Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

ВАО: Аз донишҷӯёни Русия дар хориҷ даъват шуд, ки баргарданд


Акси тасвирии имтиҳони донишҷӯӣ
Акси тасвирии имтиҳони донишҷӯӣ

Оҷонси федеролӣ дар умури Давлатҳои муштаракулманофеъ тарҳеро барои бозгардондани ҳамватанони бурунмарзӣ ва ё онҳое, ки аз рӯи барномаи "Россотрудничество" таҳсил мекунанд, рӯи даст гирифт. Ин тарҳ шароити таҳсилро барои донишҷӯёне омода мекунад, ки дар Британия ва давлатҳои дигари хориҷӣ мехонанд. Дар ин бора нашрияи "Коммерсантъ" рӯзи 17-уми апрел бо такя ба манбаъҳояш хабар дод.

Таҳиягарони тарҳи "Вақти бозгашт фаро расид!" бовар доранд, ки бахши умдаи муҳассилини рус дар хориҷи кишвар бо сабабҳои сиёсӣ мехоҳанд ба ватан баргарданд. Муаллифони тарҳ мегӯянд, ҳадаф ҳимояи шаҳрвандони ҷавони Русия аз тавтеаҳои эҳтимолӣ аст.

Ба онҳое, ки хоҳиши баргаштан доранд, имкони таҳсил дар Донишгоҳи давлатии Маскав ва имкони кор, барои намуна дар Шарқи дур, пешниҳод мешавад.

Бино ба маълумоти Вазорати маорифи Русия, теъдоди донишҷӯён дар макотиби хориҷи кишвар то соли то соли 2017 ба 60 ҳазор нафар мерасид.

Аммо донишҷӯён ва коршиносони Русия дар хориҷи кишвар дар посух ба суоли "Коммерсантъ" гуфтанд, ки ҳеҷ гуна фишор эҳсос намекунанд. Сафорати Британия дар Русия гуфтааст, ки чун пештара аз таҳсил ва саёҳати шаҳрвандони Русия дар хоки кишвараш истиқбол мекунад.

"Гузашта аз ин, муҳассилини рус баъди таҳсил дар Британия бояд ба ватанашон баргарданд, зеро қонунҳои Британия барои будубош ва корёбии хатмкунандаҳо камтарин шансро прешниҳод мекунад", - мегӯяд Наталя Мосунова - раҳбари тарҳи Anglia Pro, докторанти Донишгоҳи Британия.

XS
SM
MD
LG