Варзишгарони тоҷик дар Ҷоми бози Осиё оид ба гуштии ҷудо миёни наврасон, ки рӯзҳои 12-13-уми апрел дар шаҳри Тошканд баргузор шуд, се медал (1 тилло, 1 нуқра ва 1 биринҷӣ) ба даст оварданд.
Ба иттилои маркази матбуоти Кумитаи миллии олимпии Узбекистон, ин мусобиқаи анъанавӣ, ки сар аз соли 1993 ба хотираи устоди варзиш Учқун Муродов доир мешавад, ба тақвими Федератсиони байналмилалии ҷудо (IJF) дохил аст.
Дар мусобиқаи имсола миёни наврасон беш аз 250 варзишгар аз 10 кишвар ширкат дошт. Дар ҷараёни мусобиқа варзишгарони наврас, инчунин барои дарёфти имтиёзҳо ба Бозиҳои III олимпии наврасон, ки имсол дар Аргентина баргузор мешавад, мубориза бурданд.
Тоҷикистонро дар сабқати наврасон 41 варзишгар намояндагӣ кард. Сулаймони Ҷамшед, ки дар рақобатҳо дар вазни то 60 килограмм дар қувваозмоии ниҳоӣ Фурқат Норқобилови узбекистониро шикаст дод, бо медали тилло сарфароз гашт.
Ғаниҷон Ғаниев, ки дар вазни то 73 килограмм ҷойи дувумро гирифт, соҳиби медали нуқра гардид. Ба Фарорун Мирзошоев барои ҷойи севум дар вазни то 55 килограмм медали биринҷӣ супурда шуд.
Варзишгарони тоҷик, инчунин дар Ҷоми бози Осиё оид ба ҷудо миёни ҷавонон, ки рӯзҳои 14-15-уми апрел дар шаҳри Тошканд баргузор шуд, ширкат карданд. Ба ҳайати дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон 37 варзишгар дохил буд. Дар бораи натиҷаҳои ба даст овардаи паҳлавонони ҷавони тоҷик дар ин мусобиқаи байналмилалӣ маълумоти муфассал дода мешавад.