Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мардҳои то 30-солаи Туркманистон аз сафар ба хориҷ маҳрум шуданд


Гузаргоҳи марзӣ дар фурудгоҳи Туркманистон
Гузаргоҳи марзӣ дар фурудгоҳи Туркманистон

Дар Туркманистон мардҳои то 30-сола аз сафар ба хориҷи кишвар маҳрум шуданд. Дар ин бора як манбаъ бо такя ба Хадамоти муҳоҷирати вилояти Дашоғуси ин кишвар иттилоъ дод.

Ба иттилои манбаъ, ин тасмим ба хотири таъмини амнияти сокинон рӯи даст гирифта шудааст.

"Як дӯсти 27-солаи маро, ки нияти ба хориҷ рафтанро дошт, ба хадамоти муҳоҷирати минтақавӣ даъват карда, билеташро аз дасташ гирифтанд. Ба ӯ гуфтанд, ки бар асоси фармони нав, мардони то 30-сола ба хориҷ аз кишвар рафта наметавонанд", - гуфт манбаъ аз вилояти Дашоғус.

Ба гуфтаи ӯ, ба чанд ҷавон харҷи билетҳояшонро баргардонидаанд.

Давоми чанд моҳи охир ҳолатҳои монеъ шудан аз сафари сокинон ба хориҷи кишвар дар Туркманистон борҳо ба мушоҳида расидааст. Ба шаҳрвандони ин кишвар ба хусус сафар кардан ба Туркия манъ мешавад. Ҳамчунин мақомоти Туркманистон давоми моҳҳои охир талош кардаанд, ки мардикорон ва донишҷӯёни туркманро аз хориҷа баргардонад.

XS
SM
MD
LG