Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Ҳафтгонаи бузург" аз ҳамлаи ҳавоӣ ба Сурия пуштибонӣ кард


Раҳбарони ҳафтгонаи бузург
Раҳбарони ҳафтгонаи бузург

Раҳбарони "Ҳафтгонаи бузург" дар як изҳороти муштарак истифодаи силоҳи кимиёвӣ дар шаҳри Думоро маҳкум ва аз ҳамлаҳои ҳавоии Амрико ва шариконаш ба Сурия пуштибонӣ карданд.

Дар санаде, ки рӯзи 16-уми апрел дар саҳифаи нахуствазири Канада Ҷастин Трюдо нашр шуд, омадааст, ки истифодаи силоҳи кимиёвӣ нақзи Эъломия дар бораи силоҳи кимиёвӣ буда, ба амнияти байналмилалӣ таҳдид мекунад.

"Ҳафтгонаи бузург" ҳамлаи мушакиро "маҳдуд, баробарвазн ва муҳим" унвон кард, зеро ин зарбаҳо "танҳо баъди истифодаи ҳамаи роҳҳои дипломатӣ" анҷом шуданд.

Дар ин санад ҳамзамон зикр шудааст, ки кишварҳои "Ҳафтгонаи бузург" чун пештар ҷонибдори ҳалли дипломатии низои Сурия ҳастанд.

XS
SM
MD
LG