахш).
15 апрел. Панҷ. Варзишгоҳи марказӣ. 4500 тамошобин.
«Дӯстӣ» – «Парвоз» – 0:1
Гол: Рустам Домлоҷонов, 10.
Сардовар: Абдурашид Муродов (Турсунзода).
15 апрел. Ҷайхун. Варзишгоҳи марказӣ. 3000 тамошобин.
«Ҳулбук» – «Зарафшон» – 1:0
Гол: Маъруф Исломов, 14.
Сардовар: Гулмуроди Саъдулло (Душанбе).
15 апрел. Восеъ. Варзишгоҳи марказӣ. 1000 тамошобин.
Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқа
Ҷ |
ДАСТАҲО |
Б |
Ғ |
М |
Б |
Т |
И |
1 |
«Саройкамар» (Панҷ) |
1 |
1 |
0 |
0 |
3-0 |
3 |
2 |
«Равшан» (Кӯлоб) |
1 |
1 |
0 |
0 |
3-1 |
3 |
3 |
«Истаравшан» (Истаравшан) |
1 |
1 |
0 |
0 |
2-0 |
3 |
4 |
«Эсхата» (Хуҷанд) |
1 |
1 |
0 |
0 |
2-1 |
3 |
5 |
«Парвоз» (Фурудгоҳи Хуҷанд) |
1 |
1 |
0 |
0 |
1-0 |
3 |
6 |
«Ҳулбук» (Восеъ) |
1 |
1 |
0 |
0 |
1-0 |
3 |
7 |
«Душанбе-83» (Душанбе) |
1 |
0 |
1 |
0 |
2-2 |
1 |
8 |
«Локомотив-Помир» (Душанбе) |
1 |
0 |
1 |
0 |
2-2 |
1 |
9 |
«Исфара» (Исфара) |
1 |
0 |
0 |
1 |
1-2 |
0 |
10 |
«Шоҳин» (Муъминобод) |
1 |
0 |
0 |
1 |
1-3 |
0 |
11 |
«Дӯстӣ» (Ҷайҳун) |
1 |
0 |
0 |
1 |
0-1 |
0 |
12 |
«Зарафшон» (Панҷакент) |
1 |
0 |
0 |
1 |
0-1 |
0 |
13 |
«Ваҳдат» (Ваҳдат) |
1 |
0 |
0 |
1 |
0-2 |
0 |
14 |
«Сомон» (Данғара) |
1 |
0 |
0 |
1 |
0-3 |
0 |
Нишонзанҳо: Соҳибҷон Ваҳҳобов («Саройкамар») – 3 тӯб, Далер Чолов («Равшан»), Рустам Соиров («Локомотив-Помир») – 2-тӯбӣ.
Даври 2-юм
20 апрел (ҷумъа)
«Истаравшан» – «Локомотив-Помир»
21 апрел (шанбе)
«Ваҳдат» – «Ҳулбук»
«Шоҳин» – «Дӯстӣ»
«Сомон» – «Равшан»
«Эсхата» – «Саройкамар»
«Душанбе-83» – «Исфара»
22 апрел (якшанбе)
«Парвоз» — «Зарафшон»
Оғози бозиҳо – соати 16:00